Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ШИНОСОӢ БО КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ МАЛАЙЗИЯ

Китобхонаи миллии шаҳри Куала-Лумпури кишвари Малайзия соли 1956 таъсис ёфтааст. Он ҳамчун инщооти дорои арзиши мероси фарҳангии халқҳои Малайзия буда, ҳамчун нигохдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҳамоҳангсозӣ, роҳбарӣ дар хадамоти рушди китобдорӣ, идора ва таъмини дастрасии озоди захираҳои иттилоотии миллӣ ва хориҷӣ мебошад. Китобхонаи миллии Малайзия дар тобеияти вазорати сайёҳӣ ва фарҳангии кишвар буда, ҳамчун марказ дар соҳаи китобдорӣ барои китобхонаҳои кишвар маҳсуб мебошад.
Роҳҳои пуррагардонии фонди Китобхона асосан ба тариқи харидорӣ, туҳфа ва мубодила амалӣ карда мешавад. Китобхонаи миллии Малайзия барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди истифода қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии малайӣ саҳми калон дорад. Дар шуъбаи дастхатҳои шарқи Китобхона имрўз зиёда 4800 нусха дастхатҳо ба забонҳои гуногуни халқиятҳои Малайзия нигоҳдорӣ карда мешавад.
Имрўз фонди умумии Китобхонаи миллии Малайзия зиёда 4,5 миллион неусхаро ташкил медиҳад, ки аз он 98406 нусха китобҳои электронӣ, 158356 маводи рақамӣ мебошад, Дар сохтори Китобхона шуъбаҳои бақайдгирии хонандагон, дастхатҳои шарқ, адабиёти малайӣ, хориҷӣ, кўдакона ва ғайраҳо фаъолият мекунад.
Дар китобхона истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Он дорои толорҳои замонавӣ бо технологияи муосир таҷҳизонида шудааст. Барои хонандагони синни томактабӣ ва ва мактабӣ толорҳои махсус мавҷуд буда, онҳо бо компютерҳо ва планшетҳо таҷҳизонида шудааст. Барои истироҳати хонандагон толорҳои истироҳатӣ ҷиҳати тамошои маводи видеоӣ ва гўш кардани радио низ мавҷуд ҳаст. Баргардонии китобҳои чопӣ ба шакли электронӣ дар Китобхона босуръат идома дорад ва то солҳои наздик фонди китобӣ пурра ба шакли электронӣ гардонида мешавад.
Феҳристи Китобхонаи миллии Малайзия ба тариқи онлайн тавассути сомонаи htth://opak.pnm.gov.my дастрас аст.

Майсара Абдуллоева, сармутахассиси Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин