Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

ВАҲДАТНОМА

Зи ваҳдат ин Ватан мисли баҳор аст,
Маро аз шавкати ваҳдат виқор аст.
Шукуҳу шуҳрати онро чӣ гўям,
Ки халқи Тоҷикистон комгор аст.

Гулистон маскани зоғу заған буд,
На файзе монда дар боғу чаман буд.
Зи ваҳдат хуррамӣ омад ба кишвар,
Бале, он пешаи халқи куҳан буд.

Аз он ваҳдат, ки кишвар гашт обод,
Худо бар миллати тоҷик хабар дод.
Ҳасудони Ватан сархам бигаштанд,
Ниятҳошон ба зудӣ рафт барбод.

Маро аз ваҳдати миллат хабар кун,
Ту теғи рустамиро дар камар кун.
Зи ҳиммат кун гулистон кишваратро,
Ливои дўстиро тоҷи сар кун.
Карим Нофеъӣ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин