Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Дар Тоҷикистон Намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ «Гавҳари Роҳи абрешим» доир хоҳад шуд

Дар Тоҷикистон Намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ «Гавҳари Роҳи абрешим» доир хоҳад шуд
/АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Намоиши байналмилалии рассомон барои сулҳ таҳти унвони «Гавҳари Роҳи абрешим - Тоҷикистон рӯи худро ба ҷаҳон мекушояд ва ҷаҳон Тоҷикистонро дарк менамояд!» баргузор мегардад.

Намоиш аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии рассомон баҳри сулҳ, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Маркази фарҳангии табодул «Саёҳат ба хотири сулҳ» бо ҳамкории Бунёди мукофоти сулҳи Роҳи абрешим ва Бунёди аврупоию чинии фарҳанг ва маълумот таҳти сарпарастии ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида мешавад.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ташрифи меҳмонон ва рассомон аз 45 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Ҳамчунин меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор, ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва боғи Ирами пойтахт дидан мекунанд ва дар мавзеъҳои мазкур барои рассомон пленэр ташкил хоҳад шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин