Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:24 – Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ 
  • 16:21 – Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст» 
  • 10:36 – ПЕШРАФТИ МУРҒОБ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНСУБ АСТ 
  • 16:51 – ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ… 

РАҲОВАРДИ САФАР

Водии Вахш: самараи ваҳдати халқҳо
Ба водии зарнисори Вахш бори нахуст соли 1994 ҳамроҳи сохтмончиёни вилояти Суғд, ки барои барқарор кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ сафарбар шуда буданд, ҳамчун рўзноманигори рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (имрўза «Ҳақиқати Суғд»-нашрияи МИҲД вилояти Суғд) сафар карда, аз ҷараёни корҳои барқарорсозии ин минтақа ҷангзада, гузориш муфассал омода карда будам.
Ин навбат маро барои сафар ба ин водӣ ходими давлатию ҷамъиятӣ дар солҳои шўравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Абдулло Аҳмадов ҳидоят кард, тибқи қарордод бояд бахшида ба 80-солагиаш рисолае аз кору пайкори ин марди рўзгордидаву кордида ба қалам диҳам. Аз ин сафар бо як ҷаҳон таассуроти нек баргаштам. Пеши назарам корнамоиҳои падарону бобоён баҳри ободу сарсабз сохтани ин сарзамине, ки як замон макони мўру малах ва хазандагон буд, ҷилвагар гардид. Натиҷаи сафари хешро дар чанд боб рўи коғаз овардам ба умеде, ки писанди хонандагони рўзнома мегардад.
1. Лаҳзаи дидор
Қаҳрамоне, ки мебояд зиндагиномааашро рўи коғаз орам, зодаи ноҳияи Колхозобод аст. Аммо, падару бобояш солҳои 30-юми қарни гузашта қатори садҳо ихтиёриён бо амри Ватан аз Хуҷанди бостон ба ин водӣ кўч баста, дар азхудкунии дашти синабирён саҳми арзанда гузоштаанд. Хусусан, падараш Почоев Аҳмадҷон, ки байни мардуми водии Вахш бинобар соҳибилм буданаш бо номи Қори Аҳмадҷон маъруф аст, аз
нахустлимўпарварони водӣ маҳсуб шуда, барои дастовардҳои меҳнатиаш чанд маротиба ба гирифтани Ҷоизаи НКХХ СССР сазовор шудааст.
Худи қаҳрамони мо бошад, дастпарвари донишкадаи кишоварзии пойтахт буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи котиби якуми кумитаи партиявии ноҳияҳои Колхозободу Вахш, раиси кумиҷроияи ноҳияи Колхозобод, раиси кумиҷроияи вилояти Қўрғонтеппа, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар, раиси Кумитаи заминсозии мамлакат, раиси Кумитаи маҳсулоти нафту гази ҷумҳурӣ ва ниҳоятан муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, алҳол давлати пирӣ меронад. Хизмати содиқонааш ба халқу Ватан аз ҷониби Ҳукумати шўравӣ ва роҳбарияти имрўзи мамлакат сазовори қадршиносӣ шудаанд. Ў дорандаи 2 ордени «Байрақи Сурҳи Меҳнат», 1 ордени «Дўстии халқҳо», ду даъват вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1980-85 ва 1985-90, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ. ҳ.
Ба қавле мо «кор»-ро аз дидорбинӣ бо мўйсфаедон оғоз кардем. Дар худи ноҳияи Колхозобод бо собиқадорони меҳнат Неъматулло Барфакову Билол Ғиёсов ва Маҳмадулло Барфаков суҳбати гарму самимӣ оростем. Меҳру муҳаббати родмардони майдони меҳнати водии Вахш ба қаҳрамони мо ба андозае гарму самимӣ буд, ки аз дидори якдигар шоду оби дидагон карданд. Ёд аз гузаштагони ин водӣ, хоса нафароне, ки замони азхудкунии водии Вахш корнамоиҳои бемислу монанди меҳнатӣ нишон дода, соҳибэҳтироми умум гардида буданд, дар чеҳраҳои ин мардони рўзгордида гоҳ шукуфоӣ меоварду гоҳе пурчин мешуд. Аз дастоварду муваффақиятҳо шоду мамнун ёд мекарданду аз рўзҳои сахту сангини солҳои 90-уми ба сари мардум омада, бо чеҳраҳои ҷиддиву пурчин ва надомату дидаҳои пурнам ёд мекарданд:
-Ба ин водии зархези мо чашми бадбин расид,-мегўяд бобои Неъматулло, ки корвони умри пурбаракатш ба домани 80 мерасад. Охир мо чандин халқияту миллатҳо якҷову сарҷамъона меҳнат мекардем, рўзгорамон ободу дилҳоямон ҳамеша шод буд. Вале, ҳамин сарҷамъиву ваҳдатро душманони миллати мо дида натавонистанд, фитна ангехта моро ба ҳамдигар шўр андохтанд. Ҳаққо, ки аз ин ҷанги бародаркуш касе манфиате надид, ба ҷуз душманони миллати мо, ки ба орзуи бадашон расиданд.
Бобои Билоле, ки умри пурбаракати ин мард ҳам кайҳост, ки аз 70 гузаштааст, аммо ҳанўз ҳам дасту бозувонаш марди ҳузарбро мемонад, тарки майдони меҳнат накардааст, мегўяд:
-Ҳамин акаи Абдуллоҷону Темурҷон (Темур Дадобоев, собиқ котиби якуми кумитаи партиявӣ ва раиси комиҷроияи ноҳия) барин сарварони чашмикордон буд, ки мо ҳосили дилхоҳ мерўёнидем. Роҳбарони ҷумҳурӣ Бобоҷон Ғафурову Турсун Ўлҷабоев, Ҷаббор Расулову Қаҳҳор Маҳкамов анқариб ҳар моҳ ба водӣ омада, аз ҳоли мо деҳқонон хабар мегирифтанд. Дар ҳалли мушкилоти кору зиндагиамон кумак мекарданд.
Дар суҳбат мўйсафедони барнодил ёд аз пири кори ин водӣ, котиби якуми кумитаи партиявии ноҳияи Колхозобод, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сирҷиддин Исоев карданд, ки 33 сол сарварии ноҳияро ба ўҳда дошт. Кулли масъалаҳои умдаи чӣ кориву чӣ кадриро роҳбарони аввалмақоми кишвар дар замонаш маҳз бо ў маслиҳат мекарданд.
Дар ин суҳбати гарму самимӣ ман дар замири эшон як чизи дигари муҳимро эҳсос кардам, ки аз хислатҳои ҳамидаи инсонист. Ин ҳисси ватандўстӣ, меҳру муҳаббати беандоза ба маконе, ки хуни нофашон рехтаасту ҳар зарра хоки ин водӣ барояшон азизу гиромӣ мебошад.
Ман ҷавононро дар кори саҳро анқариб надидам. Аксар нафарон калонсол буданд. Гуфтанд, ки «фарзандон дар муҳоҷирати меҳнатианд». Лекин кори саҳроро мўйсафедон тарк накардаанд. Дар замини падарон бо азму ҷазм меҳнат мекунанд, ҳосил мерўёнанду зиндагиашонро обод мекунанд. Албатта, водии Вахш имрўз на он манзараеро дорад, ки замони шўравӣ дошт. Оқибатҳои ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ дар ҳар қадам эҳсос мешавад. Гирем, ҳамон идораи «Селхозтехника»-и ноҳияро, ки байниминтақавӣ буду ба он солиёни зиёд дигар ходими давлатию ҷамъиятӣ Темур Дадобоев роҳбарӣ кардааст.
-Он солҳо дар ин муассиса зиёда аз 1000 нафар фаъолият доштанд,-мегўяд ў, -бештари мутахассисони аз дигар халқияту миллатҳо –хоса русу тотор, олмониву юнон ва ҳатто поляку булғор буданд. Мо навакак ба тарбияи кадрҳои маҳаллӣ сар карда будем, ки ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ садди расидан ба мақсадамон шуд… Имрўз ин муассиса хористонро мемонад. Маълум, ки баъди талаву тороҷ шуданаш то ин замон касе ба он кордор нашудаасту парвои фалак ҳам надоранд.
Аммо, андак-андак кўшишҳои ҳукумати маҳаллӣ баҳри ободу сарсабз сохтани ин водӣ ба назар мерасад. Муҳимтар аз ҳама, мардум бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо умеди он, ки боз ҳам ба он рўзе мерасанд, ки маконашонро «Водии зархези Вахш» хоҳанд гуфт, хаста нашуда заҳмат мекашанд:
-Барои мо муҳимтар аз ҳама сулҳу Ваҳдати миллии хукмрони кишвар аст, ки замоне ин водии мо маҳз бо ана ҳамин ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқияту миллатҳои гуногуни Итиҳоди Шўравӣ ба даст омада буд,-мегўянд, онҳо.
Мирзоаъзам Мақсудов,
аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Дар суратҳо: 1. Абдуллоҷон Аҳмадов бо собиқадори меҳнат Неъматулло Барфаков. 2. Сўҳбати насли дуюми ободгарони водии Вахш

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин