Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

ҲАМОИШИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ

Бо ибтикори Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Ҳамоиши илмӣ-амалии байналмилалӣ сайёри куҳӣ бахшида ба Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамчунин барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор барои 2018-2028", "Технологияҳои инноватсионӣ ва дурнамои рушди улуми табии ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ" баргузор гардид, ки ба кори он донишмандони риштаҳои сайёҳӣ, муаррихон, мутахассисони соҳаи об, геоэкология, олимони соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ аз кишварҳои Украина, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Донишгоҳҳо ва марказҳои илмии шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Тирмиз, Хуқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон ва донишкадаву донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Тавре дар суханронии ифтитоҳии хеш ректори донишкада профессор Ансорӣ М.Қ. изҳор дошт, ин ҳамоиш дар заминаи эълони соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бо ибиткори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбари давлат оид ба ҳалли муаммоҳои об ва оғози даҳсолаи нави байналмилалӣ баргузор гардида, мутахассисон аз кишварҳои мухталиф даъват шудаанд. Дар доираи баргузории ҳамоиш нахуст меҳмонон ба куҳтарин ёдгории таърихии милли мо – шаҳри Саразм ошноӣ пайдо намуданд. Ҳамоиш давоми се рўз дар яке аз минтақаҳои маъруфи сайёҳии Тоҷикистон – пойгоҳи куҳнавардӣ- сайёҳии Артуч ҷараён гирифта, меҳмонону иштирокдорон баробари баррасии муҳимтарин муаммоҳои марбут ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сайёра ба имкониятҳои ин минтақаҳои зебои Тоҷикистон, ки воқеан таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст, аз ҷумла мавзеи Кўли Калон ва Кули чуқур ва нуқоти гирду атрофи пойгоҳи мазкур ошноӣ пайдо намуданд. Доктори илмҳои техникӣ, профессори донишгоҳи давлатии Мински Беларусия Михаил Юревич Калинин,ки бахши муҳими пажўҳишҳои ўро муаммоҳои марбут ба об дар сайёра ба вуҷуд овардааст, зимни суханронии илмии хеш бо таваҷҷўҳ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи об бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки воқеан ин барномаҳои аз ҷониби роҳбари давлати Тоҷикистон пешниҳодшуда аҳамияти умумиҷаҳонӣ дошта, мусоидат дар амалкарди онҳо дар саросари олам метавонад дар ҳаллу фасли ин муаммои мубрами ҷаҳонӣ мусоидат намоянд. Корманди Академияи илмҳои Украина, номзади илмҳои техникӣ Наталя Новохатская низ ба захираву имкониятҳои бузурги Тоҷикистон дар самти оби тоза ва минтақаи воқеан дорои шароити хуби сайёҳӣ будани кишвари мо ишорат намуда, таъкид бар он дошт, ки дар ҳақиқат пуштибонӣ аз ташаббусҳои роҳбари давлати Тоҷикистон дар ҳаллу фасли муаммоҳои об барои тамоми мардуми олам муфид ва муассир хоҳанд омад.
Ҳамин тавр, дар доираи баргузории ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ меҳмонони хориҷӣ бо изҳори қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки дар ҳақиқат баргузор шудани чунин анҷумани бисёр бонуфуз барояшон аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки он дар яке аз минтақаҳои муаррифкунандаи имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба таври сайёр баргузор гардида, ширкаткунандагон амалан чунин фазои хеле мусоиди кишвари моро барои ташаккули сайёҳӣ бо чашмони хеш диданд. Тасмим шуд, ки минбаъд дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон ва донишгоҳҳои ширкаткунанда чунин ҳамоишҳои марбут ба пажўҳиши масъалаҳои об ва муаммоҳои ҷаҳонии он, рушди сайёҳӣ, ковишҳо дар ҷодаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба таври муштарак доир гардида, аз ин роҳ баробари анҷоми таҳқиқоти илмӣ, имкониятҳои рушди сайёҳии Тоҷикистон ва захираву имкониятҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии қаламрави он бештару пештар ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳанд шуд.
Муҳаммад ҒОИБ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин