Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

РОҲҲОИ РАФЪИ ТАМБАШАВИИ МОШИНҲО ДАР ДУШАНБЕ

Андешаҳо дар ҳошияи суханронии
Пешвои миллат зимни вохӯрӣ бо фаъолони пойтахт
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи фаъолони пойтахт, ки рӯзи 15 феврали соли 2017 доир гардид, ба андешаи ман, ки аз ҷумлаи иштирокчии ин ҷаласаи пурмуҳтаво будам, идомаи мантиқии консепсияи созандагиҳои Сарвари миллат дар самти рушди бонизоми кишвар, ободу зебо гардонидан ва таъмини зиндагии сазовори ҳар як сокини Душанбешаҳр мебошад.
Сарвари давлат қайд намуданд, ки имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки ба масъалаҳои сифати сохтмон, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард, сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва танзими ҳаракат дар пойтахти кишвар муносибати дигар дошта бошем. Зеро бинобар зиёд гардидани воситаҳои нақлиёт дар кўчаву хиёбонҳо ба мушкилии дигар - тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва бесарусомонӣ дар ин соҳа мувоҷеҳ кардааст ва ин проблема ҳалли мусбатро тақозо доранд. Ҳамзамон Президенти кишвар ба мутахассисон супоришҳои қатъӣ доданд, ки оиди ин масъалаҳо кор бурда, барои рафъи онҳо мулоҳизаҳои худро илман асоснок намуда, барои омӯзиш ва татбиқ пешниҳод намоянд.
РОҲҲОИ РАФЪИ ТАМБАШАВИИ МОШИНҲО ДАР ДУШАНБЕ
Пас аз ин супориши Пешвои муаззами миллат инҷониб, ки собиқаи 40-солаи роҳсозӣ дошта, дар ин соҳа ва бунёди иншоотҳои комплекси нақлиётӣ корҳои илмии зиёдеро анҷом дода, зиёда аз 120 мақолаи илмӣ, 6 дастурамалӣ соҳавӣ ва 5 китоб омода намуда, дастраси мутахассисон гардондаам, хомӯшу бетараф истода наметавонам. Ҳамчун мутахассиси соҳаи роҳсозӣ мехостам якчанд пешниҳодҳоямро оиди ҳалли масъалаҳои гузоштаи Роҳбари Давлат оид ба дурнамои танзими ҳаракати нақлиёт ва чорабиниҳои ба он вобаста пешниҳод намоям.
Бо сари кор омадани Раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати беҳдошти ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, яъне мусофиркашонӣ тадбирҳои мушаххас анҷом дода шуданд, ки натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Хусусан хизматрасонии автобусу троллеёбус ва маршруткаҳо ба низом даромада истодааст. Дар мавриди тамбашавии нақлиёт низ баъзе корҳо ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло ин масъала хеле доғ шуда истодааст.
Оид ба шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарде, ки шаҳри Душанберо убур менамоянд, ҳанӯз соли 2008 мо ҳамчун мутахассис тадқиқоти илмӣ гузаронида будем. Зимнан, воситаҳои нақлиётии аз самти ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ба самти шимолу ғарбӣ, ё баракси он ҳаракаткунандаро лозим меояд, ки кӯчаҳои шаҳри Душанберо убур намоянд.
Тадқиқоти шабонарӯзӣ муайян намуд, ки қариб 30% нақлиёти дар ин масир ҳаракаткунанда асосан воситаҳои нақлиёти боркаш буда, барои борашонро аз як самт ба самти дигар расонидан, бинобар набудани роҳҳои давродаври шаҳр маҷбур мешаванд, ки аз масирҳои дохилишаҳрӣ истифода баранд. Ин ҳолат аслан сабаби асосии дар чорроҳаҳои шаҳр ва кўчаҳо рух додани тамбашавии васоити нақлиёт мегардад.
Ҳамчунин, муайян намудем, ки суръати миёнаи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои асосии шаҳри Душанбе 19 км/соатро ташкил дода, илова гардидани воситаҳои нақлиёти транзитӣ суръати ҳаракати нақлиётро дар кӯчаҳои асосӣ боз ҳам пасттар менамояд, ки ин ҳолат таъсири худашро ба поёнравии ММД ва сари вақт то ҷои кор ҳозир нашудани коргарону ба дарсҳо дер мондани донишҷӯён мегузорад. Дар ҳамин асос, барои пешгирии ҳолати воқеӣ ва дар оянда пурра бартараф сохтани тамбашавии роҳҳои пойтахт пешниҳод мегардад, ки:
- аз ҳоло барои муддати 2-3 соли оянда сохтани роҳҳои автомобилгарди давродаври пойтахт ба нақша гирифта шавад. Дар акси ҳол баъди 5 сол то 2 маротиба паст шудани суръати миёнаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои асосии шаҳри Душанбе имкон дорад ва ин ба пастшавии самараи фаъолияти кории маҷмуи корхонаву идораҳои шаҳри Душанбе оварда мерасонад.
- бо афзоиш ёфтани аҳолии шаҳр шумораи воситаи нақлиёти шахсӣ низ меафзояд. Дар баробари ин имконияти васеъ кардани кӯчаҳои шаҳр низ хеле маҳдуд шудааст. Пӯшида нест, ки вобаста ба шароит имкони истифодаи воситаҳои дигар – ба мисли метро вуҷуд надорад. Дар ин ҳолат, бо пешниҳоди мо, ягона роҳи ҳалли ин қазия сохтмони ошёнаи 2-юми роҳҳо дар кучаҳои магистралӣ дар даҳсолаҳои оянда аст. Дар сурати доштани чунин роҳҳо нақлиёти транзитӣ ва шахсӣ метавонанд бе халалдор намудани вазъи нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат намоянд. Ҳамзамон дар баробари ин шиддатнокии воситаҳои нақлиёт ва тамбашавиҳо аз байн мераванд.
Маълум аст, ки барои амалӣ намудани пешниҳодҳои боло вақт лозим аст. Чунки ба шаҳрдорӣ ва мутахассисон лозим аст, ки дар атрофи ин мавзуъ кор бурда, дурнамои на кам аз 50-соларо мавриди тадқиқот қарор дода, лоиҳасозӣ ва манбаъҳои маблағгузориро муайян намоянд. Зеро имрӯз аз ҳолати тамбашавӣ баровардани кӯчаҳои шаҳр ба мушкили доғи рӯз табдил ёфтааст. Барои ин бояд:
- шумораи таваққуфгоҳҳои муваққатиро бо мақсади тоза намудани хатти якуми роҳҳо, ки доимо аз мошин пур буда, ба ҳаракати воситаҳои дигари нақлиётӣ, ба хусус, нақлиёти ҷамъиятӣ халал ворид менамоянд, зиёд карда шаванд;
- ба барҳамзании шиддатнокии ҳаракати васоити нақлиёт сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани пиёдароҳҳои зеризаминӣ ва ҳавоӣ дар кўчаҳо - аз чорроҳа то чорроҳа нақши муҳим доранд.
- ба сохтмони терминалҳои наздишаҳрӣ суръат бахшидан лозим аст. Мувофиқи мақсад аст, ки васоити нақлиётие, ки аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мусофирону борҳоро ба шаҳри Душанбе меоранд, вориди шаҳр нагардида, мусофирон аз истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва соҳибони бор аз воситаҳои нақлиётии барои шаҳр мувофиқ истифода баранд.
Зимни тадқиқот мо ҳанӯз соли 2008 муайян намуда будем, ки дар мавриди дохили шаҳр гардидани васоити нақлиёти мусофирбару боркаш ҳамарӯза то 25-30% шумораи воситаи нақлиётро дар шаҳр зиёд намуда дар як рўз зиёда аз 15 тонна хоку ифлосиҳоро дар кӯчаҳо мерезонад. Дар баробари ин сохтани нуқтаҳои шустушӯи автомобилҳо аз манфиат холӣ нест:
- ҳангоми азнавсозии кӯчаҳо ва шоҳроҳҳои шаҳр ҳатман таваққуфгоҳҳои назди идораву корхонаҳое, ки дар паҳлӯи кӯчаҳо ҷойгиранд, вобаста ба миқдор ва эҳтиёҷи мавҷудбуда ба нақша гирифта шавад. Зеро автомашинаҳои кормандони корхонаҳои мазкур пайваста дар ду самт як хати ҳаракатгоҳи нақлиётро банд медоранд.
Пӯшида нест, ки дар сохтмони роҳҳо маблағҳои зиёде сарф гардидаанд ва нигоҳдории онҳо дар 10 соли аввал маблағи зиёдро низ талаб менамояд. Аз назари илмӣ муайян гардидааст, ки дар 10 соли аввали нигоҳдории роҳи сохташуда 20% -и маблағи сарфгардида барои сохтмон лозим меояд.
Дар ниҳоят бояд гуфт, ки бо азми қавию заҳматҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардида, бо чаҳор ақсои олам пайваст. Мо бо ниятҳои созанда рӯ ба рушди устувор дорем ва итминони комил дорам, ки нақшаҳои созандаи Сарвари муаззами миллат Душанбешаҳри азизи мо низ дар солҳои наздик боз ҳам гул-гул шукуфта, ба раддаи ҷаҳоншаҳрҳои машҳур ворид хоҳад шуд. Барои ба ин марҳилаи нек расидан моро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, бетарафӣ накунем. Зеро Душанбе хонаи умеди ҳар яки мо ва симои миллати соҳибтамаддуни мост.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин