Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

УСМОНИ СОЛЕҲ

УСМОНИ СОЛЕҲ
УСМОНИ СОЛЕҲ
Рӯзи 10 июни соли равон баъди бемории вазнин Усмони Солеҳ
(Солиев Усмон Худойназарович), рӯзноманигори маъруф, котиби матбуотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Ваҳдат»-нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз олам даргузашт.
Усмони Солеҳ тамоми ҳаёти ҳушмандонаи хешро сарфи кори матбуот ва таҳкими нақши васоити ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа карда буд.
Вай рӯзи 8 марти соли 1957 ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна шомили бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуд. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти кориашро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз бахшида, ин ҷо аз мусаҳҳеҳӣ то ба дараҷаи муовини сардабири ин нашрияи бонуфузи кишвар расид. Усмони Солеҳ аз ҷумлаи касонест, ки таъсису чопи мунтазами ҳафтаномаи «Минбари халқ»-нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба роҳ мондаанду барои ба яке аз воситаҳои маъруфи иттилоотӣ мубаддал шудани он саҳми калон гузоштаанд. Сипас вай фаъолияти минбаъдаи кориашро ба сифати сардори маркази матбуоти Шӯрои Олии Тоҷикистон, муовини мудир, мудири шуъбаи таблиғот, матбуот ва иттилооти дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ идома дода, масъулияту вазифаҳои ба зимма доштаашро софдилона ва дар сатҳи баланди касбӣ ба ҷо овардааст. Давоми солҳои охир сухангӯи ҲХДТ ва ҳамзамон сармуҳаррири нашрияи «Ваҳдат» буд.
Усмони Солеҳ ҳама ҷое, ки будааст, ба Ватану миллат садоқати бепоён нишон дода, маҳорату малакаи касбии хешро дар роҳи таҳкими ваҳдату ягонагии мардумамон, боло бурдани эҳсосоти ватандӯстиву худшиносӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар ҷомеа ба харҷ додааст. Вай дар ҳама ҷанбаъҳои фаъолияти эҷодӣ завқу салиқаи баланд зоҳир месохт, маҳорати хуби таҳлилӣ дошту баррасии масоили мухталифи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоиро огоҳона ва салоҳиятмандонаву эътимодбахш ба ҷо меовард.
Усмони Солеҳ дар одамият низ фарди шоистаи ибрату ситоиш буд. Дар дӯстӣ содиқ, дар муносибат бо ҳамкорон хоксор, нарму хушмуомила ва накукору омодаи кӯмак, бо ҳазлҳои нозук ҳама гуна ҳолатҳои буҳрониро дар муносибатҳои байниинсонӣ ба эътидол оварда метавонист. Бо хонаводаю фарзандон ғамхор ва мушфиқу меҳрубон.
Хотираи неки Усмони Солеҳ, рӯзноманигори варзида, инсони наҷибу фидокор дар ёди ҳама касоне, ки ӯро мешинохтанд, абадан боқӣ хоҳад монд.
Шӯрои марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин