Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

РУБОИЁТИ Муъмин Қаноат

Озодии мо ба худ расидан будаст,
Дар марҳилае зи худ раҳидан будаст.
Озодии мо на сар ба гардун судан,
Аз тораки хештан ҷаҳидан будаст.

Моем ниҳода сина бар синаи санг,
Ҷўем таҷаллие зи ойинаи санг.
Мо санг шудему санги мо об нашуд,
Аз меҳри гияҳ амону аз кинаи санг!

Роҳе, ки зи Коми Аждаҳо мегузарад,
Аз он дами субҳидам даҳо мегузарад.
Зоди сафараш ниҳод дар мулки Шикай,
Аз раҳгузараш оби бақо мегузарад.

Дар Девдара парӣ надидаст касе,
Аз нахли умед бар начидаст касе,
Бо фотиҳа бигзашт аз ин ҷой ҳаме,
Бо қатра зи Обчак чакидаст касе.

Афтид асо ба обу шаҳпул нашуд,
Умру самараш ба арзи каҷкўл нашуд.
Гар роҳ набуд, мо ҳама роҳ шудем,
Аз ҳосили умри рафта маҳсул нашуд.

Аз марҳилае ба номи Аллоҳ Акбар,
Моро бирасон ба сўи чархи ахзар.
Омад ҳадасе, ки солики роҳгузар,
Аз чоҳ бурун омадӣ, аз Моҳ гузар!

Ин роҳи ҳақиқат аст, афсона куҷост,
Ҷон дар кафи дасти мост, ҷонона куҷост?
Як умр дар ин ҷода иморат кардем,
Паймон нашикастӣ, ёр, паймона куҷост?

Афсўс, зи раҳравон на по монд, на пай,
На нашъаи май баҷост, на нолаи най.
Ёрон ҳама ҷодаҳои худро бурданд,
Ку Борбаде, ки ояд аз шаҳри Нусай?

Ин Дашти Ҷам аст, ҷоми Ҷамшед биёр!
Эй мурғи саҳар, бихону хуршед биёр!
Дар Руму Араб агар надорӣ дасте,
Шо-Носири дигаре зи Ёгед биёр!

Дар кўҳи Камарбанд камар боз макун,
Дар зери самои танг парвоз макун.
Уммеди Зиғар расиданатро чи бурӣ?
Дар нимараҳӣ, раҳи нав оғоз макун!

Меъмори азал аҷаб раҳе сохтааст,
Меъмори наве тарҳи нав андохтааст.
Дар рўи замин чунин раҳе нест, биё,
Меъмор чу кўҳ қомат афрохтааст!
Муъмин Қаноат

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин