Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

Нури хирад

Нури хирад
Дар дунёи мусиқии классикии тоҷик, яке аз дастовардҳои бузурги миллӣ санъати мақомхони мебошад, ки он таи қарнҳову замонҳои мухталиф дар ҳамбастагӣ бо дигар анвои ҳунарҳои зебову падидаҳои назми классикии тоҷик, инкишоф ва ташаккул ёфтааст.

Шашмақом – маҷмӯи бузурги оҳангу таронаҳои силсилавии мусиқии классикии мо мебошад, ки зимни таҳқиқи маълумоти сершумори дастхатҳои қадимӣ, ахбори ровиёни таърих ва ҳунари волои мутрибони замон, то имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги миллати тоҷик шинохта ва эътироф шудааст.

Ин шоҳасари савту калом дар шакли ба мо расидааш аз мақомҳои «РОСТ», «БУЗУРГ», «НАВО», «ДУГОҲ», «СЕГОҲ» ва «ИРОҚ» иборат буда, аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва услуби махсус баробари як достони бузургҳаҷми мусиқӣ башумор меравад.

Қобили зикр аст, ки шашмақом қадимтарин мусиқии шарқист ва давраҳои ташшакули ӯ мутааллиқ ба сарзамини тоҷикон аст.

Шашмақом ҳанӯз дар давраи Сосониён инкишоф ёфта, ба расмият ворид гардида буд. Маҳсусан шоҳони Сосонӣ – Баҳроми Гӯр ва Хусрави Парвиз ба ҳунари ромишгарӣ аҳмияти махсус дода, эътибор ва мартабаи соҳибони ин касби нозукро ба зинаи баланди давлатӣ ва ҷамъиятӣ боло бардоштаанд. Маҳз дар замони ҳукмронии Хусрави Парвиз буд, ки Борбади Марвазӣ ба дарбори шоҳ раҳ ёфту мақому манзалати олӣ пайдо кард. Ин ромишгари мумтоз ҳунари навозандагӣ ва маҳорати овозхониро дар сатҳи олӣ қарор дода буд.

Дар саҳифаҳои китобҳои қадим доир ба таърихи мусиқӣ номҳои ромишгарони то исломӣ Дилороми Чангӣ, Борбад, Нақисо, Саркаш ва дигарон сабт шудаанд, ки тавассути ҳунар ва истеъдоди онҳо пойдевори азими бинои мақомҳо, гузошта шуд. Дар баробари ин, метавон ёдовар гардид, ки як идда жанрҳои бадеии замони то исломӣ, масалан шеърҳои нави «хамрия», ки тибқи маълумотҳои таърихӣ дар базмҳои ҷамшедӣ суруда мешуданд, дар давраи ташаккули шашмақом низ ба шакли нав шеъру сурудҳои навъи «соқинома» табдил ёфтанд, ки баъдан дар асоси онҳо бахши махсуси мақомҳо – Соқиномаҳо тасниф шуданд.

Мувофиқи маълумоти рисолаҳои мусиқии асрҳои 13-то 17 «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон яке аз сарчашмаҳои асосии ташаккул ва инкишофи шашмақом «Дувоздаҳмақом» ба шумор меравад, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим дар Эрону Озарбойҷон, Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳирот ва дигар марказҳои фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон маъмул гардида буд. Мусиқишиносони қадим «Дувоздаҳмақом»-ро ҳамчун падидаи олии мусиқии суннатии ирфонӣ шарҳ додаанд.

Суннатҳои ҳирфавии «Дувоздаҳмақом», ки дар заминаи анвои гуногуни мусиқии тоҷикӣ ба монанди «Савт», «Тарона», «Нақш», «Кор», «Тасниф», «Гардун», «Амал», «Уфар» ташаккул ва инкишоф ёфтаанд, то ба имрӯз ҳамчун жанрҳои алоҳидаи мусиқӣ дар Бухоро, Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва дигар манотиқи мамлакат маъмул мебошанд ва ҷараёни эҷодии падидаи тозаи онҳо имрӯз низ идома дорад.

Аз муҳтавои сурудаҳои «Шашмақом» бармеояд, ки ҳама матни шеърие, ки дар шашмақом иҷро карда мешавад, асосан аз ашъори бузургони назми классикии форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бедил, Сайидо, Зебунисо ва Ҳилолӣ мебошанд. Инчунин, чанд нафар олимон ба мисли Форобиву Сино, Абдулфараҷи Исфаҳонӣ ва Қутбиддини Шерозӣ, Кавкабии Бухороӣ ва Дарвешалии Чангӣ асарҳо дар боби мусиқӣ офаридаанд.
[center]Нури хирад[/center]Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии ташаккули Шашмақом, дар асри 19 ва аввали асри 20 устодони мақомсаро аз осори шоирони маъруфи Бухоро -Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Исо Махдуми Кӯлобӣ, Суръати Бадахшонӣ, Хазонии Қаротегинӣ, Парии Ҳисорӣ, Маҳрами Бухороӣ ва Шамсиддин Шоҳин бамаврид истифода бурдаанд

Бори аввал дар таърих соли 1924 бо ташаббуси Абдурауф Фитрат Шашмақом ба адвор дароварда шуд ва дар шаҳри Маскав ба таъб расид.

Дар соли 1947 бо ташаббуси бевоситаи устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон низ шашмақом ба нота гирифта шуд ва дар он вақт хатмкунандагони Консерваторияи давлати шаҳри Москва Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳҳобов ва бузургтарин донандаи санъати мақомхонӣ Бобоқул Файзуллоев сафарбар шудаанд. Барои ҷилди аввал яке аз олимони машҳури Шӯравӣ, шарқшиноси маъруф Евгений Эдуардович Бертельс таҳти унвони «Назми Шашмақом» сармақолаи пурарзиш навишта бо ҳамин дар тақдири минбаъдаи мусиқии классикии халқи тоҷик саҳми арзандае гузошт.

Соли 1979 дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода кафедраи мусиқии халқҳои Шарқ таъсис ёфт ва минбаъд таълими сарояндагон, навозандагон ва муҳақкиқони Шашмақом дар мабноӣ илмӣ ва дар сатҳи маълумоти олии касбӣ ба роҳ монда шуд.
[center]Нури хирад[/center]Ва хушбахтона беҳтарин устодони мусиқии классикӣ ба монанди Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова,

Боймуҳаммад Ниёзов, Нисон Шоулов, Авнер Аминов, Алмос Абдуллоев, Абдуназар Ҳасанов Музаффар Муҳидинов, арӯзшиноси номи Абӯбакр Зуҳуриддинов ва дигарон ба тарбияи насли нави мақомсароён ва мутрибон фаъолият оғоз карданд.

Таи солҳои гуногун дар донишкада устодонӣ мусиқи Мирзоқурбон Солиев, Мамадато Таввалоев, Одина Ҳошимов, Нериё Аминов низ ба донишҷӯёни кафедра маҳорат омӯзонидаанд.
Нури хирадТаълими Шашмақом, фалакхонӣ ва дигар анвои мусиқии суннати имрӯз ҳамчунин дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд ва Академия хусусии мақоми назди Хазинаи Оғохон дар шаҳри Душанбе бомуваффақият идома дорад.

Нашри шашҷилдаи шоҳасари мусиқии халқи тоҷик Шашмақом бо ташаббус ва дастгири бевоситаи Призиденти мамлакат сурат гирифт. Ханӯз соли 2003 ташкилоти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар ҷаласаи унвонномаи нодиртарин падидадаҳои бадеӣ – эстетикии оламро баррасӣ карда, бори нахуст дар сатҳи ҷаҳонӣ Шашмақоми тоҷикро низ ҳамчун шоҳасари мероси мусиқии шифоҳии олам эълон намуд.

Дар нашр ва таҳрири нави матнҳои Шашмақом устодони забардасти имрӯза Алмос Абдуллоев ва Музаффар Муҳиддинов зери роҳбари бузургтарин донандаи илмҳои санъатшиносӣ, прфессор Аслиддин Низомов инчунин бо машварати ҳунарманди маъруф Боймаҳмад Ниёзов саҳми босазо гузоштаанд ва пешкаши мухлисон кардаанд.

Дар маҷмӯъ дар ин шоҳасари бузурги ниёгон, ки намунаи назми оламшумули тоҷикист, рӯҳи мардуми маърифатпарвари моро болида месозад, Имрӯз, ки дар қалби ҳар як фарди тоҷик ифтихор аз шукӯҳи давлати соҳибистиқололи Тоҷикистон маъво гирифтааст, эҳё намудани суннатҳои фарҳангии миллатамон вазифаи муқадасси ҳар яки мост.
Тағоймурод Орифӣ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин