Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

САД ШУКР, КИ НАВРЎЗ ҶАҲОНӢ ШУД.

САД ШУКР, КИ НАВРЎЗ ҶАҲОНӢ ШУД.Тўхта Сиддиқова сокини калонсоли Ҷамоати Ёваи ноҳияи ба номи Бобоҷон Fафурови вилояти СуҒд соли 1910 таваллуд шудааст. Як умр дар соҳаи пахтакорӣ кор кардааст. Соли 1939 вақте ки ягона фарзандаш Искандар Мансуров 5-моҳа буд, шавҳараш Мансур Қосимов ба хизмати ҳарбӣ рафта, соли 1942 дар муҳорибаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон барои ҳимояи Ватан ҷон бохтааст.
- Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ,- мегўяд ў,- мо занону духтарон рўзона пахта чинда, шабона барои рўзи мабодо хандақ мекандем. Барои як шабонарўз бо санади махсус 150 грамм нон медоданд.-Шукрона аз он мекунем, ки имрўз нону дастархонамон фаровон, Ватанамон обод аст. Мардум дар фазои орому осоиштаи кишвар умр ба сар мебаранд,-мегўяд, модари 107-сола, ки дар зиндагии худ пастию баландиҳо, сахтиву душвориҳои зиёдеро дидааст.Ягона фарзанди Тўхта Сиддиқоваи 107 сола Искандар Мансуров имрўз қадам ба синни 80-солагӣ мегузорад.
Шукронаи Истиқлолияти кишвар, ки иди фаромўшгардидаи Наврўз аз нав эҳё шуда, ҳамасола таҷлили бошукўҳи он бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвару мардуми мо хушрўзиҳо ва ободкориҳо меорад,-даст ба дуо мебардоранд модари 107-сола ва писари 80-сола дар иҳотаи 6-набера, 16-абера ва 34-чабера.
- То солҳои Истиқлдолияти давлатӣ Наврўзро мардум дар хона бо оилаи худаш ҷашн мегирифт,-мегўянд модару писари кўҳансол. Имрўз Наврўз дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардида, ба Иди умумимиллӣ ва байналхалқӣ табдил ёфтааст. Ҳар сол дар арафаи Иди Наврўз мо собиқадорони меҳнатро намояндагони мақомоти маҳаллӣ аёдат намуда, ба чорабиниҳои идонаи Наврўзӣ даъват менамоянд. Мо бо шукронаи зиёд аз ҳаёти орому осоиштаи кишвар дар чорабиниҳои наврўзӣ ширкат варзида, дуо мекунем, ки ҳамеша мулкамон ободу мардуми кишварамон осоишта бошанд.

Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА,
хабарнигори «Ваҳдат»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин