Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:03 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид» 
  • 11:56 – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 09:41 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 09:38 – САММИТИ ИДМ ДАР АШҚОБОД. МУЛОҚОТ ДАР ҲАЙАТИ МАҲДУД ОҒОЗ ГАРДИД: иттилоъ дода мешавад, ки сарони давлатҳо дар ин шакли ҳамоиш масъалаҳои муҳимро баррасӣ менамоянд 

Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ: намоде аз дӯстии ду миллат

Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ: намоде аз дӯстии ду миллат

Дўстӣ ва рафоқати Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шеърҳои шоирони машҳури тоҷики асри XV – Хоҷа Масъуди Қумӣ, Камолиддин Биноӣ, Амир Суҳайлӣ, Мавлоно Нодирӣ, Ҳилолӣ, Осафӣ, Соғарӣ, Мавлоно Субҳӣ, Саид Ҳасани Ардашер, Ҳофизи Ёрӣ ва дигарон аз ҳамсўҳбатони Навоӣ буданд, низ дар мавридҳои алоҳида дар ҳаққи шоирию фозилӣ ва илтифоту ғамхориҳои Навоӣ суханҳои нек гуфтаанд ва баъзе аз онҳо дар тавсифи ў шеърҳо навиштаанд, ки намунаи барҷастаи дўстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои тоҷик ва ўзбек мебошанд.
Ҳамкории ин ду марди таърихӣ намунаи беҳтарини муносибатҳои бародаронаи ду халқи Мовароунаҳр – тоҷикон ва ўзбекон мебошад. Хидмати бузурге, ки онҳо, махсусан, дар рушди фарҳанги асри XV анҷом додаанд, қиёснопазир аст.
Вақте, ки мо сухан аз дўстии халқҳои тоҷику узбек сар мекунем, ҳамоно пеши назари мо Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Низомуддин Мир Алишер Навоӣ ҷилвагар мегардад.
Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Низомуддин Мир Алишер Навоӣ дар тамоми давраи дўстии худ чӣ дар ҳаёти шахсӣ ва чӣ дар корҳои эҷодӣ ба ҳамдигар мададгор ва ҳамфикру ҳамақида буданд. Ин ду марди олиқадр на танҳо ҳамақида, балки дар муносибат ба якдигар чун устод ва шогирд, падар ва писар буданд. Ашъор ва суханҳои неке, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ҳаққи Алишер Навоӣ гуфтааст, дар давоми робитаи дўстӣ ва ҳамкории онҳо пайдо шудаанд ва онҳо ҳамчун маъхази муҳимми тасдиқкунандаи ин дўстӣ хизмат мекунанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар сарсухани достони худ “Лайлӣ ва Маҷнун” дар ҳаққи дўстӣ сухан ронда, намунаи беҳтарини дўстию вафодориро дар симои Алишер Навоӣ мебинад ва иникос менамояд.
Ёре, ки кунад ба ёр пайванд,
Нахли амалаш шавад барўманд.
Ёр аст калиди ганҷи уммед,
Ёр аст навиди айши ҷовид...
Хоса ки ба боғи ошноӣ,
Бар шохи вафо бувад Навоӣ.
Яъне, ки Навоӣ лутф созад,
Дилҳои шикастагон навозад.
Коре набувад ба ҷои ин кор,
Ёрони ҷаҳон фидои ин ёр.
Абдурраҳмони Ҷомӣ дар маснавиҳояш хирадмандӣ, фазлу дониш, суханварӣ ва қобилияти шоирии Навоиро васф намуда, истеъдоди фавқулоддаи ўро дар эҷоди шеърҳои туркӣ (ўзбекӣ) таъриф намудааст. Чунончи дар хотимаи “Хирадномаи Искандарӣ” гуфтааст:
Ба туркизабон нақше омад аҷаб,
Ки ҷодудамонро бувад мўҳри лаб.
Зи чарх офаринҳо бар он килк бод,
Ки ин нақши матбўъ аз он килк зод.
Дар эҷодиёти Алишер Навоӣ инсон, инсондўстӣ мақоми баландро ишғол мекунад. Ў сарбаландӣ ва хушбахтии инсонро орзў мекард.
Ҳамин ҷиҳати эҷодиёту фаъолияти ў ва намунаи олии инсондўст будани шахсияти Навоиро Абдурраҳмони Ҷомӣ зикр кардааст:
Бале, дар боргоҳи одамият,
Ҷуз ў кам ёфт роҳи маҳрамият.
Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар асарҳои худ инсонпарварӣ, дўстӣ, адолат, муҳаббат, садоқатро тараннум карда, тантанаи адолатро сароида буданд.
Дўстӣ ва рафоқати Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шеърҳои шоирони машҳури тоҷики асри XV – Хоҷа Масъуди Қумӣ, Камолиддин Биноӣ, Амир Суҳайлӣ, Мавлоно Нодирӣ, Ҳилолӣ, Осафӣ, Соғарӣ, Мавлоно Субҳӣ, Саид Ҳасани Ардашер, Ҳофизи Ёрӣ ва дигарон аз ҳамсўҳбатони Навоӣ буданд, низ дар мавридҳои алоҳида дар ҳаққи шоирию фозилӣ ва илтифоту ғамхориҳои Навоӣ суханҳои нек гуфтаанд ва баъзе аз онҳо дар тавсифи ў шеърҳо навиштаанд, ки намунаи барҷастаи дўстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои тоҷик ва ўзбек мебошанд. Камолиддин Биноӣ Навоиро чун шахси пешқадам, мутафаккир, “фозили фозилон” тавсиф намуда;
Фозили комиле – фосеҳзабон,
Ба Алишер мўҳташир ба ҷаҳон...
Доимаш дар авоқиб андеша.
Шоире дар ниҳояти таҳқиқ,
Мўшикофе ба ғояти тадқиқ,
Дар бару баҳр номи ў машҳур,
Ҳамчу номаш каломи ў машҳур...
Буд дар форсию туркӣ хуб,
Форсӣ хубу туркияш марғуб.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳар яке аз ин бузургон ситораи тобоне дар осмони маърифат буданд ва то кунун нуру зиёи онҳо коста нагардидааст. Ҳар яке аз ин донишмандон нобиғаи беназиру беҳамто дар ҳамаи риштаҳои илму фарҳанг буданд.
Ҳамчун рамзи дўсти байни халқҳои Тоҷикистону Ўзбекистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар боғе ба номи Мир Алишери Навоӣ гузошта шуд ва қарор аст муҷассамаи ин ду марди бузург дар он поягузорӣ шавад.
М.Каримов,
сардори Маркази
такмили ихтисос

рейтинг: 
Оставить комментарий
Народ кому интересно нашла уникальный торрент плеер Kino-Torrent версия PRO
Все фильмы, сериалы и мультфильмы в одной программе - просмотр и скачивание. Бесплатно и без рекламы.
Быстрый поиск по всему рунету. Обновления фильмов точно в день выхода в кинотеатрах.
Сегодня добавленно: "Мег: Монстр глубины" "Днюха!" "Mamma Mia! 2"
Скачать Kino-Torrent версии стандарт можно с офф сайта: KinoTorrentSetup
Скачать Kino-Torrent версии PRO (Nulled) можно здесь: KinoTorrentPro
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин