Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

БИСТУПАНҶ СОЛИ ПУРБАРАКАТ

БИСТУПАНҶ СОЛИ ПУРБАРАКАТБИСТУПАНҶ СОЛИ ПУРБАРАКАТ

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар баробари дигар кишварҳои дунё мавқею манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ устувор гардонда истодааст. Пас аз эълон гардидани Истиқлолият, яъне 9 сентябри соли 1991, кишвари мо мустақилона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардида, муносибатҳои дипломатии худро бо кишварҳои мухталифи дунё барқарор намуд. Танҳо то охири соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар аз 50 кишвари олам ба расмият шинохта буданд.
Имрӯз бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан бо 152 кишвари дунё робитаҳои сиёсию дипломатӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ дорад. Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (26 феврали соли 1992), Созмони Милали Муттаҳид (2 марти соли 1992), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (апрели соли 1992), Созмони конфронси исломӣ (1 декабри соли 1992) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (18 январи соли 1993) пазируфта шуд.
Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари кишварҳои хориҷӣ бисту панҷ сол пур мешавад. Яке аз чунин кишварҳо, ки пайванди дӯстиву риштаи ҳамкорӣ бо он самараи некӯ оварда истодааст, Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад. Муносибати мо бо ин давлати бузурги ҷаҳон 4 январи соли 1992 барқарор гардид. Аввалин шуда Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҶумҳурииТоҷикистон фаъолияти худро 13 марти соли 1992 оғоз кард. Баъдтар, аниқтараш, 7 апрели соли 1997 Сафорати ҶумҳурииТоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Пекин ба фаъолият пардохт.
Мавриди зикр аст, ки нахустин сафари расмии Роҳбари давлат, он вақт Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сурат гирифта буд. Зимни сафари мазкур, ки 7-11 марти соли 1993 доир шуд, Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз тарафи роҳбарони ду давлат ба имзо расид.
Ғайр аз ин, ҳашт созишнома ва ду протокол дар бораи ҳамкории дуҷониба имзо шуд. Тадриҷан 200 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ роҳро барои ҳамкории дуҷониба ҳамвор карданд. Имрӯз дар баробари дигар давлатҳо Ҷумҳурии Халқии Хитой шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Хитой яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар ба беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ расидааст, ки ин ҷойгоҳи муносиби Хитойро дар байни сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон таъмин менамояд. Ширкатҳои зиёди бонуфузи хитоӣ дар самтҳои мухталифи кишвар фаъолият карда истодаанд. Хитой дар сафи аввали шарикони фаъоли тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳама соҳаҳо дар ҳоли рушди рӯзафзун қарор дорад. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавӣ, 24 январи соли 2013 Гӯшаи фарҳангии Хитой ифтитоҳ ёфт. Гӯшаи мазкур дорои 8000 нусха китоб ва 2000 нусха маҷалла бо забонҳои чиниву русӣ буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Аз замони оғози фаъолият то имрӯз 6850 нафар хонандагон аз хизматрасонии ин гӯша баҳравар гардида, дар бораи фарҳанги волои ин кишвари бостонӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷуғрофиё ва тарзи зиндагии мардуми куҳанбунёди он маълумоти муфид пайдо карданд. Теъдоди зиёди хонандагон дар курсҳои омӯзишии забони чинӣ, ки ин гӯша ба тариқи ройгон ташкил карда буд, фаро гирифта шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар 112 мактаби таҳсилоти олии Хитой беш аз 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик бо омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Ҷониби Хитой курсҳои таълимӣ, дар самтҳои гуногун барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳо ташкил менамояд. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои омӯзиши забони хитоӣ низ роҳандозӣ шудаанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ муносибатҳои ҳасана, ҳамкориҳои ҳаматарафа бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус кишварҳои ҳамсояву пешрафта зарурати замон аст. Дар ин росто муносибатҳои густурда бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, бешубҳа, аз дастовардҳои дипломатияи тоҷик ба шумор меояд. Тоҷикистон дар оянда барои таҳкими муносибот бо Ҷумҳурии Халқии Хитой нақшаҳои боз ҳам муассирро амалӣ мегардонад.

С.Сафаров,
муовини аввали директори
Китобхонаи миллииТоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин