Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН
ДУШАНБЕ: бунёди 3500 иншооти нави таъйиноти гуногун
Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, дар маҳаллаи "Ҳаёти нав" - и ноҳияи Синои пойтахт биноҳои аз 35 - 40- ошёна боло бунёд карда мешаванд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи "Ҳаёти нав" марказҳои муосири таълимӣ, савдо ва хизматрасонӣ, намоишгоҳҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии шаҳрсозӣ банёд карда мешаванд.
Ин биноҳо ба симои пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҳусни нав зам мекунанд", - илова намуд Ш. Аловуддинов. Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ин биноҳо дар раванди татбиқи марҳилаи аввал ва оғози марҳилаи дуюми Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сохта мешаванд. Татбиқи марҳилаи аввал то соли 2025 ва дуюм то соли 2040 дар назар дошта шудааст.
Зимнан, ҳоло дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи генералӣ ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, симои пойтахти Тоҷикистон рўз аз рўз дилрабо гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

ҲИСОР: таҷдиди 30 км роҳи мошингард
Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ беш аз 30 км роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Ҳисор соли равон таъмиру таҷдид ва навсозӣ мегарданд.
Бино ба иттилои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Ҳисор Шодӣ Ахмедов, таъмиру таҷдиди 10 км роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳр аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва 20 км аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша сурат мегирад. Мавсуф афзуд, ки масофаи умумии роҳҳои мошингард дар шаҳри Ҳисор 246 км -ро ташкил медиҳад. Соли равон таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди шаҳраки Ҳисор, Шарора, Ҷамоати деҳоти Навобод, Дурбат, Алмосӣ ва Хонақоҳи Кўҳӣ оғоз гардида, то охири сол ба анҷом расонида мешаванд.
Сардори идораи роҳҳои шаҳри Ҳисор афзуд, ки барои таъмиру таҷдид ва мумфарш намудани роҳҳои ҳудуди шаҳраку деҳот беш аз 180 тонна муми моеъ ва дигар маводи зарурӣ захира карда шудааст.
Ҳамзамон тибқи нақша, дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор, Алмосӣ ва Хонақоҳи Кўҳӣ шаш кўпрук навсозӣ гардида, алҳол таҷдиди кўпрук барои бартараф кардани селроҳа дар деҳаи баландкўҳи Тахт, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кўҳӣ босуръат идома дорад.

МУРҒОБ: бунёди 85 иншооти таъйиноти гуногун
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимои иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016- 2020" то 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб бунёди 85 иншооти таъйиноти гуногун дар назар дошта шудааст.
То имрўз аз нисф бештари ин иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои ободониву созандагӣ дар ин ноҳияи дурдаст идома доранд. Муовини раиси ноҳия Исрор Исроров гуфт, ки "мутобиқи барномаи мазкур давоми 3 соли охир дар ҳудуди ноҳия 34 иншооти марбут ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангиву саноатӣ бо харҷи 239 млн сомонӣ бунёд гардиданд. Дар айни ҳол барои бунёди 9 иншооти дигар 5 миллион сомонӣ ҷудо шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд".
Моҳи сентябри соли гузашта барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии деҳоти ноҳия таҳкурсии устувор гузошта шуд. Дар ҳузури Пешвои миллат Неругоҳи барқи обии Тоҷикистон дар болооби дарёи Оқсу ба кор андохта шуда, яке аз орзуҳои деринаи сокинони маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он ҷомаи амал пўшид. Зеро то навсозӣ ин неругоҳ дар фасли зимистон ҳамагӣ то 400-500 кв-соат неруи барқ тавлид мекард ва сокинони маркази ноҳия мутобиқи реҷа аз 3 то 6 соат дар як шабонарўз ба неруи барқ дастрасӣ доштанд.
Неругоҳи "Тоҷикистон" дар айни замон якуним ҳазор киловатт-соат неруи барқ истеҳсол менамояд. Он мушкилоти бебарқиро дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он аз байн бурда, сифати зиндагии деҳотиёнро боз ҳам беҳтар кард.
Маркази ноҳия ҳоло симои худро ба куллӣ тағйир додааст. Дар хиёбони марказӣ зиёда аз даҳ бинои маъмурию маишӣ, таълимию тандурустӣ, қаҳвахонаву меҳмонхонаҳои хурду бузург бунёд ёфта, ба он ҳусни бештар зам намуданд.
гардид. Маҳз саҳми чунин соҳибкорони ватандўст метавонад ба рушди соҳаи саноати мамлакат ҳамаҷониба мусоидат намояд.


Истаравшан: ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли орд
Имрўзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан низ корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дўзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.
Масъулини шаҳр тасмим гирифтаанд, ки дар ин муддат дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ин гўшаи диёр иншооти таъйиноти гуногун бунёд намоянд. Дар робита ба ин, чанде қабл дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ "Тоҷикистон" ба фаъолият оғоз кард. Дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, ҶДММ "Тоҷикистон" бо иқдоми соҳибкор Илҳом Сангинов бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар як шабонарўз 60 тонна орд истеҳсол менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: бунёди 1000 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ
Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни хотирмон дар яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Суғд - Бобоҷон Ғафуров низ сохтмони як зумра иншоот бомаром ҷараён доранд.
Давоми се соли минбаъда тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бунёду навсозии беш аз ҳазор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар доираи таъсиси коргоҳу ҷойҳои нави корӣ, инчунин дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини ҷамоатҳои ноҳия бунёди коргоҳҳои дўзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти муҳими аввалиндараҷаи иҷтимоӣ дар назар аст.
Аз ҷумла, имрўзҳо, дар яке аз ҷамоатҳои сераҳолитарини ноҳия - Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон сохтмони бинои муолиҷавии Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 бомаром ҷараён дорад. Мувофиқи нақша, бинои беморхона аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхонаи он таҳлилгоҳ, утоқҳои рентгенӣ ва физиотерапевтӣ ҷойгир гардидаанд. Дар ошёнаи якум маъмурият, қабулгоҳ ва ташхисгоҳ, дар ошёнаҳои болоӣ шуъбаҳои беморхона ҷойгир карда мешаванд.
Ҳамзамон дар маркази ҷамоат бунёди Қасри фарҳанг ва дар шафати он сохтмони майдони Парчами давлатӣ бомаром ҷараён дорад. Қасри фарҳанг тибқи лоиҳа дорои 400 ҷойи нишаст ва 20 утоқи кориву ёрирасон мебошад. Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати як гектар сохта шуда, дар атрофи он гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо бунёд мешаванд. Дар назар аст, ки иншооти зерин дар арафаи ҷашни Наврўзи Аҷам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ҳусни ҷамоат шукўҳи хосса зам хоҳанд намуд.
Дар маҷмўъ, дар доираи истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд бунёд ва таъмиру навсозии беш аз шаш ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст.

НОСИРИ ХУСРАВ: дар муддати се сол беш аз 53 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд
Ноҳияи Носири Хусрав зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфтааст. Ин гўшаи диёр бо "Чилучорчашма", обу ҳавои тоза, даштҳои васеъ, боғҳои хурраму пурсамар маъруф гаштааст. Имрўзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав низ корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шуда, давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дўзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд. Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи мазкур сохтмони беш аз 53 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар муддати се сол дар ноҳияи Носири Хусрав сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар марказҳои Ҷамоати деҳоти "Наврўз", "Истиқлол", ташкил намудани ҳуҷраҳо барои хатнаи кўдакон дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти "Фирўза", "Наврўз", дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти "Истиқлол", ташкили китобхона дар маркази Ҷамоати деҳоти "Фирўза", таъмири китобхонаҳо дар маркази Ҷамоати деҳоти "Наврўз", Ҷамоати деҳоти "Истиқлол", сохтмони коргоҳҳои дўзандагӣ барои 100 ҷои кор дар шаҳраки "Баҳор", дар деҳаҳои Бешкаппа, Олтинсой, бунёди сартарошхонаҳо дар шаҳраки "Баҳор", дар деҳаҳои Муродтеппа, Бешкаппа, Сангоба, Олтинсой, Арабхона, сохтмони кошонаҳои ҳусн дар шаҳраки "Баҳор", дар деҳаи Бешкаппа, Олтинсой, барқарор намудани фаъолияти ҳаммом дар шаҳраки "Баҳор", сохтмони ҳаммом дар деҳаи Сангоба, Олтинсой, сохтмони иншооти маишию хизматрасонӣ, ташкил намудани фермаҳои ширию молӣ дар Ҷамоати деҳоти "Наврўз" ва Ҷамоати деҳоти "Истиқлол", таъмир ва сангфарш намудани роҳи деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти "Фирўза", Сохтмони хатти барқ бо зеристгоҳ барои деҳаи Рўзиобод аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бо нангу номуси ин диёр ба нақша гирифта шудааст.
АМИТ «Ховар»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин