Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

Бозор Собир ШОИРИ ВАТАНСАРО

Ман ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,
Рўзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам.
Бо забону чашму гўшу бо димоғу дасту по,
Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан, бо самоъ.
Ситоиши Ватан яке аз муҳимтарин мавзуъҳои ашъори устод Бозор Собир маҳсуб ёфта, аз чандин дидгоҳ ҷилва менамояд. Ватан дар шеъри ин шоири тавонои миллат ҳам кулбаи падарӣ, ҳам деҳаи Сўфиён, ҳам ноҳияи Файзобод, ҳам Тоҷикистон бо тамоми марзҳои таърихии он аст. Шоир ба гузашта ва имрўзи кишварамон назар меандўзад, ҳолу аҳволи онро мебинад, тасаввур мекунад, аз шаҳомати он меболад ва аз дардҳояш ранҷ мекашад. Ў Ватанро воқеӣ, табиӣ ва зебову нақшину рангоранг тасаввур менамояд, самимона дўст медорад ва аз ҳамин ҷиҳат тасвираш мекунад, чунон ки дар шеъри "Тоҷикистон" ба мушоҳида мерасад:
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту,
Аз ту ман сарват намехоҳам Ватан ҳастӣ бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Устод Бозор Собир бо як ҳиси баланди масъулияту хештаншиносӣ, фарҳангу маданияти баланди шаҳрвандӣ омодагии худро баҳри фидо намудани ҷисму ҷони хеш баҳри ободӣ, сохтмону бозсозии Ватан дар шеъри "Ду бора созамат Ватан"чунин баён менамояд:
Дубора созамат, Ватан,
Ба хишти ҷони хештан.
Сутун занам ба сақфи ту,
Ба устухони хештан.
Пайвастагӣ ва ҳамбастагии тану ҷону тору пуди худро бо Ватан дар шеъри "Ватан" ба таври зайл ифода кардааст:
Ту ришта-ришта дар вуҷуд
Нишаста ҳамчу тору пуд.
Ту қатра -қатра дар бадан
Маро чу хуни хештан,
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
Ў аз қаҳрамониву диловарӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони содиқу номбардорони миллат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри ободии Ватан, чароғону гулафшон намудани он шабу рўз заҳмат мекашад, руҳу тавон мегирад, меболад, менозад, мефахрад, бо қаноатмандиву хушнудӣ ва самимияту эҳтироми хоса дар шеъри "Мефишорам дастҳои маҳкаматро" гуфтааст:
Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро
Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон,
Ҳамчу дасту панҷаи шахшўли деҳқонбачаи қишлоқ
Аз каланду досу мисрон.
Бо садои гармат одат кардаем,
Ҳамчу бо зангулаи давлат,
Ҳамчу бо зангўлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангўлаи мактаб.
Чунки дар рўи ту мебинем,
Рўи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки дар пешонаи бози ту мебинем,
Мо хати тақдири миллатро…
Лаҳзаҳои таърихие, ки Қаҳрамони миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ ба булдозер нишаста, пеши дарёи саркаши Вахшро бубаст, аз назари диққати шоир дур намондааст:
Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,
Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.
Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,
Чоки даҳани калони дарёро баст.
Дар шеъри " Соядасте ба Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" бошад бо сидқу самимият, аз таҳти дилу ҷон мегўяд:
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.
Пўшида нест, ки дар тўли беш аз 70 соли Ҳокимияти Шўравӣ шоирони аҳли сиёсат ва фарҳанг ба забонбозӣ машғул буданд ва дар натиҷа забони миллат анқариб гум шуда, ҳунару ҳунарманду ҳунармандӣ хор ва мардум аз зиндагӣ дилмонда гашта буданд. Устод нигоштааст:
Аз забонбозӣ забон гум кардаам,
Аз қаламронӣ шудам дилмонда,
Он чи бо ҳарфу ҳиҷо мехонам,
Хондаҳоест пур аз нохонда.
Тасвири дигари шеъри устод Бозор Собир пушта ва мазор низ мебошад, ки истифодаи ин калимаҳо дар шеърҳои ў тасодуфӣ нест, балки дорои маънии амиқ ва мўҳтавоеанд, ки ба Ватан пайвастагӣ доранд.
Як ними Ҳисор аз заминҷунбӣ мазор,
Нашнонда касе ниҳол ҷуз чўби мазор.
Ё,
Ман чу ғози хасравам, дар пуштаҳо печидаам,
Раг ба раг дар пуштаҳо чун риштаҳо печидаам.
Тору пуди анкабуташ лаб-лаби ҷўборҳо
Тору пудам буд, ҳар вақте ки мекардам нигоҳ.
Аз шеърҳои "Девори Бухоро", "Аҳмади дониш" ва як қатор шеърҳои дигари устод аҳли фарҳангу заҳмат ҳақиқатро дарёфт, воқеиятро шинохт ва ба ин васила шахсияти худро такмил дода, қадами устуворе дар роҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ гузошт.
Метавон гуфт, ки аз ҳамаи шеърҳои устод бўи хушу пурнакҳати пуртаровату пурнафосати Ватан меояд. Устод Бозор Собир шоири воқеан ҳам ватансарост:
Аё қишлоқи ман, расми ту некуст,
Надидам буду нобуди туро руст,
Парастуят шарики кулбаи ту,
Сафи мўрат шарики хирмани туст.
Ё,
Ҳуббулватани шамолҳо - Файзобод,
Ҳуббулватани кулолҳо - Файзобод.
Дар ҳар қадаме ғизолчашме дидем,
Ҳуббулватани ғизолҳо - Файзобод.
Ҳамчунин,
Аз он найи "Маснавӣ", ки афғон дорад,
Қишлоқаки ман дусад найистон дорад.
Шабҳо ҳама аз шамоли Файзободаш
Дар ҳар лаби об найнавозон дорад.

Ф. НАҶМИДДИНОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин