Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

Вазорати фарҳанг: Корҳои омодагӣ ба пешвози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ оғоз гардиданд

Вазорати фарҳанг: Корҳои омодагӣ ба пешвози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ оғоз гардидандДар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2016 ва самтҳои минбаъдаи афзалиятноки рушди соҳаи фарҳангу санъат ва табъу нашр дар соли 2017 баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.

Ҳайати мушовараи вазорат бобати таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат, фароҳам овардани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ, тағйироти иҷтимоию фарҳангӣ дар мамлакат, такмили фаъолият, беҳтар намудани сифату самараи фаъолияти муассисаҳои эҷодӣ-касбӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, табъу нашр, рушди таҳқиқоти илмӣ, таъминоти методии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар ҷаласа Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва рӯзҳои фарҳанг ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеъ дастуру супоришҳои қатъӣ дода, оғози корҳои омодагиро ба пешвози ин санаҳои муҳими кишвар таъкид сохт.
khovar.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин