Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

МОДАРОН САОДАТИ ЗИНДАГИАНД.

Агар фасли баҳор бо табиат нерў ва ҷони тоза бубахшад, пас зан-модар бо сиришти наку ва пур аз меҳру муҳаббати беандозаи худ ҳаётбахши инсонҳоянд. Дар остонаи фасли зебои сол-баҳори дилафрўз мо бо якчанд занони фаъоли вилояти Хатлон вохўрда, перомуни рисолату хислатҳои ҳамидаи модарон суҳбате оростем, ки муҳтавои онро пешниҳоди хонандагони гиромӣ менамоем.
Рушангул Давлатова-сардори маркази алоқаи почтаи ноҳияи Бохтар:
-Бо пешниҳоди Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 8 март ҳамчун Рўзи Модар эълон гардидааст. Шукрона мекунем, ки дар даврони Истиқлолият ин ид бо тантанаи хоса ва бошукуҳ ҷашн гирифта мешавад.
Воқеан ҳам Зан-Модар сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамояд. Бузурге фармудааст: «Дар олам азизтару меҳрубонтар ва покизатар аз модар шахсе нест. Модар оламро бақо бахшида, онро поянда мегардонад».
Хизмати аз ҳама бузургро барои фарзанд, миллат ва Ватан модар анҷом медиҳад. Бузургтарин меҳр меҳри модар аст. Устод Лоиқ ҳам дар ин мавзуъ фармудааст:
Дар ин дунё, ки бемеҳрию бераҳмист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман тўӣ модар, тўӣ модар.
Зан, Модар баракату чароғи хонадон, муъҷизаи зиндагӣ ва кафили ободии ҳаёт мебошад. Афзудани нуфузу эътибори занонро ман дар ҷомеа аз дастгириву таваҷҷуҳи ҳамарўзаи ҳукумати ҷумҳурӣ медонам. Имрўз Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хондану соҳиби касбу ҳунар гардидани занон ғамхориҳои зиёд мекунад. Натиҷаҳои чунин ғамхориҳост, ки занону модарони азизи мо аз имтиёзҳои зиёде бархурдоранд. Ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона фаъолият доранд.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар ноҳияи мо корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Шумораи роҳбарон дар ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби занону духтарон хеле зиёданд.
Фарорасии фасли зебои солро ба ҳама занону духтарони кишвари азизамон муборакбод гуфта, барояшон хушбахтӣ, саодат ва комёбиҳои рўзгорро таманно дорам.
МОДАРОН САОДАТИ ЗИНДАГИАНД. Тоҷинисо Расулова-корманди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш:
-Ман мехоҳам андешаҳои худро аз суханони Президенти мамлакат, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи зан-модар оғоз намоям: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худ ғамхорӣ мекунад. Давлате, нисбат ба Модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Хушбахтона имрўзҳо занону модарони сарбаланди мо ҳамқадами замон буда, дар рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварамон саҳми бузург мегузоранд. Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беандозаи ў ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми сайёра саховатмандона нурпошӣ мекунад. Ман вақте, ки ба айёдати падару модарам меравам, аввал модарамро ҷўё мешавам. Вақте, ки ў ба пешвози ман мебарояду симои нуронии ўро мебинам, ин мисраҳои шоираи ширинкалом Фарзона ба хотирам меояд:
Саодат чист?
Чун бар хона меоӣ, даратро
дасти модар боз хоҳад кард,
Ҳамин дар боз кардан зиндагии
рафтаро оғоз хоҳад кард.
Ҳамин дар боз кардан бозгашти
пуртаҷаллои баҳорон аст,
садои ў садои сабзӣ имон аст.
Хушбахтона дар замони Истиқлолият мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа хеле баланд гардид. Ин пеш аз ҳама нишонаи эътимоди Роҳбари давлат ба неру, ақлу заковат, садоқату самимият ва ҷасорати занону модарони тоҷик аст.
Соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узвияти Комиссияи СММ оид ба мақоми зан пазируфта шуд, ки ин боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи сиёсати ғамхорӣ дар ҳаққи занон маҳсуб меёбад. Агар дар васфи зан-модар чӣ қадар суханони бузургу воло гўем, кам аст. Онҳо ба ҳама чиз арзандаанд. Бигзор модари тоҷик ба ҳама бузургиаш ҳамеша сарбаланду хушбахт ва саломат бошад
-Бибиадас Назарова-соҳибкор, сокини ноҳияи Бохтар:
-Дар дунё азизтару меҳрубонтар, муқаддастару покизатар аз модар дигар шахсе нест. Мо модар мегўему симои нуронии як шахси азизу ба дилу дида наздик пеши назар ҷилвагар мешавад. Бузургии зан- модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, олиҳаи зебоӣ, давомдиҳандаи насли башар, тарбиятгару ба камол расонандаи фарзанд, нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллат аст.
Ман ҳамаи бахту саодат ва хушиҳои зиндагиамро бо шарофати дуои модари 70- солаам Моҳтоббӣ дарёфтаам. Дар хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и «Меҳвар» ки соҳиби 57 га замин аст, бригадир шуда кор мекунам. Дар майдони 1 га замин худам боғ бунёд намудам. Ҳар субҳ аз модарам дуо гирифта, ба кор меравам. Дараҷаи бузургии модар то ҳаддест, ки ўро ба Ватан дар як радиф мегузоранд:
Зан буд, ки сарсабз замин асту замон аст,
Зан буду ҷавонию ҷаҳон пур аз ҳаяҷон аст.
Зан чашмаи эҳё ба ҳама оламиён аст,
Зан ҳусни само, ҳусни замин, ҳусни ҷаҳон аст.
Дар ситоиши зан-модар олимону донишмандони олам суханони бузургу воло гуфтаанд. Пайғамбари гиромиқадр ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадисе дар васфи зан –модар гуфтаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст».
Императори Фаронса Н. Бонапарт фармудааст: «Зан бо тавоноӣ ва ақлу заковати хеш метавонад бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро биҷунбонад».
Бо арзи эҳтиром ҳамаи бонувони азизро ба ифтихори баҳори дилафрўз табрику таҳният гуфта, барояшон бахту саодат ва хонаободию сарбаландиҳо орзу мекунам.
Суҳбаторо Аъзам Бобоев,«Ваҳдат».
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин