Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Муаммои Хазинаи Олимхон

Муаммои Хазинаи Олимхон
Дар бораи хазинаҳои нопадидшуда қиссаҳо аз даҳон ба даҳон мегузаранд. Имрӯз ҳам ба воситаи таҷҳизоти навтарин аз қаъри баҳру уқёнусҳо ҷӯяндагон боигарии ғарқшудаи киштиҳоро ҷустуҷӯй мекунанд.

Хазинаи охирин амири сулолаи Манғитиҳо, ки дар аввали асри гузашта аз Бухоро баромада, дар нимароҳ нопадид гардидааст, аз маъруфтарин муаммоҳо маҳсуб мешавад.

Инқилоби Октябр, ки бо ғалабаи худ сохти подшоҳиро дар Русия барҳам зад, таҳкурсии шоҳии сулолаи манғитиёнро низ ба ларзиш оварда, охирин амири ин сулола - Олимхон барои аз шуълаи инқилобӣ дуртар кӯчонидани маркази аморати худ омодагӣ гирифт. Мушкилоти майнашикофе, ки амир Олимхонро лаҳзае ором гузошта наметавонист, кашонидани хазинаи дарбораш буд. Ба ҷои бехавфтар бурдани тангаву тилло, дурру гуҳари садсолаҳо ҷамъоварӣ шуда, ки ба арзиши онрӯза 150 миллион рубл нархгузорӣ карда мешуд, кори саҳлу содда набуд. Танҳо барои бурдани 10 тонна тилло садҳо аспу шутур лозим буд. Кӯшиши бо воситаи миёнаравҳои ҳолдону сирдон аз ҳукумати Англия дархост намудани ҳифозати боигарии хазинаи аморати Бухоро бенатиҷа анҷом ёфт. Ин хоҳиши Олимхон аз ҷониби англисҳо рад шуд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ барои амир дар кӯҳистони ҳудуди сарзамини худ пинҳон кардани хазина ягона роҳ боқӣ монд. Дар майнаи Олимхон ҷои хазинаи оянда тарҳрезӣ гардид. Рӯзи ба роҳ баромадани боигарии амир ҳам фаро расид. Корвони аз аспу шутурҳои пур аз нуқраву тилло ва сангҳои қимматбаҳо аз Бухоро ҷониби деҳоти Ғузор роҳ пеш гирифт. Роҳи минбаъдаи корвониён баъдтар ба ҷониби деҳаи кӯҳии Лангар (вилояти имрӯзаи Қашқадарё), ки дар кӯҳҳои Яккабоғи қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир мебошад, тоб хӯрд. Тахмин меравад, ки аз ин мавзеъ роҳи минбаъдаи корвон ҷониби арчазорони Хонтахта, ки иқлими мусоиди он амир Олимхонро дар фаслҳои гармои Бухоро тез-тез сӯи худ мекашид, идома меёбад. Дар баробари чашмасорони мусаффову ҳавои салқин ин мавзеъ ғору жарфҳои табиии зиёде дорад, ки аз назарҳо пинҳон доштани ҳама гуна молу манол мушкилотеро ба бор оварда наметавонист.

Мегӯянд, ки ба корвон муҳофизи шахсии амир Қаропӯш ва шахси бовариноки амир Олимхон Даврони дарвеш сарварӣ менамуданд. Шумораи корвониён беш набуд. Аз сирри ба ҷои дигар кӯчонидани хазина сарвари сипоҳиёни дарбор Низомиддин низ бохабар буд. Тахмин меравад, ки дар ким - кадом ғори кӯҳӣ хазинаи амир аз назари бегонагон пинҳон карда шуд. Қаропӯш бо чанд сипоҳӣ макони паногоҳро ҳамаҷониба санҷид. Корвониён роҳи бозгаштро пеш гирифтанд. Такдири минбаъдаи шоҳидони ҳол мисли кулли ҳодисаҳои олами ҷиноии ба сармоя марбут қариб, ки дар асоси сенарияи якхела сурат гирифт. Шоҳидон дарҳол яке паси дигаре сирри хазинаро якумрӣ ҳамроҳи худ ба гӯр бурданд. Қаропӯш ҳанӯз дар роҳ Даврону ду ҳамроҳи ӯро ба ҷаҳаннам фиристод. Чун ба Бухоро расид ва аз бо муваффақият иҷро шудани супориш ба амир Олимхон ҳисобот дод. Худи Қаропӯш бо дасти ҷаллоди дарбор буғӣ карда шуд. Дере нагузашта сарвари сипоҳиёни дарбор Низомиддин низ парронида шуд. Аз шоҳидон касе ҷон ба саломат бурда натавонист. Бар замми аз миён бурдани шоҳидон солҳои сиюм хешу табори Даврону Қаропӯш низ аз ҷониби силоҳбадастони аз сарҳади Афғонистон ба қаторкӯҳҳои Ҳисор омада, несту нобуд карда шуданд. Амир Олимхон, ки боқии умри худро дар Афғонистон гузаронидааст, бо мақсади ба ин сарзамин кашонидани хазинаи худ чандин маротиба кӯшиш кардааст, вале ба ягон нафар дарёфтани макони пинҳон кардаи хазина муяссар нагардидааст.

Мегӯянд, ки Олимхон то охирин дақиқаҳои умри худ хазинаи зери хок мондаи худро, ки арзиши танҳо 10 тонна тилло тахминан 70-80 миллион доллари амрикоӣ баҳогузорӣ карда мешавад, аз ёд бароварда натавонист.
©«МХ»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин