Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

Расул бифиристед

Расул бифиристед
Тӯли солҳо перомуни масоили муносибат ва рафтору ахлоқи инсонӣ баҳсҳои зиёде идома доранд. Назарҳо мутобиқи давраҳо гуногунанду андешаҳое ҳам зиёд, ки ҳатто асрҳо наметавонанд қимати баъзе аз онҳоро бикоҳонанд.

Зимни як суҳбате перомуни тарбияи фарзанд андешаманди тоҷик Нодир Одилов гуфт: «Тарбияро ҳанӯз пеш аз он ки тифл дар батни модар пайдо шавад, бояд сар кард». Суолаш кардем, ки дар ин бора зиёд мегӯянд, вале роҳи яқин кадом аст?

Гуфтаҳояшро бо таъкид аз Қуръони азимушшаън чунин ташреҳ дод:

– Расули Акрам мефармоянд: пеш аз муносибати маҳрамона бо ҳамсар анҷом шавад, ба ӯ расул бифиристед. Яъне, то висол бо ҳамбистаратон бо навозиш, ишора, сухани ширин ва ғайраҳо ба вай бифаҳмонед, ки дӯсташ медоред ва ҷӯёи висолаш ҳастед. Дар ин ҳол дар батни зан тухмае кошта мешавад, ки аз он фарзанди хоста, яъне бо муҳаббат тавлидшуда ба дунё меояд ва ин ҳатман ба хислату рафтораш дар оянда бетаъсир нахоҳад монд.

Пас, ҳамсарон бояд дар хотир бигиранд, ки фарзанд аз оғоз ( аз нутфа дар батни модар) бояд бо меҳру муҳаббат дар вуҷуд шакл бигирад, баъд ба дунё биёяд. Зеро маъмулан фарзанде, ки меҳрбунёд нест, ҷоҳил ва арбадаҷӯ мешавад. Дар ботини вай эҳсоси муҳаббату накӯкорӣ кам дида мешавад. Чунин нафарон аксаран дузд, одамкуш, фоҳиша, хиёнаткор ва ватанфурӯш мегарданд. Онҳо ҳар гуна оила ва ҷомеаро носолим гардонида, мавқеи худро дар зиндагӣ намеёбанд. Дар хонаводае, ки муҳаббату дӯстдорӣ асли зиндагонист, аҳли он бар накӯиву зебоипарастӣ ва ростиву адолатпешагӣ рӯ меоранду худ зиндагӣ ва одамонро дӯст медоранд. Дар ниҳоди фарзандон тухмаи меҳру муҳаббатро бикоред, то ҳосилаш пур аз ишқ бошад.
Ҳуриннисо Ализода
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин