Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

МАКОНИ МАЪРИФАТ

«Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бонангу номус ва бофарҳанг мебошад», - гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон.
Рўзе занги телефон баланд шуду дар гўшак садои маҳине, баъди салому алейк «шумо Олимова, ман аз Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон, ба муносибати 50– солагии идораамон супориш шуд, ки оиди собиқ кормандони идораамон маводҳо ҷамъ намоем. Шумо ҳам шарҳи ҳоли худро ба почтаи электронии мо мепартофтед, хуб мешуд»,-гўён матлаби худро баён намуд. Худоҳофизӣ намудему қалам ба даст ба фикр фурў рафтам. Аз пеши назар оғози фаъолияти меҳнатиям дар он идораи муқаддас якояк гузаштан гирифт.
Моҳи июли соли 1979 баъди хатми УДТ /ҳоло ДМТ/ ба зодгоҳ- шаҳри Конибодом баргашта, ба яке аз мактабҳои шаҳр ба сифати омўзгори фанни забон ва адабиёт ба кор таъин гаштам. Моҳи феврали соли 1980 бошад, тақдир маро дубора ба шаҳри Душанбе овард. Бо нияти дидорбинӣ назди ҳамкурсонам, ки дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик кор мекарданд, рафтам. Ба ман, ки дар ҷустуҷўи ҷои кор будам, онҳо маслиҳат доданд, ки назди роҳбарият дароям, шояд ҷои холие ёфт шаваду ҳамкор шавем. Маълум гашт, ки сармуҳаррир А.Сайфуллоев дар сафари хизмативу шогирди падар, олими файласуф Акбар Турсунов вазифаи ҷонишинии сармуҳаррирро адо мекардаанд. Иҷозати даромаданро гирифта, вориди утоқи кориашон гаштам.
Устод дар бари мизи кории бузурги пур аз китоб сари худро набардошта, ба таҳрири маводе машғул буданд. Матлаби худро баён намудам, лек сари устод ҳамоно хам буд. Беҷуръатона «муаллим, ман фарзанди устодатон Олимов»-гуфтам, то ҷавоби рад надиҳанд. Бисёр мехостам, ки ходими ҳамин идора гардам, зеро муҳити он ба ман хеле маъқул афтода буд. Он кас сари худро бардошта, ҷониби ман назар афканданду «Э, шумо духтари устодамон будед-ку», - гўён аз ҳолу аҳволи падарам пурсон гаштанд. Ман дар бораи падарам маълумот дода, бори дигар хоҳиши дар ҳамин идора кор карданро намудам. Баъди суҳбат ва саволу ҷавоби устод ҳамон рўз ба редаксияи химия, биология ва тиб ба сифати муҳаррири хурд қабул гаштам. Хушбахтии ман ҳадду канор надошт. Зеро фаъолият дар чунин идораи бонуфузе, ки шахсиятҳои бузурги ҷумҳурӣ гирд омада, фаъолият доштанд, на ба ҳар кас муяссар мегардид.
Дар сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик, зиёда аз 120 нафар ходимон фаолият доштанд. Дар вазифаҳои мудири редаксияву шуъбаҳо ва муҳаррирони калону пешбар донишмандони соҳаҳои гуногун ба монанди М.Ҳазратқулов, А.Сайфуллоев, М. Искандаров, Ҷ.Азизқулов, М.Ҳоҷиматов, Б.Абдураҳмонов, А.Қурбонов, А.Тошев, М.Диловаров, У.Тоиров, Ўрун Кўҳзод, Муҳиддин Фарҳод, Б.Раҳматов, Усмони Оташ, А.Нуров барин шахсиятҳои шинохта заҳмат мекашиданд. Барои мо ҷавонони солҳои 80-уми қарни гузашта фаъолият дар паҳлўи ин бузургон на танҳо баҳрабардорӣ аз дониши зиндагии онон, ҳамчунин як мактаби ватандўстиву хештаншиносӣ ва меҳру вафо буд.
Он солҳо мо ҳама фарзандони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳамчун аъзоёни як оилаи тифоқ кор ва зиндагӣ мекардем. Дар маросимҳои тўю мотами ҳамдигар фаъолона ширкат меварзидем, рўзҳои ид ҳатман ба хонаи ҳамдигар ба «идгардак», яъне табрики ҳам мерафтем. Дар байни аҳли идораи мо як дўстиву рафоқати ба худ хос ҳукмфармо буд. Иду ҷашнҳо, махсусан, Наврўз дар идораи мо хеле хотирмон гузаронида мешуд. Дар он ҳатман шоиру нависандагон ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ширкат меварзиданд, озмунҳои гуногун гузаронида мешуд.
Шахсан ман, ки нав ба ҳаёти мустақилона қадам мондаву зиндагии оилавиам дар мусофират оғоз шуда буд, аз пастиву баландии ҳаёт бехабар будам, аз занони бофарҳангу рўзгордидаи идораамон таҷрибаи зиндагӣ омўхтаам. Онахон Олимова, Сулҳия Содиқова, Саодат Ғуломова, Маҳрам Бозорова, Мушаррафа Ҳомидова, Мушаррафа Шарифова, Музаффара Тилавова, Музаффара Раҳматова, Нисо Латифова, Матлаб Исломова, Маҳрам Муртазоева барин занон, ки ҳама аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ буданд, дар тарбияи мо ҷавононзанони ҳамонвақта ҳиссагузор мебошанд.
Махсусан аз апаи Саодат, ки чун ходими калони шуъбаи комплектонӣ солҳо заҳмат кашидаву рафтору гуфтори ба ҳусну ҷамоли худ зебанда дошта ва ҳамноми хоҳари калониам буданд, хеле баҳра бардоштаам. Агар мушкилие дар зиндагцам пеш меомад,, ҳатман дар ҳалли он аз апаи Саодат маслиҳат мепурсидам. Он кас, ки ҳамчунин соҳиби дили поку беолоиш буданд, дар ҳалли мушкилиҳо кўмаку маслиҳати муфиди худро дареғ намедоштанд, пухтани кулчақанду шириниҳоро низ аз апаи Саодат омўхтаам.
Бо ҳукми тақдир ба зодгоҳам – Конибодом баргашта, ҳоло дар муассисае кор мекунам, ки аксариятро занон ташкил медиҳанд. Чун зан, сарвар кўшиш ба харҷ медиҳам, ки ба онон муносибати неку самимона дошта бошам, чӣ дар ҳалли мушкилоти кор ва чӣ зиндагӣ то тавонам, кўмаки худро дареғ намедорам. Ҳангоми сафари хизматӣ ба Душанбе ҳатман ба идораи Энсиклопедияи миллии тоҷик медароям, то аз ходимоне, ки заҳмат кашида истодаанд, хабар гирам. Аз ҳолу аьволи собиқ дўстони ҷавониам пурсон шавам.
Бо итминони комил мегўям, ки агар маро тақдир ба мактаби сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик намепайваст, аз донишу малака ва таҷрибаи зиндагии он баҳра намеёфтам, зиндагии ман чунин маъниву шакл намегирифт.

Солеҳа Олимова, директори филиали бойгонии давлатии вилояти Суғд ба номи Шамсиддин Зоҳидов дар ш.Конибодом
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин