Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:34 – ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 09:01 – Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 

УМРЕ ДАР ИШҚИ ВАТАН

Бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвоӣ миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳо санъати мусиқӣ низ хеле рушд ёфт. Аз ҷумла, исёр ҳунармандон дар инкишофу равоҷи санъат саҳми басазо гузоштанд. Яке аз чунин санъаткорони варзидаю хушсалиқа, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Амриддин КАБИРӢ мебошад. Дар зимн суҳбате доштем, ки онро манзури хонандагони гиромӣ менамоем.

-Шумо чӣ гуна пешаи санъатро интихоб кардед ва устоди аввалинатон кӣ буд?
-Дар деҳаи ба номи Лоиқ Шералии ноҳияи Бохтар, ки оилаи мо он ҷо ба сар мебарад, Муҳаммадхоҷа Тоҳиров ном шахси бисёр бомаърифат зиндагӣ мекард. Ӯ дар тӯю маъракаҳои хурсандии мардум ҳофизӣ мекард. Овози бисёр дилчаспу дилангез дошт: Дар ҳар тӯю маъракаҳое , ки дар деҳа ва деҳаҳои ҳамсоя ӯ сурудхонӣ мекард, ман бо ҷураҳоям барои шунидани овози ӯ мерафтем. Чун ӯ фаҳмид, ки ман бисёр шавқу ҳавас дорам, аз падарам хоҳиш кардааст, ки барои ман рӯбоб харад. Вақте ки падарам ба ман рӯбоб харида дод, ман аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам.
Рӯзе Муҳаммадхоҷа Тоҳиров маро ба китобхонаи шахсиаш бурда, аз китоби “Девони Ҳофиз” ғазалеро, ки аз 16 мисраъ иборат буд, навишта дод. Ман то хонаамон омадан (масофаи 1,5 километр) он ғазалро азёд намудам.
Ман дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами №3, ноҳияи Бохтар таҳсил кардаам. Муаллими фанни суруд ва мусиқӣ Шодӣ Назаралиев ҳам меҳри санъатро дар дили ман бедор намуда, аввалин нозукиҳои навохтани асбобҳои мусиқӣ ва сурудани сурудҳоро ман аз ӯ омӯхтам. Бо маслиҳату пешниҳоди ӯ ҳангоми дар синфи 2-юм хонданам, дар як чорабинии тантанавӣ, сурудӣ “Кабӯтари ман”-ро бар матни шоир Алӣ Бобоҷон иҷро намудам, ки матлаъаш чунин буд:
Болу парат кушо, биё кабӯтари ман,
Нишин бар сари боми мо кабӯтари ман.
Биё , ки сила мекунам, болу паратро,
Биё, ки мебарам туро ба ҳарҷо кабӯтари ман.
Ана ҳамин тавр оғоз гардид, пайроҳаи аввалини ояндаи санъати ман
-Қадамҳои баъдиатонро дар саҳнаи санъати мусиқӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба донишкадаи фарҳанг ва ҳунари ба номи Мирзо Турсунзода супоридам. Лекин аз озмун нагузаштам. Таи 2 сол дар хонаи маданияти ноҳияи Бохтар ба ҳайси роҳбари мусиқӣ фаъолият намудам . Баъд маро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Солҳои 1976-1978 дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати аскариро адо намудам ва дар ин давра аъзои фаъоли ансамбли қисми ҳарбӣ будам. Баъди хизмати ҳарбӣ ба донишкадаи фарҳанг ва ҳунари ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1983 онро бо мувафақият хатм намудам. Дар хонаи маданияти ноҳия фаъолиятамро идома додам. Дар ҳамкорӣ бо оҳангсозону овозхонҳои ноҳия оҳангҳои зиёде эҷод намудам. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Бўстон” фаъолона иштирок карда, соҳиби шуҳрат гардидам.
Дар пайравии овозхони хушсалиқа, ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон Дўстмурод Алиев суруд мехондам. Боре дар як суҳбат ва вохўрӣ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон устод Зафар Нозимов ба ман гуфт:
-Амриддин, аз ту ҳофизи хуб мебарояд. Фақат аз болои хутад кор кун. Бештар эҷод кун. Ба касе тақлид накун. Пайроҳаи мустақили худро ёб .
- Майлаш устод - андешамандона гуфтам ман.
- Баъди ин таъкиди устод ман фаъолиятамро сайқал дода, соҳиби мактаби худ гардидам.
- Чаро дар эҷодиёти шумо шеърҳо дар васфи Ватан мақоми хосса доранд? Яъне бештар дар мавзуъи ватан суруд мехонед.
-Шоире гуфтааст:
Сарвату сархату сармояи инсон Ватан аст,
Дар китоб аст, ки аз гӯшаи имон Ватан аст.
Бояд ҳама Ватани худро дӯст дорад. Буҳуда Ватанро бо Модар дар як радиф нагузоштаанд. Бар асари воқеаҳои номатлуби солҳо 90-уми асри гузашта мо бо аҳли оилаамон ба Ҷумҳурии Қирғизистон кӯч бастем.
Дар хонаи “Дӯстии халқҳо” –и шаҳри Бишкек “Ҷамъияти тоҷикон” ташкил ёфт, ки он фаъолияти босамар дош. Ман бо ҳамроҳии устод Муъмин Қаноат, шоир Рустами Ваҳҳоб, ҷавонмардони ватандӯсту хайрхоҳ Сиёвуш ва Ҳоҷӣ Ҳайдаршоҳ узви фаъоли ин ҷамъият будем.
Дар тӯли 18 соли ғурбат дур аз Ватан ман 120 оҳанг эҷод намуда, дар 9 фитта сабт кардам, ки бештари онҳо ба мавзўи Ватан бахшида шудаанд. Аз ҷумла шеъри устод Рустами Ваҳҳоб “Ватан гуфтам, Ватан гуфтам”-ро таҳия намудам, ки ба заҳматҳои бемисли фарзанди сарсупурдаи миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Воқеан ҳам, ин ҷонфидои миллат ҷон дар кафи даст барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ , “На сар гуфт, на тан гуфт ва на ҷон гуфт”, балки Ватан гуфт.
Дар шаҳри Бишкек ва дигар шаҳрҳои дигари Қирғизистон ансамбли мо бо барномаҳои нави консертӣ баромад мекард. Аммо ман эҳсос намудам, ки тамошобинону мухлисони қирғиз ба мазмуни сурудҳо чандон сарфаҳм намерафтанд. Чӣ гунае, ки устод Нодири Нодирпур гуфтааст:
Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест,
Ин хок чӣ зебост, вале хоки Ватан нест.
Ман баҳри кӣ сароям ғазали Саъдию Ҳофиз,
Дар мулки ғарибе, ки фаҳми сухан нест.
Соли 2009 “Ҷамъияти тоҷикон” –и Қирғизистон номи маро барои гирифтани унвони “Ҳунарманди халқии Тоҷикистон” пешниҳод намуд. Ҳазорон ташаккур ба роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки маро ба ин унвони олӣ мушарраф гардонида, ба Ватан даъват намуд. Ҳамин тавр баъди ғурбати дуру дароз ман бо аҳли оила ва дӯстонам ба Ватан баргаштам.
-Дар бораи сафарҳои ҳунариатон чӣ гуфтанӣ доред?
-Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи ҳунариам сафарҳои зиёде доштем. Ба хориҷа ҳам сафари ҳунарӣ анҷом додем. Қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоятамон бо мардум вохӯрда, бо онҳо барномаҳои рангини консертӣ пеҳкаш намудем. Лекин сафари ҳунарии аз ҳама хотирмон ин баромади дастаи ҳунарии мо соли гузашта дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон буд. Мо 11 рӯз дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон, Ишкошиму Рошқалъа, Дарвозу Мурғоб ва Шуғнон армуғонҳои ҳунарии худро пешкаши мардум намудем. Ин баромадҳои мо дар доираи рӯзҳои фарҳанги вилояти Хатлон дар вилояти Бадахшон сурат гирифта буд. Мардум хеле хуб моро пазироӣ намуд. Имсол ҳам нақша дорем, ки бахшида ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо барномаҳои наву рангин ба бисёр шаҳру навоҳии кишвари азизамон ба сафари ҳунарӣ бароем.
- Оё дар интихоби суруд ва эҷоди оҳангҳоятон бо шоирону бастакорон ҳамкорӣ доред?
- Албатта. Бояд ҳар як ҳунарманд суруду оҳангҳоеро интихоб намояд, ки пурмазмун бошанд ва дар дили мардум ҷой гиранд. Ҳоло сатҳи маърифати мардум хеле баланд шудааст. Ҳамаи он суруду оҳангҳое, ки ман интихоб мекунам, пеш аз ба мухлисону ҳаводорони мусиқӣ пешкаш намудан, дар як маҳфили эҷодӣ бо дӯстонам онҳоро баррасӣ мекунем. Бо бастакорон Амирбек Мӯсоев, Шералӣ Қосимов, Маҳмуд Аюбӣ, Раҳматулло Валиев ҳамкории хеле хуб дорам.
Дар интихоби шеър бо шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ Низом Қосим, Назри Яздон, Камол Насрулло, Рустами Ваҳҳоб, Озар Усмон Билолӣ ва бисёр дигарон ҳамкорӣ дошта, аз онҳо маслиҳат мепурсам.
- Шунидем, ки дар назди кохи “Ватан” ансамбли “Шашмақом” таъсис ёфтааст. Фаъолияти он чӣ гуна аст?
- Ҳазорон ташаккур ба Призиденти мамлакатҶаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути сиёсати фарҳангдӯстонаашон ба мусиқии “Шашамақом” умри дубора бахшиданд. Рӯзи 12 май эълон гардидани “Рӯзи Шашмақом” худ гувоҳи ин аст. Мо аз ғамхорию дастгириҳои ҳамарӯзаи Сарвари давлат миннатпазирем.
Дар ҳақиқат ансамбли “Шашмақом” дар назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳукумати вилоят соли 1992 ташкил ёфта буд. Мутаасифона солҳои зиёде аз фаъолият боз монда буд. Хушбахтона чанде пештар ансамбл дар назди мақомоти иҷроияи вилоят аз нав эҳё гардид.
Барои ҷалби ҷавонони ҳунарманду хушсалиқа ба ансамбли “Шашмақом” рўзи 20 январи соли 2017 озмун эълон гардида буд. Дар озмун ҷавонони бисёре иштирок намуданд, ки то ҳол 6 нафар овозхон, 6 нафар раққоса, 6 навозанда аллакай аз озмун гузаштанд. Аз вилояти Суғд низ ҷавонон дар ин озмун иштирок намуданд. Имрӯз дар ансамбл 26 нафар овозхонҳо ва мутрибону раққосон фаъолият доранд. Роҳбарии мусиқии ансамблро ҳунарманди хушсалиқа, оҳангсоз Ҳаитбой Юсуфов ба уҳда дорад.
Мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик бо барномаи бою рангин дар назди мардум баромад карда, мартабаи ин мусиқии асили миллиро боз ҳам бааландтар бардорем.
-Ташаккур барои суҳбат.
Аъзам БОБОЕВ,
хабарнигори “Ваҳдат”
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин