Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Қатли модар амали ғайриинсонӣ аст

Қатли модар амали ғайриинсонӣ аст
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қатли модар аз сӯи фарзанд дар Сурияро амали нангин ва бадхоҳона нисбат ба Ислом дониста онро маҳкум кард.

Саидмукаррам Абдуқодирзода дар посух ба саволи хабарнигори «МХ» дар ин робита гуфт: - Ин як амали ғайриисломӣ ва ғайриинсонӣ буд, ки ба ҳадафи бадном кардани Ислом ва мусалмонон сурат гирифтааст.

Ин мақоми динии кишварамон инчунин таъкид кард: - Инсони солим ҳеҷ гоҳ ба чунин коре нафақат даст намезанад, балки андешаи чунин амалро ба мағзи худ ҷой намедиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ҷавоне, ки ин ҷиноятро содир кард, эҳтимолан гирифтори бемории равонӣ аст, вагарна нисбати модари худ чунин амалро раво намедид.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон анҷоми намоишкоронаи ин ҷиноятро заиф нишон додани арзишҳои инсонӣ ва ба ин васила латма ворид кардан ба Ислом унвон кард.

Хабарҳо дар бораи ба қатл расондани як зани тақрибан 40 сола дар шаҳри Рақа, дар шимолу шарқи Сурия ва минтақае, ки таҳти тасарруфи нерӯҳои Давлати Исломӣ қарор дорад, рӯзи 8 январ дар воситаҳои ахбори омма паҳн шуданд.

Бар асоси гузоришҳо, модар мехост фарзанди 20 солааш сафи террористони тобеи Давлати Исломиро тарк карда, ба ҳаёти осоишта баргардад.

Гуфта мешавад, модари ин ҷавони террорист, ки дар созмони ҳифзи ҳуқуқи Сурия кор мекард, пас аз он ки имкони мулоқот бо ӯро пайдо намуд, аз вай хост ҳамроҳаш аз қаламрави таҳти назорати гурӯҳҳои террористон берун равад ва аз узвият дар ДИИШ ҳам хориҷ шавад.

Тибқи гузоришҳо, модар ба фарзанди раҳгуми худ гуфтааст, ки худованд афроди ба тахрибу куштор машғул ва бо эътилофи байналмилалӣ муқовиматдоштаро дер ё зуд ҷазо хоҳад дод.

Аммо фарзандаш, ки Алӣ Сакро ном дорад, дар посух ба ин суханон модарро кофир эълон кард. Фарзанди нохалаф пас аз он ки бо тақозояш саркардаҳои Давлати Исломӣ модарашро ба марг маҳкум намуданд, ӯро бо дастони худ ба қатл расонд. Бисёриҳо дар ҷаҳон пас аз огоҳӣ ёфтан ин амали ваҳшиёнаро маҳкум карданд.

Ихтилофҳои мусаллаҳона дар Сурия аз соли 2011оғоз шуда ва бар асоси гузориши созмонҳои байналмилалӣ дар ин муддат беш аз 220 ҳазор нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.
©Ю.Солеҳ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин