Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:34 – Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ 
  • 11:27 – 5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид 
  • 10:20 – Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кор шурӯъ кард 
  • 10:17 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд 

3110 нафар занони хатлонӣ дар бахши ҳунарҳои мардуми фаъолият доранд

3110 нафар занони хатлонӣ дар бахши ҳунарҳои мардуми фаъолият доранд/АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ба масъалаҳои шуғли занон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар вилоят ҷиҳати мусоидат намудан ба ин масъала Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолон» таъсис ёфта, 9 филиали он дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ёвон, Қубодиён, Дӯстӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик ва Шамсиддини Шоҳин фаъолият намуда, аз рӯи асосҳои омӯзишии компютерӣ, дӯзандагӣ ва муҳосибӣ ба занону духтарон касб меомӯзонанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гурӯҳҳои пазандагӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кӯрпадӯзӣ, қолинбофӣ, намадбофӣ, гилембофӣ, ҷӯроббофӣ ва гаҳворасозӣ ташкил карда шуда, 3110 нафар занону бонувони хонанишин бо истифодаи ҳунарҳои мардумӣ машғули кор мебошанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин