Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

НАВРЎЗИ ТОҶИКОНИ ВОДИИ ФАРҒОНА

НАВРЎЗИ ТОҶИКОНИ ВОДИИ ФАРҒОНА Водии Фарғона бахше аз вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Фарғонаи Ўзбекистонро дар бар мегирад. Наврўзи ин минтақаҳо ба ҳамдигар хеле наздик буда, дар айни замон баъзе вижагиҳои худро низ дорад. Пас аз ҷаҳонӣ шудан, Наврўз дар ҳамаи ноҳияҳои водии Фарғона ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар аксари навоҳии водии Фарғона тоҷикон ва ўзбекҳо дар омезиш ҳаёт ба сар мебаранд. Аз ин рў, онҳо Наврўзро бо ҳам ҷашн мегиранд.
Аммо дар водӣ ноҳияе ҳаст ба номи Сўх, ки он дар иҳотаи кўҳҳо қарор дошта, мардумаш оинҳои бостонии наврўзро то ба имрўз дар худ нигоҳ доштаанд. Сокинони ин ноҳия тоҷикон мебошанд. Тоҷикони водии ФарҒона ва ноҳияи Сўх Наврўзро «сари сол» низ мегўянд. Дар тамоми водӣ мардум бо сарварии раиси маҳалла, ё гузар ба тариқи ҳашар, пеш аз ҳама ба тоза намудани ҷўйборҳо, сойҳо, ва ҷойҳои ҷамъиятӣ машғўл мегарданд. Мардҳо пеш аз Наврўз ҳатман мазору масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба тартиб медароранд. Вақте ки мардҳо бо ҳашар машҒул мешаванд, занҳо барои онҳо бо нияти нек аз ҷувории махсуси таҳҷоӣ «кўчаош» (оши кўча) мепазанд. Дар Сўх ин навъи хўрокро «кашки ҷуворӣ» низ мегўянд.
Дар давоми 2-3 ҳафтаи пеш аз Наврўз дар лаби ҷўи бастаи чашма як гўсфанд ва ё «навбаст» (барзагов, гўсолаи фарбеҳ) мекуштанд, то хуни он ба об омезиш ёбад. Баробари ба об омезиш ёфтани хун пеши ҷўйи чашмаро мекушоданд. Оини пеш аз Наврўз қурбонӣ намудан дар сари чашма хеле қадимӣ буда, дар бораи он таърихнигорон ва бостоншиносон ишоратҳо доранд. Ба гуфти мардумшинос Ў.Сўфиев имрўзҳо оини поксозии чашма дар водии ФарҒона аз байн рафта бошад ҳам ҳашарчиён дар ин рўз бо худ масолеҳи оши паловро оварда, палов мепазанд.
Пеш аз Наврўз духтарон ва занони водии Фарғона ба оини «хонатакконӣ» машғул мешаванд. Тамоми чизҳои дар хона бударо ба берун мебароранд. Ба хусус пеш аз даромади соли нав, яъне Наврўз ба оташдон таваҷҷуҳ менамоянд. Ба он ҳамчун чизи муқаддас назар меандозанд. Дар байни мардум низ бовару эътиқодоте мавҷуд аст, ки оташдон бояд тозаву озода бошад, чунки дар он ҳамеша оташ гирон аст. Баъди ин корҳо дар як рўзи муайян занҳои калонсол барои дур рондани намодҳои бадӣ ва хуш парируфтани соли наву Наврўз ҳазориспанд дуд карда, ба чор гўшаи хона ва гирду гўшаи ҳавлӣ мегардонанд. Дар Сўх ва баъзе ҷойҳои дигари водии ФарҒона ҳазориспандро «иссириқ» мегўянд, ки калимаи ўзбекӣ аст.
Дар нимаи аввали садаи бист дар водии Фарғона пеш аз Наврўз, оини багузор намудани чоршанбесурӣ вуҷуд дошт. Дар деҳаҳои Тул, Қалъча, Ғазнов истилоҳи чоршабесуриро ба кор мебурданд, ки тарзи барпо намудани ин оин имрўзҳо низ дар ёди калонсолон боқӣ мондааст.
Пас аз корҳои поксозию тамизкорӣ дар чоршанбеи охири сол, пеш аз Наврўз ҳама, хурду калон шустушў мекунанд. Писарон, мардон мўй метарошанд. Занон мўйи дўшизагон ва духтаронро майдабофӣ мекунанд. Майдабофиро то чил адад мерасонанд. Дар ноҳияи Сўх нишонаи аз болои оташ паридан, то чанд сол пеш ба назар мерасид. Баъд кафи дасти худро ба оташ гарм карда ба рўи худ кашида мегўянд: «Ба рўи муборакат гардам, зардиямро гиру сурхиятро бите!»
Дар водии Фарғона то ҳол одате аст, ки пеш аз вуруди Наврўз агар касе қарздор бошад, ҳатман қарзашро медиҳад. Ин як боварӣ ва фоли нек аст, то ки дар соли нави оянда ба мушкилоти молӣ дучор нашавад. Баробари ин амал ҷавонон, мардон ва пирони деҳа пеш аз ҳама ба хонаи он шахсоне, ки дар тўли соли равон наздикони худро аз даст додаанд рафта, ба рўҳи гузаштагон дуо мехонанд ва бозмондаҳоро ба сабри таҳаммул даъват мекунанд ва барои рўзгори ояндаи онон хушиҳо таманно менамоянд. Мардум ба мисли ҳамаи идҳо дари ҳавлиҳоро кушода мегузоранд, то касе аз ҳамсояҳо ва хешовандон озодона дароянд. Дар дастархони идонаи наврўзӣ ҳафт навъ мева, суманак, тухми мурғи рангшуда, ҳалвою шириниҳо, самбўсаҳои гуногун ва ҳар он чизе ки барои хўрданӣ дар он хонавода беҳтарин аст, мегузоранд. Мардуми ин диёр суманакро ба дастархон ҳатман ба зарфи сафед мегузоранд. Бонуи хонавода ба он шахсе, ки ба хонаи ў суманак овардааст, ҳадяе медиҳад.
Ҷолиб он аст, ки мардум дар тамошоҷой ба мисли корвони наврўзӣ дар даст «чаманҳо» меомаданд. «Чаман» аз гулдастаҳои ба шохаи калони сабзи дарахте басташуда иборат буд. Онро бо гулҳои навшукуфтаи баҳорӣ, пораҳои матоҳои ранга ва ҳамчунин гулҳои коғазӣ оро медоданд. Ҳар маҳал «чаман»-и худро дошт. Баландии «чаман» якуним метр ва андаке аз он баланд ё паст буд. Онро ба ҳавсала ва маҳорат чунон оро медоданд, ки хеле зебо ба назар мерасид. Ин расми мардуми Сўх, ки дар рўзҳои Наврўз амалӣ мешуд ба ҷашни лолаи минтақаҳои дигари водии Фарғона ба монанди Хуҷанду Исфара буд.
Барои ҳар ҳунари мардумӣ, дукондорону фурўшандагон ҷойе ҷудо мегардид. Дар он ҷо фурўшандаҳои гуногун ба мисди баққолон, баззозон, нонфурўшон, ҳалвогарон, чойхоначиҳо, ширинифурўшон, атторон ва ҳунармандон чизҳои худро ба фурўш мебароварданд. Ҳунармандону пешоварон дар ин рўз чизи фурўшии худро бо маҳорат таҳия менамуданд, то харидаш бештар гардад. Дар гузашта сайри наврўзӣ дар Сўх се шабонарўз идома меёфт, ки ҳатто мардум нисбати он истилоҳи «шаббозор»-ро ба кор мебурданд. Дар шабҳои наврўзӣ шабҳо низ чароҒҳо ва гулханҳо фурўзон буд.
Ба арўсшавандаҳо, наварўсон ва домдоҳо идӣ медиҳанд. Ҳар хонавода мувофиқи салиқаи худ чизҳои ороишӣ, атриёт, ширинӣ, хўрокворӣ, самбўса, палов ва монанди инро ба навхонадорон ё духтарони мавриди назарашон мебарад. Ҷолиб аст, ки хешовандони арўс барояш идӣ оварда, ба як киссаш тухми мурҒ ба умеди он ки соҳиби фарзанд шавад; ба кисаи дигараш оина мегузоранд, ба умеди он ки рўзгораш ҳамеша мисли оина шаффофу беҒубор бошад. Дар рўзҳои Наврўз арўс бо дугонаҳояш дар боҒҳо шодмонӣ мекунад. Ҳамаи духтарон худро чунон оро медиҳанд, ки либос ва чеҳраи онҳо ба мисли гулҳои баҳорӣ намоён аст. Ба хусус аз навдаи дарахти маҷнунбед ва баъзе дарахтҳои муносиб бофтани мўй ва таҳия намудани тоқии чамбаракҳо дар Сўх то ба имрўз маъмул аст. Мувофиқи боварҳои мардумӣ навдаи сабзи бед рамзи шодию нишот ва ҳамешасабз будан аст.
Духтарони хурду бузург дар боҒҳо дар шохи дарахтон аз ресмон «бодравак» (алвонҷак) таҳия намуда, ба он мепаранд. Ҷавонон аз дур онҳоро мушоҳида менамоянд ва баъзеҳо духтареро аз байни онҳо интихоб менамоянд. Тавре ки нақл мекунанд дар гузаштаҳо чунин буд, ки ҷавонон ба воситаи писарак ва духтараки хурдсол ба духтари мавриди назарашон ҳадяи идона равон мекарданд. Ё ҳангоми дар вақти ба «бодравак» паридан ба сари онҳо ширинӣ ё танга пошида, ғайб мезаданд.
Дар тамошоҷой намоиши ҳунарҳои мардумӣ рақсу суруду бозӣ ба мисли масхарабозӣ, аспакбозӣ, лаклакбозӣ (дар болои ду чўби 2-3 метра, бо санги қайроқ рақс намудан), аскиягўӣ, латифагўӣ пешкаши мардум мешуд. Хурдсолон ин навъ бозиҳоро дида суруди зеринро месароиданд:
Ду лайлаки қайроқбоз,
Мехонад ба як овоз.
Соли нават муборак!
Соли нават муборак!
Бо сароидани ин тарона, писаракону духтаракон гирдогирди раққоси лаклакбоз мечархиданду медавиданд. Дар лаҳзаҳои ҷашни наврўзӣ, ҳар кас ҳунари худро нишон медод, то мардумро шод намояд. Дар гузаштаҳо, ҳатто лўлиҳое, ки аз баргузории ҷашн бохабар мешуданд низ ба ҷашни наврўзӣ меомаданд. Дар гузашта дар водии ФарҒона лўлиҳои хирсбоз буданд. Онҳо ба танашон пўсти хирсро пўшида, ба давра даромада бо рақсҳои хирсонаи худ мардумро шод менамуданд. Ба давра ҳар ҳунарманд пасопеш, бо навбат медаромад. Навбат ба паҳлавонон мерасид, ки онҳо неруи тавонои худро нишон медоданд. Сангҳои вазнинро ба сари китф, ба болои сар, ба пушт бардошта ҳунари зўрмандии худро нишон медоданд.
Дар гузашта дар тамошоҷой бозиҳои гуногуни мардумӣ ба мисли гўштӣ, тухмҷанг, бузкашӣ, хурўзҷанг, шутурҷанг, қўшқорҷанг, кабкҷанг, вашақҷанг (бедонаҷанг) баргузор мешуд, ки имрўзҳо низ баъзе аз онҳо дубора эҳё шудааст. Ҳоло ҷавонон бо пешниҳоди калонсолон баъзе аз ин бозиҳо ва дилхушиҳои наврўзиро барқарор менамоянд; ҳунармадони касбӣ чун намоиш ба саҳна мегузоранд.
Дар нимаи аввали садаи ХХ дар Сўх Наврўз хеле бошукўҳ баргузор мешуд. Аз ин рў, дар наврўзи Сўх аз минтақаҳои ҳамсоя мардуми зиёд меомаданд. Аз кишвари Қирғизистон, ки бо Сўх ҳамсоя аст, қирҒизҳо ташриф меоварданд. Солҳои пеш Наврўзи Сўх дар пайванди дўстии халқҳо барпо мегашт. Тоҷикон, ўзбекҳо, қиҒизҳо, қазоқҳо, русҳо, туркҳо ва дигар қавму миллатҳое, ки дар водии Фарғона зиндагӣ мекунанд, иштрок менамуданд. Хушбахтона ин амали нек имрўзҳо низ ба назар мерасад. Ҳамаи намояндагони мардуми ҳавзаи Наврўзи водии Фарғонаро сўхиён ба ҳам муттаҳид менамоянд.
Пас аз се рўз деҳқонон маросими «ҷуфтбаророн»-ро баргузор намуда, бо кишту кор машғул мешуданд. Дар водии Фарғона дар канори тоҷикон мардуми турктабор аз ҷумла ўзбекҳо, қирҒизҳо, қазоқҳо, уйғурҳо, найманҳо, дунганҳо, дурманҳо, қипчоқҳо, нўғайҳо, тоторҳо ва дигарон Наврўзро бо ҳамин ном ва андаке бо талаффузи дигар ҳамчун иди худ истиқбол мегиранд. Дар он ҷойҳое, ки миллатҳои гуногун ба ҳам наздик зиндагонӣ мекунанд, Наврўзро дар якҷоягӣ ҷашн мегиранд.

Равшан Раҳмонӣ,
профессори ДМТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин