Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

ТЕАТР ВА ТАМОШОБИН

ТЕАТР ВА ТАМОШОБИНҚиссаҳои Ғамгину рангин
Тавре ба ҳамагон маълум аст, театр тарҒибгари Ғояҳои баланди инсонӣ ва тараннумгари фарҳангу ҳунари асили мардумӣ буда, нақши он дар камолоти маънавии ҷомеа бузург мебошад. Аз он ифтихормандем, ки имрўз театрҳои касбии ҷумҳуриамон, чун боргоҳи ҳунарии диёрамон, рисолати азалии худро сарбаландона иҷро намуда, дар тарҒибу ташвиқи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар нақши муҳиму арзандаро иҷро мекунанд.
Боиси хушнудист, ки чанде қабл дар шаҳри бостонии Панҷакент рўйдоди муҳими фарҳангӣ, сафари ҳунарии Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоишномаи «Қиссаи Ғамгину рангин»-и Турахон Аҳмадхонов дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев баргузор гардид. Дар ин замина робитаҳои фарҳангии минтақаҳои кишварамон боз ҳам қавию мустаҳкам гардида, барои густариши минбаъдаи санъату ҳунари халқи тоҷик ва рушди театрҳои касбӣ дўстию рафоқати сокинони Тоҷикистони азиз беш аз пеш таҳким меёбад.
Мо як гурўҳ омўзгорон, дўстдорони театр дер боз интизори намоишномаҳои касбии театрӣ будем. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, санъати театрӣ воқеиятро бо ёрии образҳои бадеӣ инъикос менамояд. Намоишномаи «Қиссаи Ғамгину рангин» дар бораи заргаре (ҳунарпеша Султонмурод Бобомуродов) нақл мекунад, ки як миқдор зар ҳамчун амонат ба дўстонаш додааст, чун ба беморӣ ва мушкилӣ дар рўзгораш рў ба рў мешавад, бо умеди гирифтани амонат занашро (ҳунарпеша Мастура Ортиқова) ба назди дўстонаш мефиристад. Аммо дўстон ба амонат бо хиёнат ҷавоб медиҳанд. Он гоҳ ҳамсари заргар роҳи баргардондани тиллоҳоро бо ҳиллаю найранг пайдо намуда, оқибат ҳарисӣ, баднафсӣ, фисқу фасоди дўстонашро дар назди шавҳараш фош месозад.
Бозии ҳунарпеша Мастура Ортиқова бисёр табиӣ, зинда ва ба воқеият наздик буда, диққати тамошобинро ба худ ҷалб менамояд. Мо солҳои донишҷўиамон зуд-зуд ба театр мерафтем ва пеши назар ҳунарнамоии ҳунарпешагони варзидаи ҷумҳурӣ, устодон Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон София Тўйбоева, Майрам Исоева ва Раҷабгул Қосимова меомад.
Театр дар тарбияи маънавӣ, сиёсӣ ва эстетикии одамон нақши калон мебозад. Ва ба ин мақсад аз он чун воситаҳои гуногуни бадеӣ, пурмазмунии тарзи ифода ва усулҳои гуногуни ба тамошобин таъсир расонанда истифода мебаранд. Ин аст, ки ҳунарнамоии ҳунармандони боистеъдод ва хушсалиқаи театри ба номи А.Лоҳутӣ Аъзам Содиқов (нақши мулло), Бурхивалӣ Ғуломалиев, Умед Султонмуродов ва Салоҳиддин Шукуров дар нақшҳои раиси маҳалла ва роҳбарони бефаросат дили бинандаро тасхир менамуд.
Мо дер боз интизори чунин намоишнома будем, ки дар он бинанда ҳам истироҳат карда тавонаду ҳам Ғизои маънавӣ гирад. Дар ҳар бозии ҳунармандон, махсус дар вақти фиреб додани «меҳмони навбатӣ»-и ҳамсари заргар, ҳунарпеша Мастура Ортиқова толор ба завқ меомад ва кафкўбӣ мекард. Пўшида нест, ки театр минбарест, ки аз он ба мардум дарс мегўянд. Дарси ватандўстӣ, садоқат, ишқу муҳаббат ва вафодорӣ.
Мо ба вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти театр, таҳиягарон ва ҳунарпешагони намоишномаи «Қиссаи Ғамгину рангин» миннатдории хешро баён мекунем.
Баъд аз тамошои намоишнома бори дигар мо боварӣ ҳосил кардем, ки имрўз гурўҳи ҳунарии театрро онҳое ташкил медиҳанд, ки аз мактаби ҳунарпешагони маъруфи гузашта сабақ омўхтаанд ва тамоми ҳунару ҳастии худро сарфи хизмати мардум менамоянд.
Имрўзҳо давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи санъати театрӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Театри тоҷик театри пешқадам буда, аз ҷиҳати гузориши проблемаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, тарҒиби Ғояҳои инсонпарваронааш фарқ мекунад.

Абдурофеъ Холбоев,
Муҳаммадҷон Турсунов,
cобиқадорони соҳаи маориф.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин