
Овард навбаҳор зи Наврўз муждаҳо,
Пур шуд зи гул замину пур аз турна осмон.
Пар мезанад парастуи умеду орзу
Дар осмони гарми дили поки ошиқон.
****
Оинаи замона зи зангор шуста шуд,
Дар рўи даҳр гашт фурўзон чароҒи меҳр.
Рўшан бишуд аз он раҳи сидқу вафои дил,
Пиру ҷавон расид ҳама бар суроҒи меҳр.
****
Борон куҷост, ашки хуши фасли тоза аст,
Рангинкамон чу нусхаи рангинхаёли ўст.
Гулхона шуд замин ҳама дар аслу дар маҷоз,
Дар ҳарчи бингарӣ, чи накўзодаву накўст.
****
Сад ҷуфти ошиқ аз дару девор рехтанд,
Гуё дамид аз дигар ин лаҳза ҷони ишқ.
Пур шуд фазои холии дунё зи рози дил,
Қалби замон суруд зи нав достони ишқ.
****
Пироҳанест сабз ба бар боҒро кунун,
Аз шабнам аст рўю нигоҳаш ҳама тамиз,
Боди сабо ба гўши гулу сабза розгў,
Хонад таронаҳои равон ҷўи боҒ низ.
****
Дар розгоҳи фасли баҳорон зи шавқу шўр,
Гуфтам ба дил: бихез, гарон хоб то ба кай?
Афрўз оташе, ки шавад гарм ҷисму ҷон,
Афрўз оташе, ки равад рўҳи сарди дай!
Рўдобаи Мукаррам