Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:45 – Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста» 
  • 09:13 – ХУРОФОТ аз чаҳолат сарчашма мегирад 
  • 16:55 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд 
  • 14:58 – Ҳаким Абўҳафси Суғдӣ – шоири ҳамаҳди Рўдакӣ 

СОЛЕ, КИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАРАКАТ ТАҚВИЯТ ЁФТ

СОЛЕ, КИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАРАКАТ ТАҚВИЯТ ЁФТ
Имрўз таҳти рохбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳодҳо дар солҳои 2020 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Шўрои куҳансолон Афзалов Ғ., ҳамоҳангсози ҳаракат Давлатов Р., сармуҳаррири рўзномаи «Ваҳдат» У. Юсуфӣ ва аъзои Шўрои куҳансолон иштирок карданд.
Ҷаласаро раиси Шўрои куҳансолони ҳаракат Афзалов Ғ. ифтитоҳ намуда, дар ибтидо оид ба корҳои анҷомдодашуда тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроия маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки дар баробари навовариҳои соли сипаришудаистода дар моҳи декабр дар сохтори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал омада, дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракат Рудобаи Мукаррам, ки дар ин созмони ҷамъиятӣ 11 сол ҳамчун муовин фаъолият мекард, таъйин карда шуд. Инчунин, Ғ. Афзалов таъкид дошт, ки «Мо ба кору фаъолияти раиси нав барору комёбиҳо хоста, умед дорем дар оянда фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тақвияти бештар хоҳад ёфт».
Дар рўзномаи маҷлис чор масъала, аз ҷумла гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ин созмони ҷамъиятӣ дар тўли соли 2020, ҳисоботи Раиси Шўрои куҳансолони ҳаракат Афзалов Ғ. С., вазифаҳо ва нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, Раиси Кумитаи иҷроия Рудобаи Мукаррам дар бораи фаъолияти созандаи Пешвои миллат дар самти сулҳофарӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, нақши Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, инчунин оид ба иҷро шудани бандҳои Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли сипаришудаистода, фаъолияти гуногунпаҳлў ва бисёрсамтаи ин ниҳоди ҷамъиятӣ гузориши муфассал дод. Ў аз хидматҳои шоиста ва барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ махсус таъкид карда, афзуд, ки маҳз сиёсати қавианосири Роҳбари давлат буд, ки имрўз дар кишварамон сулҳу суботи саросарӣ ҳукмфармост.
Раиси Шўрои куҳансолони ҳаракат Ғ. Афзалов дар бораи таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, тарғиби сиёсати Пешвои миллат дар самти дўстиву бародарӣ, ҳамзистии осоишта, баланд бардоштани худогоҳиву худшиносӣ, мулоқоту вохўриҳо бо намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа, истеҳком бахшидан ба ғояҳои давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олӣ, ба мисли Ватан-Модар, дастовардҳои замони истиқлолият, инчунин сафарҳои кории раёсати Кумитаи иҷроияи ҳаракат ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат маълумоти муфассал дод.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам бо аъзои раёсат ва Шўрои куҳансолон вазифаҳо ва лоиҳаи Нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро барои соли 2021 мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дод. Аз ҷониби якчанд нафар аъзои Шўрои куҳансолон пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар шудани фаъолияти минбаъдаи ҳаракат ироа шуд, ки ба инобат гирифта хоҳад шуд.
Аз ҷумла, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, профессор Абдунабӣ Сатторзода, профессор Қурбон Восеъ, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳиба Ёқубова суханронӣ карда, оид ба паҳлўҳои гуногуни Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва нақши он дар ҷомеаи имрўзаи кишвар изҳори ақида намуданд.
Фаъолияти ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қаноатбахш ҳисобида шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин