Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:09 – БОЛОТАР АЗ МИЛЛАТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ЧИЗЕ НЕСТ 
  • 11:42 – ПАРВОЗИ ХАЁЛ 
  • 16:14 – 17 МАЙ - РЎЗИ АВВАЛИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН 
  • 10:55 – ДУРРИ ГАРОНБАҲОРО ПОКИЗА НИГОҲ ДОРЕМ 

ПАРВОЗИ ХАЁЛ

Ҳар субҳ аз насими атрогину гуворои Ватан нафаси ҷонбахш мегирам. Бо хандаи Хуршеди ҷаҳонафрўз субҳи нав,шодиҳои нав,дуруди нав ва дунёи нави эҷодро пешвоз мегирам. Ва ин бахту давлат аст, ки дар фазои осудаву ороми ваҳдатафрўз чун паранда озодаму хушбахт. Ваҳдатро чун суруди зиндагӣ ва иқболи ояндаву паёми созанда дар мағзи ҷон мепарварам. Дигар намехоҳам,ки магасе ин фазои оромиву осудагии миллатамро тираву гардолуд созад!
Оре, Ваҳдат бо азму иродаи ватандўстонаи Пешвои миллат насиби мо, тоҷикистониён гашта, ки он беҳтарин дастоварду олитарин ҳадя барои миллат мебошад. Ба Яздони ягона муноҷот мекунам, ки дигар ҳеҷ гоҳ он ҳодисаҳои мудҳишу тоқатфарсои солҳои 90-уми қарни пешинро нишон надиҳад!
Бигзор, Ваҳдат ҳамеша поянда ва чун чароғи маърифат фурўзон бошад! Ваҳдат кафили амнияти мардум, бахту саодат, шаъну шараф ва осоиштагии ҳар як фарди бонангу ори миллат мебошад ва ҳамин Ваҳдат буд, ки аз вартаи нобудшавию парешонӣ наҷот ёфта, ба субҳу сафои озодиву хушбахтӣ ноил гардидем. Ҳар лаҳза шукронаи Ваҳдат дар забонам ва кишвари зебо маконам ва шодам бо хандаҳои беғаши фарзандонам!
Ҳангоме, ки аз роҳ мегузаштам, ба кўдакистон назар кардам, дар ин олами зебо ба ҷуз фараҳмандиву хушнудӣ ва муҳаббати пок, дигар ғуборе намебинӣ. Кўдакон ин қадар шоду масруранд. Бо лаҳни ширин суруд мехонанд, бозӣ мекунанд ва рўз ба рўз ба ояндаи нек қадам мегузоранд.
Ман Ваҳдатро дар чеҳраҳои шоди онҳо дарёфтам, маънии зиндагиро бо будану хандаҳои қалборомкунандаи ин тифлакони ояндасоз фаҳмидам…
Оре, зебогии умри мо аз дунёи хушбахтии кўдакон оғоз ёфта, ки сарчашмаи ин ҳама Ваҳдати бахтофарину меҳрофарин аст!
Ба боғ рафтам ва дарахтонро дидам, ки дасти дуо сўи само боло карда, бо насими Ваҳдат шукуфону сабзанд. Ба бонро дидам, ки аз ҷўи Ваҳдат обаки софро ба дарахтон равон мекард ва зери лаб замзамакунон гимн мехонд.
Ба дарси хонандагон, ба маҳфилҳо рафтам. Ҳама ҷо паёми Ваҳдату ягонагӣ! Дарси омўзгорон низ шаҳди Ваҳдат дорад бо суханони руҳнавозу ҳидояткунанда! Дар маҳфил низ аввалин мисраъҳои шеърам аз Ваҳдат садо дода буд. Ваҳдате, ки ба ҷони ширин ҷо шуда…
Аз роҳ мегузарам ва корвони мўрчаҳоро мебинам, ки маҷлис оростаанд ва яке аз роҳбаронашон аз Ваҳдату осудагӣ ҳарф мезад. Дигар мўрчаҳо ўро бодиққат гўш мекарданд. Эҳсос кардам, ки ҳатто мўрчагон Ваҳдатро ҷашни пурифтихор унвон додаанд…
Ба кўҳсор рафтам. Лола медурахшиду бо ҷилваи ба худ зебанда аз олами ҳусну латофати Ваҳдат ба гўши дилам дуруд мегуфт…
Дилам лабрези Ваҳдат шуд. Ба одамон менигарам. Онон ба ҳамдигар китф ба китф мондаву устуворанд ба омаду рафти шоҳдухтари шаб ва маликаи саҳар шоҳиданд. Тайёранд дар ҳама асно аз тўфони шадиду офатҳои табиӣ деҳаяки зебову хушманзарамро пуштибон бошанд ва ман дарк кардам, ки онҳо низ аз барномаҳои Ваҳдат огоҳу воқифанд…
Шукр мегўям,ки ин қуллаҳои кўҳ барои таъмини оби тозаи мардуми деҳаам бо ин сардӣ дили ваҳдатангез доранд ва эъломи солҳои оби тозаро барои ҳаёт шунида будаанд…
Ба деҳа, ба хонаи хоҳаракам омадам. Назди гулҳои хонагии ў нишаста, ҳамаи ин мўъҷизаҳои ваҳдати оламу одамро менавиштам, ки хоҳарам гуфт:
-Хомаатро як сў гузор ва биё қаҳва бинўшему сўҳбат ороем.
Гуфтам: на! Чунки ин лаҳза ваҳдати хомаву парвози илҳом маро бадунёи рангину тозаи хаёл фарогир намуда буд. Оре, ин фурсате буд бароям хеле қимат, дар ситоишу тараннуми Ваҳдат. Бо меҳри зиёде парвози нози хаёл дар дилам ҷо шуда, ки ҳеҷ наметавонам таркаш созам. То он вақте ки ҷон дар бадан дорам, таронаи Ваҳдатро бо тамоми ҳастиям месароям, то ки Ваҳдат дар диёри файзборам - Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ҳукмрон бошад!
Бо ифтихор шукронаи ин ҳаёти хуррам намуда, бо як каф дуои сабз ҳамду саногўи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастам ва бахту саодати ҳамешагии тоҷикони рўи ҷаҳонро бо таронаи Ваҳдат хоҳонам!
Оре, вожаи Ваҳдат нерўбахши қалбҳо ва созандаи ҳаёти босафост!
Нодира НАЗАРӢ,
сокини шаҳри Истиқлоли
вилояти Суғд


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин