Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:09 – БОЛОТАР АЗ МИЛЛАТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ЧИЗЕ НЕСТ 
  • 11:42 – ПАРВОЗИ ХАЁЛ 
  • 16:14 – 17 МАЙ - РЎЗИ АВВАЛИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН 
  • 10:55 – ДУРРИ ГАРОНБАҲОРО ПОКИЗА НИГОҲ ДОРЕМ 

17 МАЙ - РЎЗИ АВВАЛИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Тибқи қарори Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имсол моҳи шарифи Рамазон 17 майи соли 2018 (баробар ба 1438 ҳиҷрӣ - қамарӣ), ки ба рўзи панҷшанбе рост меояд, шурўъ хоҳад шуд. Дар ин бора аз Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ки рўзи 29-уми моҳи шаъбон, мутобиқ ба 15 майи соли 2018 соати 16:48 ҳодисаи "Моҳи нав" рух медиҳад, ки дар ин вақт имкон надорад, то дар уфуқ моҳ мушоҳида шавад. Аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рўз ҳисобида шуда, 16 май ба анҷом мерасад ва 17 май рўзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.
Ёдовар мешавем, ки давомнокии моҳи Рамазон иборат аз 30 рўз буда, 15 июни соли 2018 ба охир мерасад. Ҳамин минвол, Иди Рамазон 16 июни соли 2018 баргузор хоҳад шуд, ки ба рўзи шанбе рост меояд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин