Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:46 – НАҚДИ ТААССУБГАРОӢ ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРС - ТОҶИК 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 13:31 – ДАСТОВАРДҲО МОРО БА КОР ДИЛГАРМ МЕКУНАД 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 

Аз некон боғ

Аз некон боғ

Арафаи иди наврўзи соли гузашта бо як дўсти наздикам бо зарурате ба ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ рафтем. Ҳангоми гашту гузор дар бозори марказии ноҳия растаи ниҳолфурўшонро тамошо кардем. Марди қоматбаланде, ки бо харидорон меҳрубонона сухан мегуфт, диккатамонро ҷалб намуд. Бо ў суҳбати гарму самимӣ намудем.
Маълум шуд, ки оилаи Иззатулло Кобулиев бо ахли хешу таборашон дар деҳаи Хазрати Султон зиндагӣ доранд. Соли 1958 вақте, ки ноҳияи Ховалинг ҳамчун воҳиди марзию маъмурӣ барҳам дода шуд, аксари мардуми деҳа, аз ҷумлаи оилаи Изатулло низ ба таҳдишт кўч бастанд. Дар мавзеи дуобаи дарёи Ёхсу замини хеле васеи нокорам буд. Ҳама гирду атроф туғайзору қамишзор буд. Бо заҳматҳои шабонарўзии одамон дар тўли чанд сол ин мавзеъ ба боғу бўстон мубаддал гардид. Аз ҳисоби деҳаи Чорбоғ ва гирду атрофи он хоҷагии ниҳолпарварӣ ташкил ёфт. Имрўз бошад хоҷагии ниҳолпарварии ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дар ҷумҳурӣ шуҳрат дорад.
Падараш бобои Кобулӣ яке аз мардони обуруманди деҳа буду шуғли асосияш чорводорию деҳқонӣ буд. Одами хайрхоху саховатпеша, ки буд ҳар рўз даххо нафар мехмонону рохгузарон аз дастурхонаш нону зиёфат мехўрданд. Бобои Кобулӣ ҳамаи фарзандонашро бо мехнати халол хўронду пўшонд ва ба камол расонд.
Иззатуллои ҷавон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ба шахри Душанбе рафта, оли 1965 ба омўзишгохи касбии назди собиқ вазорати хизмати маишии ҷумҳурӣ дохил шуд. Сирру асрор ва нозукиҳои касби пойафзолдўзиро омўхт. Баъди хатми омўзишгох якчанд сол дар корхонаи пойафзолбарории шахри Душанбе, ки яке аз корхонахои калони ҷумҳурӣ буд, сарбаландона кор кард.
Бо маслихат ва хохиши падараш ба Кўлоб омад. Падару модараш ба кавле «офтоби сари кўҳ» буданду ба нигохубину кўмаки фарзандон эҳтиёҷ доштанд. Акаи Иззатулло оиладор шуда, падару модари пирашро нигохубин менамуд ва карзи фарзандиашро ичро мекард. Иззатулло Кобулиев солҳои зиёде дар корхонаҳои сохаи хизмати маишии нохияхои Восеъ, Данғара, Муъминобод ва Ховалинг софдилона кор кард.
Дар шаҳри Кулоб корхонаи наву замонавии пойафзолбарорӣ ба фаъолият шуруъ намуд ва Иззатуллоро хамчун мутахассиси соҳибтаҷриба ба кор даъват намуданд. Дар хар корхонае кор мекард доимо ин суханони қиблагохаш ба хотираш меомад ва онхоро сармашқи фаъолияти худ медонист: «Писарам, дар ҳар ҷое, ки кор кардӣ, меҳнати ҳалолу софдилона кун, ба касе ҳасад набар, дигаронро ҳурмат намо. Албатта, обрўманд мегардӣ». Ҳамин тавр, Иззатулло Кобулиев бо меҳнати ҳалолу поквиҷдонона ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар байни ҳамкорон, дўстон ва аҳли деҳа сазовори иззату эҳтиром гардид.
Иззатулло Кобуллиев солҳои 1969-1972 ҳамчун мутахассис дар якчанд коргоххои соҳаи хизмати маишии ноҳияи Ховалинг фаъолият намуд. Шоири халқӣ Хол Ислом низ ҳамчун ҳамоҳангсози ин соҳа бо Иззатулло Кобулиев кор мекард. Ҳамроҳи Хол Ислом дар якчанд маъракаю ҷашнҳо иштирок намуда, бо шоирони номдору маҳбуб устод Сайидалӣ Вализода ва Курбоналӣ Раҷаб хамнишин гардид. Аз наздик бо онҳо шинос шуд, ки ин шиносоӣ ба дўстию бародарӣ табдил ёфт.
Дар мавзеи Чилчанор як чойхонаи зебою барҳавое арзи вуҷуд дошт. Рўзҳои шанбе ва якшанбе мардуми зиёде дар чойхона ҷамъ шуда, суҳбату вохўриҳо мегузарониданд. Шоирони халқӣ- Сайидалӣ Вализода, Хол Ислом ва Қурбоналӣ Раҷаб дар назди мардум баромад намуда, шеърҳои худро қироат мекарданд. Ин базмҳои шеър ва ҳазлу хушгўихо то бегоҳ давом мекард. Мардум аз ин суҳбату вохўриҳо як ҷаҳон таасурот мебардоштанд. Баъзан дар ин нишасту суҳбатҳо шахсиятҳои обрўманди Ховалинг- Саидаҳмад Каримов, Туғак Дўстов, Усто Ғулом, Эмом Гадоев иштирок менамуданд.
Охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта баъди канда шудани робитаҳои иқтисодии ҷумҳуриҳои собиқ пасошуравӣ корхонаҳои соҳаи хизмати маишӣ аз фаъолият монданд. Бинобар ин Иззатулло Кобулиев тағири касб намуд. Рў ба ҳунари боғдорӣ овард. Нозукиҳо ва сиру асрори ин ҳунари қадимаро аз пирону устодон омухт.Дар замини наздиҳавлигияш, ки хеле васеъ аст, боғи нав бунёд намуд. Аз ҳисоби хоҷагии ниҳолпарварӣ 20 ҳисса заминро ба иҷора гирифта, хамрохи фарзандонаш ба ниҳолпарварӣ машғул шуд. Дар боғи наздихавлигӣ ва замини иҷоравияш дарахтони себ, нок, хурмо, ангур, биҳӣ, гелос, шафтолу, зардолу ва олуболу парвариш мекунад.
Зиёда аз 22 сол аст, ки акаи Иззатулло ниҳолҳои хушсифати пайвандии худро дар мавсими ниҳолшинонӣ ба ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ ва Дўстӣ оварда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ба аҳолӣ ба фурўш мегузорад.
Хушбахтона бо шарофати сиёсати хиратмандонаи президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ диқати калон дода мешавад. Дар ин замина масоҳати боғу токзораш нисбат ба даврони шўравӣ 2-3 баробар афзудааст. Ин албатта, яке аз омилҳои иҷрои барномаи амнияти озуқавории кишвар маҳсуб меёбад.
-Тавассути истифодаи самараноки замин, имкониятҳои васеъ намудани боғдорӣ нигоҳубини дурусти боғу токзор хар сол фоидаи зиёд ба даст меорем. Аз кори замину боғдорӣ баракат ёфтам дар ободии кишвар саҳм гузоштанро барои худ ифтихор меҳисобам,- мегуяд Иззатулло Кобулиев.
Аъзам Бобоев, хабарнигори «Ваҳдат»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин