Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Бозие, ки 12 сол офарандаи Шоҳмотро мот кард

Бозие, ки 12 сол офарандаи Шоҳмотро мот кардҚадимтарин бозие, ки тӯли ҳазорсолаҳо шуғли писандидаи мардумони Шарқ буд, бозии нард аст. Ҳарчанд муаррихон то ба ҳол таърихи пайдоиши ин бозиро аниқ муайян накардаанд, аммо ба даврони беш аз 5.000 солаи то милод мансуб будани ин шуғли сокинони Машриқзаминро яқин намудаанд, ки инро бозёфти таърихии зерин собит менамояд: Тахтаи бозии нард, ки аз сағонаи фиръавн Тутанхамон (асри 15 то милод) сохта шудааст. Бостоншиносон замони сохта шудани онро беш аз 5.000 соли то милод тахмин менамоянд, ки далели куҳан будани ин шуғли писандидаи мардуми Шарқ собит месозад.

Ривояте мавҷуд аст, ки ҳиндуҳо бо мақсади санҷидани донишу маҳорати мардумони форс ба онҳо бозии шоҳмотро мефиристанд. Ҳиндуҳо боварии комил доштанд, ки форсҳо аз ӯҳдаи фаҳмиши ин бозӣ баромада наметавонанд. Аммо вазири оқилу доно Бузургмеҳр натанҳо сирри ин бозиро бо осонӣ дарёфт, балки ба ҳиндуҳо бозии форсҳо - Нардро пешниҳод намуд. Ба мутафаккирони ҳинд лозим омад, ки барои дарёфти сирри ин бозӣ 12 сол фикр кунанд.

Дар нахуст бозии нард хусусияти символикию мистикӣ дошт. Ситорашиносони форсӣ бо ёрии тахтаи нард тақдири мамлакату шоҳонро пешгӯӣ мекарданд. Майдони бозии рӯи тахта барои онҳо осмон ва гашти донаҳои нард ҳаракати ситораҳо буд. Тахтаи бозии нард аз шаш хонача иборат буд, ки ба ҳисоби вақт робита дошт. Дувоздаҳ қитъа дар ҳар ду ҷониби тахта дувоздаҳ моҳ, ба чор самт тақсим шудани тахтаи нард чор фасли солро нишон медод. 24 нуқта бисту чор соати шабонарӯз, 30 адад донаҳои бозӣ 30 рӯзи моҳ дониста мешуд. Ҳаракати донаҳо дар рӯи тахта шабеҳ ба ҳаракати ситораҳои осмон буданд. Ҷамъи холҳои донаҳои бозӣ шумори ҳафтро нишон медод, ки ин шумори сайёраҳои маълумшудаи он замона буд.

Он рӯзҳо тахтаи нард аз чӯб ё санг тарошида мешуд. Донаҳои бозӣ бошанд ё аз санг тарошида мешуд ё аз лой.

Бозие, ки 12 сол офарандаи Шоҳмотро мот кардАз даврони қадим дар сарзамини Форс ин шуғл Нард номид дошт. Қавмҳои туркзабон ба шумораи шаши тоҷикӣ беши туркӣ илова намуда, ин бозиро шашу беш ном ниҳоданд. Баъди юришҳои салибии масеҳиён аврупоиҳо ин бозиро хуш қабул карда, бо худ бурданд. Дар Аврупои ғарбӣ оғоз аз асри XII – бозгашти иштирокчиёни юришҳои салибӣ нард шуғли дӯстдоштаи сокинони ин қитъа гардид. Аврупоиҳои он замона ба бозӣ тарақ–туруқ номгузорӣ карданд. Шояд садои ба тахта бархӯрдани саққочаҳои устухонии нард талқин намуда буд, ки нарди қадима дар ин қитъаи дунё чунин номгузорӣ карда шавад. Баъдан дар ҳар кишвар бо номҳои гуногун нард номгузорӣ шуд. Испаниҳо нардро tablero, намисҳо bretzpiel, юнониҳо diagramizmoz, итолиявиҳо tavoia reale, фаронсавиҳо trick-track, англисҳо bacrgammon ном мебаранду он дар саросари сайёра бозида мешавад.

Бозии нард тӯли ҳазорсолаҳо қариб, ки тағйир наёфтааст. Ҳарчанд ин бозӣ моли ҳаққонии мардумони Форс мебошад, қоидаи бозии нард дар соли 1743 аз ҷониби марди англис Эдмонд Хойл пешниҳод гардида, имрӯз мақбули ҷаҳониён мебошад. Соли 1931 бошад, қоидаи бозии Нард дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка қабул карда шуда, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид. Вобаста ба он ки феълан дар бештари шаҳрҳои ҷаҳон клуби дӯстдорони Нард амал намуда, мусобиқаҳои мухталиф гузаронида мешаванд, Нард шуғли писандидаи омма буд ва боқӣ хоҳад монд.
©Маъруфи Бобораҷаб
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин