Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:03 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид» 
  • 11:56 – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 09:41 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 09:38 – САММИТИ ИДМ ДАР АШҚОБОД. МУЛОҚОТ ДАР ҲАЙАТИ МАҲДУД ОҒОЗ ГАРДИД: иттилоъ дода мешавад, ки сарони давлатҳо дар ин шакли ҳамоиш масъалаҳои муҳимро баррасӣ менамоянд 

ВАҲДАТОФАР

ВАҲДАТОФАР

Гул ба ҷои хор парвардӣ, зиҳӣ,
Сулҳ баҳри мардум овардӣ, зиҳӣ.

Кина меҳр оғўш кард аз хотират,
Дорӣ ойини ҷавонмардӣ, зиҳӣ.

Халқи бар дарёи ғам афтодаро,
Бар лаби соҳил баровардӣ, зиҳӣ.

Дар раъиятпарварӣ мисли ту нест,
Бар ҳама ҳамрозу ҳамдардӣ, зиҳӣ.

Боғ аз нек асту аз бадхоҳ доғ,
Мулки худро сабзтар кардӣ, зиҳӣ.

Бехатар аз нақбҳоят роҳ шуд,
Нест дигар бим аз сардӣ, зиҳӣ.

Расму ойини низомаш гумшуда
Бар низом аз нав даровардӣ, зиҳӣ.

Дар ҷасорат, дар сиёсат беназир,
Дар ҳама майдон зафар кардӣ, зиҳӣ.

Пояи иқблол сулҳу ваҳдат аст,
Тоҷикистонро дигар кардӣ, зиҳӣ.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин