Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Форел»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Дар доираи “Солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи брендии “Форел”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти хуштарҳу назаррабо дар соҳили Сирдарё бо саҳму иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Муҳсин Шодиев ва ҳамкоронаш бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Иншоот аз 3 ошёна бо таҳхона ва Маркази таомҳои миллӣ иборат буда, аз ҷониби бинокорону ҳунармандони маҳаллӣ бо тарҳи зебо сохта шудааст.

Дар иншоот толори баргузории чорабиниҳои фарҳангию маросими миллӣ, қаҳвахона, ҳуҷраҳои истеъмоли хӯрок мавҷуд буда, зиёда аз 50 нафар ба тайёр намудани таомҳо ва хизматрасонӣ ҷалб шудаанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Форел»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намудандДар тарабхонаи брендии “Форел” асосан навъҳои гуногуни моҳӣ пухта, ба мизоҷон пешниҳод карда мешаванд.

Моҳиро дар ошдону тафдонҳо ва танӯрҳо бо тарзу усули хосса бо истифода аз ҳезум мепазанд. Барои пухтани моҳӣ мутахассисону пазандаҳои корозмудаю соҳибкасб ба кору хизматрасонӣ ҷалб гардидаанд.

Дар ошхонаи дигари Маркази хизматрасонӣ таомҳои миллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешаванд.

Дар Маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи “Форел” бори нахуст таҷҳизоти системаи ягонаи гармидиҳӣ, хунуккунӣ ва ҳавокашии “Чиллер”-и истеҳсоли давлатии Голландия ворид ва васлу насб гардидаанд.

Соҳибкорон бо мақсади ташкили хизматрасонии сатҳи баланд ва муаррифии табиати зебои шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сирдарё ҳавз сохта, бо ҳунару маҳорати пазандаю пешхизматҳо моҳӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳод менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ташаббусҳои соҳибкорони ватаниро дар ободии кишвар шоиста арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки соҳибкор Муҳсин Шодиев ва пайравонаш дар соҳили дарёи Душанбе, дар пойтахти мамлакат низ қаҳвахона бо номи “Форел” таъсис дода, хизматрасонии сатҳи баланд ба роҳ мондаанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин