Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

Моҳи Рамазон: пул беҳтар ё имон?

Моҳи Рамазон: пул беҳтар ё имон?
Аллакай аз моҳи шарифи Рамазон, моҳи тавбаву надомат, махфирати гуноҳон ва моҳи хайру сахо ҳафтаи сеюм сипарӣ мешавад. Дар ин моҳ Худованд дари файзу баракат ва раҳму шафқатро барои бандагонаш боз кардааст. Дар аксар кишварҳои мусулмоннишин дар ин моҳи муборак дар бозорҳо нархҳо поин мешаванд, то ин ки мардум қобилияти харидорӣ дошта бошанд.

Тайи солҳои охир давлату Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар бозорҳои Ватани азизамон ин анъана ҷорӣ гардад. Аз ҷумла нархи маводи аввалия- орд, равған, гӯшт, шакар, биринҷ, картошка ва пиёз нисбатан арзон карда шавад. Баъзе соҳибкорони хайрандеш дар ин моҳи муборак маҳсулоти хешро арзон менамоянд, то ки хайру савоб дарёбанд.

Бо мақсади фаҳмидани нарху наво роҳ пеш гирифтем ба бозори марказии шаҳри Турсунзода. Маълум гардид, ки дар ин моҳи муборак ҳамаи растаҳои фурӯши маводи хӯрока ва дӯконҳои гӯшт фаъолияти бонизом доранд. Ҳолати санитарии бозор хуб буда, ба тозагӣ бояду шояд риоя мешавад. Сардкунакҳои дӯконҳои фурӯши гӯшт ва мағозаҳо кор мекунанд.

Нархи баъзе анвои хӯрока мисли пештара бошад ҳам, вале арзиши маводи ниёзи мардум, ки ҳамарӯза онро истеъмол мекунанд, якбора боло рафтааст. Чӣ ҷаҳиши ноодилона! Аслан дар назари аввал ин болоравӣ он қадар ҷиддӣ наметобад, зеро ба шахсоне, ки даромади зиёд доранд, 2-3 сомонӣ чизе нест, аммо барои мардуме, ки ба як сомон имрӯз ниёз доранд чӣ?

Нархи ин маҳсулот дар ин бозор чунин буд:

1кг помидор - 5 сомонӣ, бодиринг- 4 сомонӣ, гелос-12 сомонӣ, қаламфури булғорӣ -8 сомонӣ, як дона тарбуз -12 сомонӣ, ҳандалак -5 сомонӣ, олуча - 7 сомонӣ, зардолу - 4 сомонӣ, 1 кг шоҳтут -10 сомонӣ, 1кг гӯшти гӯсфанд -30 сомонӣ, 1кг гӯшти гов - 32 сомонӣ, 1кг нахӯд -18 сомонӣ, лӯбиё -7 сомонӣ, 1 дона тухм …ва билохра нархи 1 кг чакка аз 5 сомонӣ якбора ба 9 сомонӣ ҷаҳидааст.

Танҳо дар дӯконҳое, ки ба Ҷамъияти «Тоҷикматлубот» тааллуқ дорад, нархи гӯшти гов 30 сомонист. Дар он ҷо низ бо илова намудани устухонпорае 32 сомонии харидорро мегиранд. Хостем сабаби ҷаҳиши ногаҳонии нархҳоро дар ин бозор аз Амиршо Ахмедов, сарназоратчии бозори марказии шаҳри Турсунзода бипурсем, вале мавсуф рӯзадории худро баҳона пеш оварда, зимни як суҳбати телефонӣ танҳо гуфт, ки болоравии нархҳо ба ӯ ягон алоқамандӣ надорад ва ё маъмурияти бозор наметавонанд ба фаъолияти «соҳибкорон» дахолат намоянд.

Хеле хуб, агар қазияи мазкур ба маъмурияти бозор вобаста набошад, пас баъзе ҳаннотон, ки худро «соҳибкор» магӯянд ва маҳсулоти деҳқонро аз ӯ бо нархи арзон мегиранд ва бо қиммати дучанд мефурӯшанд, ба кӣ итоат мекарда бошанд? Ва ё зери ин коса нимкосае ҳаст?..

Имрӯз баъзе «соҳибкорон»-и мо рисолати касбияшонро иҷро накарда ба ҷои кори деҳқонро осон намудан, баръакс ба ӯ мушкил эҷод менамоянд. Агар «соҳибкор»-и ҳақиқӣ ба назди деҳқон рафта, маҳсулоти ӯро аз сари полезаш дар асоси мувофиқаи тарафайн харида, пасон худаш ба бозор оварда фурӯшад, шояд нархи маҳсулоти ватанӣ то як андоза коҳиш ёбад.

Барои мисол деҳқонеро меорем, ки пиёз коридаасту муддати 8-9 моҳ бо машаққати зиёд онро нигоҳбонӣ намуда, вақт сарф кардааст, вақте пиёзашро ба бозор орад «соҳибкор» бо сад ҳиллаву найранг маҳсулоти тайёрро харида, ба нархи харидааш маблағ зам намуда мефурӯшад. Пас Куҷост инсофу мусулмонии ин гуна «соҳибкор».
Оё ин проблемае нест, ки маъмурияти бозорҳо ба он таваҷҷуҳ зоҳир намоянд? Алалхусус дар моҳи мубораки Рамазон.

Вобаста ба ин мавзуъ хостем андешаи шаҳрвандонро фаҳмем. Як сокини шаҳраки куҳна Қурбоной Маҳкамова, модари 5 фарзанд иброз дошт, ки ҳафтае пеш аз омадани моҳи Рамазон ӯ 1кг нахӯдро 10 сомонӣ ва 1кг лӯбиёро 8 сомонӣ харида буд. Имрӯз нархи нахӯд якбора 18 ва лӯбиё бошад, 11 сомонӣ шудааст. Ӯ афсӯс мехӯрад, дар шароите, ки имрӯз наметавонистам барои фарзандонам гӯшт бихарам, аз маҳсулоти донагӣ хӯрок мепӯхтам, ки ғизонокиаш каме баландтар аст. Вале дар моҳи шарифи Рамазон баръакс дастам ба харидории ин ҳам намерасад. Модари дигар Сафармоҳ Холиқова гуфт, ки тифли навзод дораду шири хушке «Нутрилак», ки барои фарзандаш доим 28 сомонӣ мехарид, бо сабабе, ки Рамазон асту модарон бештар баҳри ҳимояи худ ба он рӯ меоранд, якбора 32 сомонӣ шудааст.

Ин ҷо пешниҳоде доштем, ки агар маъмурияти бозор барои арзон кардани нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ чорае андешиданианд, пас нақлиёте ҷудо намоянду ба сари полези деҳқон рафта маҳсулоташро рост ба бозор оранд. Шояд ин барои каме паст намудани нарху наво мадад кунад. Ё худи соҳибкорон ба назди деҳқонон рафта бевосита аз худи онҳо харидорӣ намоянд ва харидорони бозор аз дасти дуюм маҳсулот харидорӣ намоянд.
Нодираи Муҳаммадзода
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин