Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:09 – БОЛОТАР АЗ МИЛЛАТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ЧИЗЕ НЕСТ 
  • 11:42 – ПАРВОЗИ ХАЁЛ 
  • 16:14 – 17 МАЙ - РЎЗИ АВВАЛИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН 
  • 10:55 – ДУРРИ ГАРОНБАҲОРО ПОКИЗА НИГОҲ ДОРЕМ 

ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ТИЛЛОӢ

Ба соли "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"бахшида мешавад
Ғофилӣ з-он достони Миршакар
Андар он "Қишлоқи тиллоӣ"* магар?
Барҳақ, ў қишлоқи тиллоӣ будаш,
К-андар ў аз ҳар ҷиҳат боӣ будаш.
Лек "тиллоӣ"- и ў дар қисса буд,
З-орзўи мардумӣ як ҳисса буд.
Он ҳама бо рангубори ончунон,
Зеб дода шоире ширинбаён...
Андар ў ғофил намебошӣ агар,
Лаҳзае о, бар Душанбе менигар.
Як замон қишлоқи бобоӣ буд ў,
Не бад-он қишлоқи тиллоӣ буд ў.
Кўчаҳо пурчанг, болову нишеб,
Похсадевор бомҳо, каҷу килеб.
Деҳа буд, ў нотамому кўчаке,
Бе нигаҳбон, бесару бар кўдаке.
Пиру барно дошт дар ў рафтуо,
З-иқлимаш -бодуҳавояш бебаҳо.
Дар замони шуравӣ -даври рукут,
Пойтахти мо намуд арзи вуҷуд.
Андар он ҷо пойтахт гардид бино,
Гўи меборид аз ў нури зиё.
Дергаҳ пойтахти мо обод шуд,
Шаҳри зебову дилоро дар намуд.
Лек арчӣ дар назарҳо хушнамуд,
Похсадевор роҳу рўяш кам нашуд.
Боғу роғаш гарчӣ зебо менамуд,
Андар ў вайронаҳо барҳам нашуд.
Ҳар куҷо гаштӣ ба ҷои бўи гул,
Пўсишу бўи сигораш гашта мўл.
Ҳар қадам бинӣ дар ў вайронае,
Бўи бадмастӣ дар ў, ҳар хонае...
Шукр, акнун шаҳри ман обод бин,
В-аз ҳама гўру бало озод бин.
Беамон рафт ғафлату даври рукут,
Бо ҳама вайронаҳои дар вуҷуд.
Бин саропо беҳ шуд аҳволи ў,
Баъди озодиву истиқлоли ў.
Шаҳри мо , бин сулҳу ваҳдатофарин,
Байрақи ў тоҷ бар чархи барин.
Дар шафиқи Роҳиму Раҳмони мо,
Дар шукўҳи Рустами даврони мо.
Бин саросар пойтахт гардид ҷавон,
Пойтахт в-аз ҳар ҷиҳат гардид равон.
Бин, Душанбе боз зеботар шуда,
Боз ҳам хубу дилоротар шуда.
Кўчаҳояш боз паҳнотар шуда,
Боз пуранвору барнотар шуда.
Кўчаҳояшро ба чашми оддӣ бин,
Марду зан дар хуррамиву шодӣ бин.
Пиру барно дар пайи ободӣ бин,
Меҳрсон дар партави озодӣ бин.
Бин, раҳу рў боғу гулгашти базеб,
Роҳҳо мумфарш, ҳамвору шикеб.
Э,бародар,ой бар даргоҳи ў,
Бо мароми сулҳу ваҳдатхоҳи ў.
Хайра мақдам о,ба сайқалгоҳи ў,
Рўзу шаб о, ҳар нафас, ҳар гоҳи ў:
Хурраму зебои мо "Наврўзгоҳ,"
Сайқали дилҳои мо "Наврўзгоҳ"!
Бин, шабонгаҳ з-он чароғонаш базеб,
Рўзу шаб бишнав садои андалеб.
Бин ба бахти неку бар иқболи мо,
Шуд бинои тиббӣ "Истиқлол"-и мо
Бин, биноҳои фароз андар фароз,
Дар бари он кўҳ бо оғўши боз.
Дар бари он кўҳҳо доранд роз,
Дар бари он кўҳҳои сарфароз.
Ҳар қадар васфат кунем, арзандаӣ,
Эй Душанбе, дар ҷаҳон зебандаӣ!
Неъмати арзандаи аҳли диёр,
Ин Ватан дар мост -дорем ифтихор.
Ин Ватан бошад зи мо аз кирдугор.
Мо набигзорем, то гардида хор,
Ин ҳама з-ободиҳои Пешвост,
В-ин ҳама ғамхориҳои ў ба мост.
В-ин ҳама з-обилаи дастони ўст,
Ғайрати ў, азми ў,виҷдони ўст.
Ин ҳама гул-гулшукуф, рушду нумў,
Ин ҳама з-он вусъати эҳёи ў.
Ин ҳама ҳимматгузориҳои ў,
Баҳри насли Одаму Ҳаввои ў.
Ин ҳама ин мактабу ирфони мо,
Ин ҳама боғу гулу бўстони мо.
Ин ҳама ободиҳои ҷон ба каф,
Мо набигзорем, то гардад талаф.
Андар он Иҷлосаи тақдиргузор,
Арз дошт ў баҳри мо -аҳли диёр.
Андар ин пешомаду авҷу барор,
Андар ў Иҷлоса шуд гуфту гузор
З-ин ҳама ободиҳояш Пешво,
Баҳри мо исрор дода дурнамо,
В-аз шарафмандони халқи номдор,
Сокинони мулки соҳибихтиёр.
Пешво аз мо ҳамонро интизор,
Пешво аз мо ҳамонро чашмдор.
Пойтахти мо хушо гулгун шуда,
Боз ҳам зеботару афзун шуда.
Як замоне буд Бухорои замон,
Пойтахти давлати Сомониён.
Мо аминем, аҳл хонандат чунон -
Пойтахти давлати Раҳмониён.
Ҷумла шаҳрат -Нўю-Йорку Токио,
Ҷумла шаҳрат з-Аврупову Осиё.
Ояд ў, бо ҳам намоем рафтуо,
Ояд, ў созад ба ҳуснат қиссаҳо...
Гар чу "қишлоқи тилоӣ"қисса буд,
Маҳз он афсонаву беше набуд.
Нест ин афсонааш , не қисса ин:
Ой, дар мо шаҳри тиллоӣ бубин!

(Илҳом аз Бобоҷони Нурзод: "Душанбе -шаҳри ваҳдат")

Озоди ШОКИР
Суҳайлӣ РАСУЛЗОДА

*М.Миршакар. Достони "Қишлоқи тиллоӣ"

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин