Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ТОҶИКИСТОН-МАҲДИ НАВРЎЗ

Хушо Наврўзу иди бостонӣ,
Нишон аз меҳру аз Фарри Каёнӣ.
Бимонда ёдгор аз тахти Ҷамшед,
Ҳамонанди дирафши ковиёнӣ.
Зи тоҷикону эронию афғон,
Шуда Наврўз – Наврўзи ҷаҳонӣ.
Паёми меҳр бошад, Ҷашни Наврўз,
Ба олам дода ҷашни меҳрубонӣ.
Гулу гулзор хуррам, мулки тоҷик,
Сафеду сабзрангу арғувонӣ.
Зи машриқ то ба мағриб меҳмонанд,
Кунад тоҷик аз ҷон мизбонӣ.
Бувад Наврўз пайки ваҳдати Шарқ,
Фурўғи ҳамдилии Ориёнӣ.
Саросар мулки тоҷикон ба Наврўз,
Ба зебоӣ бувад бурди ямонӣ.
Дурахшад дар ҷаҳон оини Наврўз,
Кунад хуршеди Машриқ зарфишонӣ.
Пари парвоз бикшо, Тоҷикистон,
Биё, бингар биҳишти осмонӣ.
Дилу ҷонҳо зи атру бўйи тоҷик,
Муаттар гашта аз ин гулфишонӣ.
Ба истиқболи иду пайки Наврўз,
Кунад пиру ҷавон хонатаконӣ.
Бувад фасли баҳору соғару май,
Хушо, хеле ғамон аз дил биронӣ.
Бувад Наврўз навзоии ушшоқ,
Бичинӣ гул зи рўи ёри ҷонӣ.
Баҳорон дилбару олам чу ошиқ,
Баҳорон модари ишқу ҷавонӣ.
Биёмад корвони шеъру шодӣ,
Сафар оғоз кун, к-аз раҳ намонӣ.
Баҳор асту навои барбату чанг,
Ба овозу суруди паҳлавонӣ.
Бихонад Рўдакӣ ҳам аз баҳорон,
Ба сони булбулони бўстонӣ.
Ба шеъри шоирони мулки тоҷик,
Шунав аз ҷону дил ширинзабонӣ.
Ту бошӣ, Тоҷикистон, маҳди Наврўз,
Чу нури Ҳурмузу Дайри Муғонӣ.
Ало, эй Тоҷикистон, сарви нозам,
Бувад Наврўзу идат ҷовидонӣ.
Бувад тоҷи дилам аз ишқу меҳрат,
Ту маъшуқи ману сарви равонӣ.
Бинозам Пешвову халқи тоҷик,
Бикарда иди Ҷамро посбонӣ.

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ
шоир, нависанда ва пажўҳишгари эронӣ,
узви Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин