Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:34 – ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 09:01 – Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 

ПАДАРИ БУЗУРГВОРАМ

ПАДАРИ БУЗУРГВОРАМ

Падарҷон, рафти аз олам,
Зи хиҷрони ту гирёнам.
Бароят синабирёнам,
Падарҷонам, падарҷонам.
Ба ногоҳ аз барм рафтӣ,
Пари боли моро кандӣ.
Ба он дунё сафар кардӣ,
Падарҷонам, падарҷонам.
Нарасиди ба орзуят,
Мубаддал шуд ба ғам туят.
Зи мо гардондаи руят,
Падарҷонам, падарҷонам.
Кунад Яздон туро раҳмат,
Шафоатҳо кунад Аҳмад (с)
Макони ту шавад ҷаннат,
Падарҷонам, падарҷонам.
Салим аз ғусса нолон аст,
Зи чашмаш ашк хайрон аст,
Туро гум карду хайрон аст,
Падарҷонам, падарҷонам.
Падарҷони Меҳрубонам - Ҷоят ҷаннат охиратат обод бошад, қиблагоҳи бузургворам…
Салим Сайвалиевич Гадоев-писари у

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин