ШУКРИ ВАҲДАТ МЕКУНАД
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Истиқлолияту Ваҳдат дар таърихи муосири давлатдории тоҷикон бузург-тарин падидаи арзишманди иҷтимоӣ ва маънавӣ, нури пурҳарорати умеду орзуҳои халқ, василаи шинохти гузаштаи ифтихорангези ниёгон ва имконияту замимаи воқеии рушду муаррифии миллати тамандунпарвар дар арсаи ҷаҳон аст. Ваҳдати милии мо, ки 21-сола шуд ва дар партави ҳидояту талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таровати тоза ёфт ва самараҳои басо дилхоҳи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро пеш овард.
Соҳаи тиб аз нахустин рўзҳои истиқлолият дар маркази таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва хосатан Сарвари давлат қарор дошт ва дорад. Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ буд, ки муассисаҳои тиббӣ ҳанўз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки барои тамоми иқтисодиёти кишвар душвор ва бўҳронӣ тавонистанд фаъолияти худро идома диҳанд ва дар давоми 26-сол дар Ҷумҳурӣ муассисаҳои тиббии зиёд сохта шуданд.
Яке аз марказҳои бонуфузу калонтарини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки «Шифобахш» ба шумор меравад, соли 1964 фаъолияти худро оҒоз намудааст. Дар он зиёда аз 2 ҳазору 764 нафар кормандони тиб фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 54 фоизашро занҳо ва 46 фоизашро мардҳо ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо 602 нафар кормандони маълумоти олидор, 1 ҳазору 268 нафар кормандони миёнаи тиб, 670 нафар кормандони хурди тиб фаъолият менамоянд. Боқӣ ҳама кормандони хоҷагӣ ва қисми маъмурӣ мебошанд. Аз 8 бинои 3 ошёна, 1 бинои 2 ошёна, 4 бинои 1 ошёна ва қисми хоҷагӣ иборат мебошад.
Марказ дорои 61 шуъбаҳои гуногун; 25 шуъбаи табобатӣ ва 26 шуъбаҳои ёрирасон мебошад. Инчунин 16 кафедраи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино ва кафедраҳои Институти педиатрӣ ва ҷарроҳии кўдакона ҷойгир мебошанд, ки ҳар рўз садҳо беморонро қабул карда гусел мекунанд.
Ба ин маркази тиббӣ аз рўзи бунёдаш толибилмон аз коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино барои таҷрибаомўзӣ омада, нозукиҳои касбиро меомўзанд.
Ташхисгари дараҷаи олӣ Муҳаммадиева Анзурат ТаҒоевна таи 25 сол мешавад, ки дар ин дармонгоҳ фаъолият намуда, дар байни ҳамкорону мардум соҳибэҳтиром гашта, шогирдони зиёди соҳаро тайёр намудааст.
Дар Маркази табобатии шаҳраки «Шифобахш» беҳтарин табибон фаъолият менамоянд, ки ҳар яки онҳо таҷрибаи бойи касбӣ дошта, усули корашон омўзанда аст. Махсусан, фаъолияти ташхисгарии ташхисгари дараҷаи олӣ Муҳаммадиева Анзурат ТаҒоевнаро қайд кардан ҷоиз аст. Ў зодаи ш.Душанбе буда, соли 1984 коллеҷи тиббии ш.Душанбе ва соли 1994 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи биологияро хатм намуда, таи 26 сол аст, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки «Шифобахш», шуъбаи озмоишгоҳи марказии клиникавӣ ва ташхисӣ фаъолият намуда истодааст. Роҳбарияти Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хуби ўро дида, соли 2016 мудири шуъбаи ташхисгарӣ таъин намуданд.
Маҳз 21 сол муқаддам, яке аз рўзҳои тобистон ба Маркази тиббӣ-и дар боло номбурда омадам ва бо ин зани нексиришт, тавоно, зебо, накў, ситорагарму меҳрубону хушгуфтор, масъулиятшинос ва хеле хоксор тасодуфан ошно гаштам. Чун аз бемории гурда азият мекашидам ба хонаи ташхисгарӣ наздик омада хостам пурсам, ки ин хонаи ташхисгарӣ аст. Вале пиразани нуроние пешдастӣ карда аз ташхисгар Муҳаммадиева Анзурат ТаҒоевна пурсон шуд; духтарам, ин хонаи ташхисгарист ва гўед, ки ташхиси хун чанд пул меистад, оё пулам мерасида бошад?
Анзурат ТаҒоевна: Очаҷон, ҷон-очаҷон, Шумо аз кам будани пулатон азият накашед, биёед, ман шуморо бепул аз ташхис мегузаронам гуфта, бо меҳрубонии зиёд пиразанро, ки синнашон тахминан ба 65-70 расида буд, ба утоқи кориаш даъват кард. Ва ман аз меҳрубониҳои ин зани нексиришту меҳрубону ширинзабон ҳаловат бурда. аз қафои пиразан вориди хонаи ташхисгарӣ шудам. Ва баъди ҳамон вохўрӣ расо 21 сол мешавад, ки Анзурат ТаҒоевнаро ташхисгари оилавии худ медонем. Ў ба Ғайр аз ташхисгари олӣ буданаш ҳамсуҳбати хубу хеле ҳозирҷавоб ҳам мебошад. Чун сухан мекунад, онро бо шеър тақвият медиҳад, ки ин ўро боз ҳам ба мизоҷон наздиктар мекунад. Бо ҳамсоягон дўстона зиндагӣ намуда, хизматҳои саривақтию хоҳаронаи худро мерасонад.
Муҳаммадиева Анзурат ТаҒоевна дар баробари ҳусну латофат ва чехраи кушодааш суханхои созандаву чолиби ба худ хос дорад ва инсони ботамкин аст, ба худу ҳамкорон хеле серталаб ва меҳрубон мебошад. Кадбонуи моҳир. дармонбахши муваффақу сабукдаст аст. Барои он ки ҷавононе, ки аз паси мизи донишҷўи ба таҷрибаомўзӣ меоянд дар оянда ташхисгарони шоиста шаванд, ба онҳо роҳбарӣ карда, бештар ба омўхтани нозукиҳои касбӣ диққати ҷиддӣ медиҳаду тозагиро дар ҷои аввал мегузорад. Ў ҳамсари табиби дараҷаи олӣ, декани факултаи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино Носиров Қаҳҳор Нарзуллоевич мебошад. Аз издивоҷ соҳиби 1 фарзанди накў гардидаанд. Аҳли оила ва фарзанди онҳо соҳибмаълумот ва намунаи ибрати дигаронанд. Духтарашон Носирова Фархунда Қаҳҳоровна, ки касби волидонро интихоб кардааст, соли ҷорӣ факультаи дандонпизишкии Донишгоҳи тиббии ба номи А.Синоро хатм намуда, айни замон ба касби дўстдоштааш машҒул мебошад. Ў соли 2015 дар олимпиадаи байналмиллалӣ, ки дар Донишгоҳи тиббии ба номи Сеченови Ҷумҳурии Русия мегузашт, байни иштирокчиён ҷойи дуюмро ишҒол намуда, бо сари баланд ба Ватани азизаш Тоҷикистони офтобӣ баргашт, ки ифтихори бузургест. Ичунин пухтани шириниҳои гуногуну кулчақанд, оши палову угроро хеле дўст медорад. Бо ифтихор: ман ин ҳама ҳунарҳои волоро аз модари азизам омўхтаам, мегўяд Фархунда.
Ин зани некўхисоли дарёдил дар бораи ҳамкорон, директори беморхона номзади илми тиб Ҳаётзода Нурхон Шариф, беморон, махсусан Ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бе ҳаяҷон сухан карда наметавонад. Ў касбашро бениҳоят дўст медораду ифтихор аз он менамояд, ки бо беҳтарин мутахассисони соҳа ба мисли Шарипов Хайрулло Самариддинович-муовини аввали директор оид ба қисми муолиҷавӣ, Раҳматов Муқим Каримович-номзади илми тиб, духтури гемотолог (хуншинос), Раҳматова Рухшона Акрамовна-доктори илми тиб, мудири шуъбаи эҳёгарӣ ва ҷарроҳии кўдакона, Нуров Асад Пулодович-мудири эҳёгарии калонсолон, Наимов Абдукарим-духтури шикастабанд (травматолог), Раҳмонов Сайфулло-духтури гўшу гулу ва бинӣ (лор), Ҳомидов Иззатулло-духтури чашм,Қурбонов Нурулло (хирургияи умумӣ), Раҳмонов Усмон (челест), духтури ҷавону умедбахш-доктори илмҳои тиб Султонов Шералӣ Раҳмонович ва Холов Қурбон, Чориев Шуҳрат, Каримов Рустам дар шуъбаҳои кўдаконаи
Маркази тиббӣ, фаъолият менамояд.
Ин зани илмошнои ошиқу шефтаи касби худ-Анзурат ТаҒоевна шукр аз он мекунад, ки сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азизи мо пойдор асту имсол аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид. Ин иқдоми неки Сарвари давлат ҷавононро ба бедорию пешравӣ, расидан ба қуллаҳои мақсудҳои некашон ҳидоят менамояд ва маро низ бори дигар ҷавон кард, ки дар пеши худ мақсад гузоштам, боз ҳам хубтар фаъолият намуда, саҳми худро дар тарбия намудани мутахассисони ҷавон ва гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз гузорам, мегўяд Анзурат ТаҒоевна ва дар вактҳои фориҒ аз кор бо аҳли оила ба саёҳати боҒҳои истироҳатии шаҳри Душанбеи биҳиштосо мебарояд.
Оре, имсол барои халқи тоҷик нек омад. Мардуми ҷумҳурии азизамон 27- солагии Истиқлолияти кишвар, 21-cолагии Ваҳдати миллӣ, Соли сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, 27-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллат ва 10-солагии Қонуни танзим ва расму анъанаҳои миллиро ҷашн гирифта истодаанд. Инҳо ҷашнҳоеанд, ки барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонӣ муборак ва муқаддас аст. Зеро Истиқлолият ва сулҳу субот ба мардуми шарафманди он озодӣ, Иҷлосия-хушбахтӣ, дўстиву бародарӣ ҳадя намуда бошад, танзим-осоиштагию сарфакориро омўхт. Рўзҳои аввали он мушкилиҳои зиёде ба сари мардум ва халқи парешоншудаи мо овард. Хушбахтона, ҳама гуна мушкилиҳо паси сар шуданд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрўзҳо мардум зиндагии орому осуда дошта, баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон кўшишу гайрат доранд.
Бигзор ин сулҳу ваҳдате, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон пойдор аст, ҳамеша ва садсолаҳо шикастнопазир бимонад.
Гавҳар Муродова муовини директори «Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов».
Оставить комментарий
- Шарҳҳо
- Имрӯз
- Серхондатарин