АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Вақте ки меҳмон ба ҳавлӣ ё манзили тоҷике медарояд, пас аз фурсати кўтоҳе, соҳибхона дастархон густурда, ҳар чизе ки дорад меораду дар рўи он мегузорад. Ҳамзамон мизбон офтобаву дастшўй ва дастпок дар китф оварда, дасти меҳмони азизро об мегирад. Меҳмоне, ки бори аввал аз кишвари хориҷӣ омада, ин муносибати отифонаро мебинад аз ин фарҳанги суннатии тоҷикон лаззат мебарад; пас аз мулоқот бо мардум, ошно шудан бо расму оинҳо, дидани ҳунарҳои мардумӣ, тамошои манзараҳои беназири Тоҷикистони биҳиштосо бо таассуроти неки афсонавӣ ба ватани худ бармегардад. Ба кишвараш рафта, дидаҳо ва шунидаҳои хешро ба монанди афсона ва қиссаҳои дилнишину мафтункунанда ба хешовандону дўстонаш ҳикоят мекунад.
Дар ҳақиқат он шахсоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар доштанд, аз оинҳои суннатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва табиати дилангези Тоҷикистонро дидаанд, аз онҳо дар бораи кишвар ва миллати худ борҳо тавсифҳо шунидаам. Барои онҳо, дар ин солҳои гузашта, ба хусус дидани ҷашнҳои Наврўзу Меҳргону Сада ҷолиб буд.
Дар ин 10-15 соли ахир аз Олмон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Шведсия, Амрико, Норвегия, Италия ва кишварҳои дигар сайёҳон ба Тоҷикистон омада, зимни дидани хубиҳо, ислоҳи ин нуктаҳоро низ ёдовар мешуданд. Боре меҳмоне бо муҳаббат бароям пешниҳод кард:
– Шумо тоҷикон мардуми меҳрубону кишвари зебое доред, аммо ба баъзе чизҳои муҳим дар кишвари шумо, ки барои сайёҳон муҳим аст, камтар таваҷҷуҳ шудааст.
Ман бо ҳайрат пурсон шудам:
– Инҳо чист?
Бо табассуми латифе гуфт:
– Агар дар деҳот, ба хусус дар минтақаҳои сайёҳӣ дастшўй ва ҳаммомҳо дуруст шаванд, дар сари роҳ дўконҳои ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳон пешкаш гарданд, чи қадар хуб мебуд. Дар кишварҳои хориҷӣ, ки дар он ҷо сайёҳӣ рушд кардааст, ҳамин тавр аст.
Пас аз борҳо шунидани ин гуна суханон, ҳангоми сафарҳои худ ба ноҳияҳои наздики шаҳри Душанбе, ба хусус минтақаҳои сайёҳӣ, ба мардуми ин пешниҳоди меҳмононро мерасонидем. Баъзеҳо зуд ба он таваҷҷуҳ карда, дастшўйӣ, ҳаммом ва ташноби хонаи худро дуруст мекарданд.
Дар ин 10-15 соли охир мардуми зиёди тоҷик бо корҳои гуногун ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда, пешрафтҳои онҳоро диданд ва пас аз баргаштан кўшиш намуданд, ки он чизҳои муҳимро, ки дар зиндагиашон лозим аст, қабул намоянд. Ҳоло дар ҳавлиҳои зиёди шаҳр ва ҳатто баъзе ноҳияҳо, дар баъзе хонаводаҳо ҳаммом, дастшўйи замонавӣ сохта шудаанд. Ана ҳамин ишорати меҳмонони сайёҳи Тоҷикистон дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи табъи мардуми азизи кишвар ва сайёҳон чунин садо дод:
«Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».
Ин гуфтаи Пешвои миллат ҳамаро, ҳам мардуми Тоҷикистон ва ҳам меҳмонону сайёҳонро писанд омад. Акнун дар Тоҷикистон барои ҳамаи қишри ҷомеа шароити боз ҳам муносибтар муҳайё хоҳад гашт.
Имрўзҳо дар тамоми Тоҷикистон «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гурўҳҳои таблиғотӣ дар вохўриҳо бо мардум шарҳ медиҳанд.
Яке аз ин гурўҳҳо бо роҳбарии мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуфҷон Юсуфзода, вакили Маҷлиси намоядагон, профессор Ҷамшед Муртазоқулов, устодони ДМТ А.Сафарзода, Р.Раҳмонӣ буданд, ки онҳо ба шаҳри Ваҳдат рафтанд. Ба ин гурўҳ аз шаҳри Ваҳдат раиси шаҳр, Р.А.Амирзода, кормандони мақомоти расмии ҳукумати шаҳру ҷамоатҳо, намояндаи ҲХДТ аз ҷумла Ф.Хоҷазода, Б.Ҳамид, Х.Тўразода, А.Мирзода, Р.Раҳматзода, В.Назриев, Б.Кенҷаев, В.Исмоилов, Б.Нуралиев, С.Шарипова, М.Солеҳов, Ф.Ҷўрабеков, Р.Беков, М.Ашуров, З.Холов, Б.Мирзоев, С.Неъматов, Х.Мирзоева, Т.Мирзоев, Б.Раҳимов, С.Мирзоев, Б.Сангов, Ф.Маҳмадизода, И.Расулов, Г.Қосимов, Ш.Асоев ва дигарон ҳамроҳ шуданд. Мувофиқи нақшаи корӣ онҳо ба зергурўҳҳо тақсим шуда, ба ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, Р.Исмоилов, Баҳор, Н.Розиқ, Симиганҷ, Чўянгарон, Ромит, Чорсу, К.Исмоилов ва маркази шаҳр рафтанд.
Дар ин вохўриҳо на фақат шахсони масъул, балки аз байни мардум низ ба минбар баромада бо муҳаббат оид ба Паём ва дурнамои он назари худро мегуфтанд. Ҳатто ёдовар мешуданд, ки дар соли 2018, ки аз ҷониби Пешвои миллат Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, бояд корҳои мушаххас намоянд. Ҳангоми мулоқот гоҳе аз дастовардҳои шаҳри Ваҳдат, роҳҳои баратарф намудани нуқсонҳо, тарбияи фарзандон, мубориза бар зидди фасод, ободии минтақаи хеш суханҳои нек мегуфтанд.
Суханрониҳо, содда, самимӣ, ба диди мардум наздик буд. Аз ҷумла мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Ю.Юсуфзода ба тарзи хеле соддаву фаҳмо, бо самимият ба мардум пеш аз ҳама дар бораи амнияти кишвар, сулҳу осудагӣ, ки асоси пешрафти ҷомеа аст, суханҳои нек гуфтанд. Эшон ишорат бар он намуданд, ки Пешвои миллат Паёми имсолаи худро маҳз аз «раванди бартариҷўии мусаллаҳшавии бошитоб», «нооромиву низоъҳо», «ҳамчун айёми душвори пуртазод» оғоз намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт».
Бале, ҷаҳон дар ҳолати ногувор қарор дорад. Аз ин рў, моро зарур аст, ки дар канори мардумони сулҳдўстӣ ҷаҳон фарзандони худро дар роҳи нек ҳидоят намоем. Барои ҳамин дар ин давраи пуртазоди ҷаҳонӣ мардуми азизи мо бояд тибқи фармудаҳои Пешвои миллат ҳар чи бештар даст ба дасти якдигар гирифта, кишвари азизамонро обод созанд. Ин гуфтаҳои Сарвари кишварро сармашқи кори худ қарор бидиҳем: «Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».
Ба гуфти Ю.Юсуфзода ҷинояткор як умр дар зери таҳдиди хатар зидагонӣ мекунад. Гоҳе фарзандони нохалафи миллату Ватан бар зидди миллат ва Ватан кор мекунанд. Бо ин мақсади нопок Ватанро тарк карда мераванду ба гурўҳҳои ифротию терористӣ мепайванданд. Сабаби ин ҳама аз бесаводӣ, бедонишӣ ва нодонӣ аст. Одами бофаҳм, китобхону таҳлилгар, инсондўсту некхоҳ хеҷ гоҳ ба роҳи бад намеравад, ба ҷони ширини худ низ ҷабр намекунад.
Пешвои миллат аз нооромии кишвари ба мо дўсту ҳамзабону ҳамсоя ёдовар шуданд. Ба гуфти Сарвари кишвар агар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон кўмак намоянд, ин амали нек «беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад». Ба ин ҷиҳат Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ба хусус ҳамсоягон дар оромишу сулҳу салоҳ зиндагӣ кардан мехоҳад.
Сарвари кишвар чандин сол аст, ки дар бораи мафҳуми терроизм гаштаву баргашта ёдовар мешаванд. Дар ҳақиқат терроризм вабои азиме аст. Ба гуфти Ю.Юсуфзода Пешвои миллат мафҳуми терроризм ва терористро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб шарҳ доданд, ки инро ҳар фарди некноми баақлу дурандеш бояд фаромўш накунад, ки чунин аст: «Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духўрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Ю.Юсуфзода ин нуктаҳоро ба мардум ёдовар шуда, бо чеҳраи кушоду муҳаббат шукри осудагию сулҳу амонии кишвар менамуд. Зимнан ишорат бар он мекард, ки дар кишвари мо низ касоне ҳастанд, ки оромию осудагии моро намехоҳанд. Пас мо ҳам бетараф набояд бошем. Бояд ёдовар шуд, ки дар мавридҳои хилофкориҳои баъзе ашхоси номард, мардуми шарифи шаҳри Ваҳдат ба хусус минтақаи Ромит дар канори давлат буда, барои таъмини осудагии кишвар дасти мадад дароз мекарданд. Чунин фарзандони неки миллат ҳамеша бо некӣ ёд мешаванд.
Ю.Юсуфзода зимни шарҳи Паём бо мардум мубодилаи афкор мекард. Гоҳе аз ҳозирин пурсон мешуд, ки дар ёди онҳо аз Паём чиҳо мондааст? Пас аз пурсишҳои самимӣ маълум мешуд, ки дар воқеъ мардум аз муҳтавои Паём комилан огоҳ ҳастанд. Зимни суҳбат баъзе аз онҳо аз ҷой бархоста, баробари аз Паём ёдовар шудан, дар партави он, оид ба корҳои ояндаи минтақаи худ суханони нек мегуфтанд.
Дар вохўриҳо, бо мардуми ҳамаи ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат, роҷеъ ба баланд бурдани саводнокӣ, вазъи китобхона ва китобхонҳо, кабинетҳои техникӣ, ёрӣ ба маъюбон, сулҳу салоҳ, истифодаи самараноки барқ, сол то сол ба истиқлоли пурраи энергетикӣ расидан, гуфта шуд.
Узви дигари гурўҳи таблиғотӣ Вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Муртазоқулов, дар ин рўзҳо, ба мардуми минтақаҳои шаҳри Ваҳдат бо табассуми ширин, чеҳраи кушод, бо суханони лутфомез аз Паёми Пешвои миллат навидҳои нек расониданд. Паёмро шарҳ дода, дили мардумро ба ояндаи нектару дурахшонтар ҳидоят намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон, профессор Ҷ.Муртазоқулов дар баробари оромию осудагии кишвар аз сарватҳои беназири он, ки дар Паём омдааст ёдовар шуданд. Оид ба пешрафтҳои иқтисодии гузашта ва оянда суханҳои нек гуфтанд. Ба хусус тавзеҳи сухани эшон роҷеъ ба об, дар асоси ин гуфтаи Пешвои миллат ҷолиб буд: «Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ва Рўзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад».
Пас аз овардани ин иқтибос, Ҷ.Муртазоқулов моҳияти ин масъаларо ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ шарҳ доданд. Аз смаранок истифода бурдани обҳои шифобахши кишвар, ба хусус дараи Ромит, ёдовар шуданд. Ба мардум таъкид намуданд, ки тибқи Паёми Пешвои миллат мардуми шаҳри Ваҳдат бояд Ромитро ҳар чӣ зудтар ободтар намоянд. Акнун фурсати он расидааст, ки Ромит яке аз маконҳои муҳимтарини сайёҳии кишварамон гардад. Ба хусус он ҳамкориҳои митақавӣ, ки Пешвои миллат дар Паём ёдовар шудаанд, барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои бештар хоҳад овард: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дўстӣ ва ҳусни эътимод мебошад».
Ҷ.Муртазоқулов дар идомаи ҳамин гуфтаҳои Пешвои миллат ишорат бар он карданд, ки «фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя» муҳим аст. Ин гуфтаҳои Пешвои миллат ба минтақаи Ромит низ хеле муносиб аст.
Профессор Ҷ.Муртазоқулов ҳамчунин оид ба сиёсати хориҷии кишвар «таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», «барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳимми кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», «сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ва технологияҳои нав», «сатҳи некўаҳволии мардум» ва амсоли ин суҳбатҳо карда, мардумро ба он водор намуданд, ки бо Сарварии Президент сол ба сол кишвар ободтару зеботар гардида, рўзгори мардум низ беҳтар хоҳад шуд.
Ҷ.Муртазоқулов ба вазъи баъзе бонкҳо низ ишорат карда, ёдовар шуданд, ки Пешвои миллат барои дуруст ба роҳ мондани корҳои бонкӣ гуфтанд, ки гуфтаи эшон мардумро ба ин амал умедовар кардааст: «Вобаста ба ин, Бонки миллиро зарур аст, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, сатҳи нархҳо, фаъолияти бонкҳо, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ чораҳои мушаххас андешад».
Дар паём оид ба «истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ» ёд шудааст. Зимнан таъкид гардидааст, ки ин амал бидуни «технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникии парвариши зироатҳо» номумкин мебошад. Яъне дар ин самт низ шароити муносиб муҳайё гардидааст, акнун фақат соҳибкорони боғайрат ва шахсони кордонро лозим аст, ки фаъол бошанд.
Барои дуруст ба роҳ мондани кор дар тамоми фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ кадрҳои босаводу ватандўст лозим аст. Агар кадри дилсўз бошад, садоқатмандона корашро пеш барад, идеяҳои созандагӣ дошта бошад, он гоҳ минтақаҳо зуд рушд менамоянд. Дар ин бора дар Паёми пешвои миллат ба кадрҳои лоиқ аз поён то боло таваҷҷуҳ шудааст: «Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони вазорату идораҳо, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот зарур аст, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷўӣ намоянд».
Мардум гуфтаҳои вакили Маҷлиси намояндагон, профессор Ҷ.Муртазоқуловро бо диққат гўш мекарданд. Ҳамчунин пас аз анҷоми вохўриҳо боз ба назди аъзоёни гурўҳи таблиғоти омада, саволҳо медоданд. Маълум мешавад, ки сол то сол, аз Паём то Паём мардум ҳушёртару зиракатр мешаванд ва мехоҳанд, ки бо сарварии Пешвои миллат кишвар ва диёри худро ободтару зеботар бинамоянд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии ДМТ А.Сафарзода ҳангоми вохўриҳо дар партави Паёми Пешвои миллат дар бораи пешгирӣ намудани ҷиноят, амнияти миллӣ, итоат кардан ба тамоми қонуну низомномаҳои мавҷуди кишвар изҳори назар кард. Ба гуфти эшон агар ҳар фарди ҷомеа ба қонунҳои мавҷуд итоат намояд ва фаъолияташро тибқи қонун пеш барад, мардум иттифоқу бо муҳаббат зиндагонӣ мекунанд. А.Сафарзода зимни гуфтаҳояш ба яке масъалаҳои муҳим, ки дар ҷомеа реша давондааст ёдоварӣ шуд. Ин масъалаи порахўрӣ мебошад. Ў дар ин бора ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат такя намуд: «Масъалаи ҷиддии дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дошта бошад, ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи истифодаи замин мебошад».
Сипас А.Сафарзода бо мисолҳо дар бораи пешгирии омилҳои коррупсия сухан гуфт. Аз гуфтаи эшон маълум мешавад, ки гоҳе мардум ба муомилаи шахсони фиребгару маккор гирифтор шуда, аз нодонӣ ба коррупсия даст мезананд. Одам пеш аз он ки ба кори муҳиме даст бизанад, бояд оқибатҳои қонунии онро бидонад. Мо бо касоне дучор шудем, ки пас аз порагирӣ ва ё порадиҳии ночиз ҳаёти худро барбод додаанд. Барои пешгирии ин кор, бояд ҳамеша, бо шўъбаи корҳои дохилӣ ва дигар ташкилотҳои ҳуқуқӣ кўмак бояд кард.
Яке аз масъалаҳое, ки дар Паём омадааст, ин ба истиқлолияти энергетикӣ расонидани кишвар аст. Дар суханҳои гурўҳи таблиғотӣ ба ин масъала низ таваҷҷуҳ гардид. Зимнан, тибқи ишорати Паём, ёдоварӣ шуд, ки пардохти пули барқи масрафшуда, худ як навъ кўмак аст, барои тармиму сохтани неругоҳҳо. Аз тарафи дигар сарфаҷўёна ба кор бурдан моро водор месозад, ки садамаҳои барқӣ рух надиҳад. Мардум бемамоният аз барқ истифода баранд.
Сол то сол роҳҳои кишвар тармим мегарданд, аз нав сохта мешаванд. Дар Паём бо мисолҳо дар ин бора гуфта шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки роҳҳои мо бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ муофиқ кунонида шаванд. Ин алаббат ба шаҳри Ваҳдат низ тааллуқ дорад. Дар сохтмони роҳсозӣ дар Паём таъкид шуд, ки сохтмони роҳҳои дохилӣ аз ҷониби ҳокимияти минтақавӣ сурат мегирад.
Ҳамчунин аъзоёни гурўҳ ёдовар шуданд, ки мувофиқи Паёми Пешвои миллат худи мардум низ бояд ба сифати хўрокворӣ диққат диҳанд. Барои ҳимояи ҳуқуқи худ чун истеъмолкунанда таваҷҷуҳ намоянд. Саломатии мардум ин пешрафти ҷомеа аст.
Устоди ДМТ Р.Раҳмонов ба ин гуфтаи Пешвои миллат такя намуд: «Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд». Яъне вазифаи кўдакистон, мактаб, донишгоҳ дар ин самт муҳим аст. Маҳз ин муассисаҳо барои боло бурдани маънавиёти ҷомеа нақши арзишмандро дороянд. Ҳар қадар фарзандони мо дониши густурда бигиранд, ҳамон қадар миллат ва кишвар рушд менамояд. Инсонҳо ба ҳамдигар меҳрубон мешаванд, ҳунарҳои гуногунро азхуд намуда, рўзгори худ ва хонаводаро пеш мебаранд. Падару модар дар партави Паёми пешвои миллат барои тарбияи фарзандон бояд аҳамият диҳанд. Гоҳе ҳайрон мемонем. Маълум мешавад, ки падару модар чанд фарзандро ба дунё оварда, ба тарбияи ў аҳамияти камтар медиҳанд, ё намедиҳанд. Дар гузаштаҳо бобою бибиҳо, падару модарон барои фарзандаш дар ҳар мавзўъи зиндагӣ ҳатман чанд афсона, қисса ё ривояту нақл гуфта, ўро барои дўст доштани инсон, Ватан ва муҳити зист роҳнамун месохтанд. Аммо гоҳе мебинед, ки фарзанде мактабро тамом карда, ҳатто як афсонаву қисса нашунидааст, ё китобе нахондааст. Чунки шунидани ин ё он ҳикяот, ё хондани китоб фикри инсонро дигар месозад, ўро дар ҷомеа маҳбуб менамояд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки аксари ононе, ки дар зиндагӣ роҳгум зада, худро ба ҳар балои ногуфтанӣ задаанд, ҳамин бедонишӣ аст.
Р.Раҳмонов зимнан ишорат намуд, ки мо дар 10-15 соли ахир чандин бор ба шаҳри Ваҳдат, минтақаи зебоманзари Ромит бо донишҷўёни факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои гирдоварии фарҳанги мардум, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ омадем. Аз байни мардум афсонаву нақлҳо, суруд таронаҳо, рақсу бозиҳоро сабт кардем; дар бораи ҳунарҳои мардумӣ ба мисли табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ, заргарӣ, қуроқдўзӣ, гулдўзӣ, шерозбофӣ ва ғайра маълумот ҷамъ овардем. Мардум дар бораи моҳияти ҳунармандӣ, афсонаву нақлҳои ҷолибе доштанд, ки он гуфтаҳоро сабт кардем. Аз ҷумла дар бораи «Зани ҳунарманд», «Марди беҳунар», «Бачаи танбал», «Муши тиллоӣ» ва монанди ин.
Дар вохўиҳо, дар партави Паём, барои мардум ба таври мухтасар, чи гуна ҳунар касро ба қуллаҳои баланд мерасонад, ҳикоятҳо гуфта шуд. Чи гуна сайёҳон аз замонҳои қадим ба кишварҳои гуногун сафар карда, хубию некиҳои оламро дида, таҷрибаи зиндагӣ меомўхтанд, ёдоварӣ гардид. Барои ҳамин дар байни мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат, хамчун таҷрибаи рўзгор, зарбуламсалҳои «сафар кардан ҷаҳон дидан», «аз одами бекор, ҳама безор», «одами беор дарахти бебор», «қадри зар заргар медонад», «ҳунар ҳунар аст, беҳунар хар аст», «ҳунар аз мероси падар беҳ», «ҳунарманд хеҷ гоҳ хор намешавад», «одами боҳунар дар пешгаҳи давра аст», «ҳунар аз дониш, дониш аз хониш» ҳоло ҳам вирди забони мардум аст.
Ин буд, ки Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша диққат намуда, вале дар Паёми имсола, тавре ки дар боло ишорат гардид, ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода фармудаанд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Гурўҳи таблиғотии шаҳри Ваҳдат, ба яке аз нуктаҳои барои пешрафти кишвари мо зарури Паём, ки ин тарбияи насли ҷавон аст, диққати махсус доданд. Дар ҳошияи ин гуфтаҳои Сарвари кишвар ба мардум ва ба хусус омўзгорон бо мисолҳо фаҳмониданд, ки ба тарбияи кадрҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Аз давраи кўдакистон, таълим дар мактаб, хурдсолон, наврасон ва ҷавононро ҳамаҷониба тарбият намоянд. Дар ин самт ин суханҳои дар Паём омадаро, ки барои Вазорати маориф ва илм гуфта шудааст, сармашқи кори худ қарор диҳанд: «Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷўён, омўзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд.
Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомўзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд».
Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, Р.Исмоилов, Баҳор, Н.Розиқ, Симиганҷ, Чўянгарон, Ромит, Чорсу, К.Исмоилов ва маркази шаҳри Ваҳдат мубаллиғони Паёми пешвои миллат гуфтаҳои зерини Сарвари кишварро бо забони сода, бо мисолҳои вобаста ба зиндагӣ, ҳатто бо овардани порчаҳои шеърӣ, ҳикоятҳои таъсирбахш, ба мардум ёдовар шуданд: «Ҳамчунин, моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем».
Аз гуфтаҳои пурмуҳтаво, пурсишҳои самимии Ю.Юсуфзода, аз баёни гуворову латифи профессор Ҷ.Мустафоқулов, аз ҷозибаи суханони доксент А.Сафарзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Ф.Хоҷазода, прокурор Б.Ҳамид, мудири маориф Х.Тўразода, сардори шўъбаи корҳои дохилӣ А.Мирзода, раиси созмони ҷавонон М.Азизода, ба хусус аз эҳсосоту муҳаббати раиси шаҳри Ваҳдат Р.А.Амирзода, ҳозирин ба ваҷд омада, ҳам дар шарҳу эзоҳи Паём ҳамроҳ мешуданд ва ҳам пас ҷамъомад бо саволҳои худ ба мубаллиғон ва раиси шаҳр муроҷиат менамуданд.
Дар шарҳу тафсири Паёми Пешвои миллат Раиси шаҳри Ваҳдат Р.А.Амирзода ҳамроҳи гурўҳи таблиғотӣ дар аксари вохўриҳо буда, худ низ бо муҳаббат мардумро барои бештар кор кардану фаъол будан ташвиқ менамуд. Яке аз ин вохўриҳо дар минтақаи Ромит, дар мактаби рақами 20 баргузор шуд. Пас аз тафсири баъзе нуктаҳои Паём Р.А.Амирзода бо эҳсосу самимият гуфт:
– Ҳозирини гиромӣ ман аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат, ки дар Паём омадааст бо диққат гўш диҳед: «Вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо бояд таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ фаъол гардонида шавад. Аз ин рў, Ҳукумати мамлакат бояд усули арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро аз рўи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ ҷорӣ намояд».
Гўш кардед. Офарин. Шумо фаъол бошед. Ҳунарҳои мардумиро равнақ диҳед. Ба хусус соҳибкорон, барои пешрафти минтақа бо идеяҳои нав муроҷиат намоед, ман шуморо дастгирӣ мекунам. Ҳар коре, ки барои рушди минтақа лозим аст, кумак менамоям. Шумо мардуми шарифи Ромит, ҳамеша бо заҳмату меҳнати ҳалол зиндагии худро пеш мебаред. Акнун фурсати он расидааст, ки пас аз эълон шудани Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бояд даҳчанд заҳмат кашида, минтақаи Ромитро, ки яке аз дараҳои зебоманзари Тоҷикистон аст, обод намоем. Ба суханони ман диққат бидиҳед. Пеш аз ҳама ман аз шумо хоҳиш менамоям, ки то охири дара ҳар касе, ки дар ду самти роҳ ҳавлӣ дорад, барои сохтани биноҳои на камтар аз ду ошёна кўшиш намояд. Ҳар касе, ки бинои дутабақа ё бештар аз он месозад, метавонад дар табақаи аввал дўкону мағоза дошта бошад. Дар ин дўкону мағозаҳо метавонед барои сайёҳон маҳсули ҳунари мардумии худро, ё митақаҳои дигарро оварда пешкаш намоед. Шарт нест, ки дар ин дўконҳо фақат ҳунарҳои мардумӣ бошад, балки метавонед дар он чизҳои дигари барои мардум лозимро пешкаш намоед. Зимнан аз ҳамаи шумо, ҳам мардуми шаҳри Ваҳдат хоҳиш мешавад, ки дар тўли соли 2018 дегдон, танўрхона, ошхона ба хусус дастшўю ҳаммому ташнобҳои худро ба шакли замонавӣ, тозаву озодаву шинам намоед. Ҳар сайёҳе ба минтақа ва ҳавлии шумо даромада, аз маданияти баланди хонадории шумо низ лаззат барад.
Р.А.Амирзода ба идомаи суханони худ гуфтанд: агар ин корро амалӣ намоед, ҳамаҷоро тозаву зебову шинам созед ин пеш аз ҳама барои рўзгору саломатии шумо муҳим аст. Табибон беҳуда нагуфтаанд, ки тозагӣ гарави саломатӣ аст. Барои он ки оби софу мусаффои дарёи Кофарниҳон ифлос нашвад, ҳар кас дар гўшаи ҳавлии худ метавонад 5-6 метр чуқурӣ канда чоҳе (канализатсия) бисозад, то партобҳои ташнобу дастшўю ҳаммому ошхона ба он ҷо биравад. Аллакай дар даруни шаҳри Ваҳдат бисёриҳо дар ҳавлиҳои худ ин корро амалӣ намудаанд.
Р.А.Амирзода ба мардум муроҷиат карда ёдовар шуданд: шумо Ҳулбукро, ки ҳазор сол пеш як шаҳри қадимии Хатлон будааст, шунидаед. Дар ҳамин шаҳр, дар ҳамон замон навъҳои ҳунармандӣ кулолӣ, шишагарӣ хеле рушд ёфта будааст. Бостоншиносон аз ин макон нақшу нигору ороишӣ пайдо намуданд. Системаи гармидиҳӣ, ташнобу ҳаммому дастшўйҳо дарёфт намуданд. Пас, бинед, гузаштагони мо дар он замон фарҳанги баланди рўзгордорӣ доштаанд. Инак, акнун фурсате расидааст, ки имрўз мо ҳам дараи Ромитро чунон обод кунем, ки ҳам худамон, ҳам сайёҳон ҳамаҷониба бароҳат бошанд. Боз такрор мекунам, Пешвои миллат дар Паём масъалаи Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар мадди аввал гузоштанд. Ҳоло вақти муносиб расидааст, ки ҳунари худро нишон диҳед. Ман мебинам, ки баъзеҳо навъҳои гуногуни нони тоҷикиро пухта, ҳатто шабҳо барои сайёҳон пешкаш мекунанд, ки ин бисёр хуб аст. Кўҳҳои Ромит ва ҷойҳои дигар ҳазорон навъ гиёҳ дорад. Шумо онҳоро ҷамъ кунед. Дар оянда дар кишвари худи мо аз гиёҳҳои табиии худамон сохтани дору ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Сарвари кишвар дар Паём роҳнамоӣ хуб намуданд.
Раиси шаҳри Ваҳдат Р.А.Амирзода дар вохўриҳо гуфтаи зерини Пешвои миллатро дар бораи содир намудани меваҳои хушсифати кишварамон ба ёд оварданд: «Аз ин бармеояд, ки сарфи назар аз талаботи зиёди шарикони асосии тиҷоратиамон ба меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи мо, имкониятҳои мавҷуда дар самти коркард, бандубаст ва содироти онҳо ба таври зарурӣ истифода нашудаанд ва сохтору мақомоти марбута дар ҳалли ин масъала бояд мунтазам чораҷўӣ намоянд».
Сипас эшон тибқи мушоҳидаи худ гуфтанд, ки ман чанд сол раиси шаҳри Исфара будам. Мардуми он ҷо дар парвариш намудан ва гирифтани ҳосили зардолу заҳмати зиёд мекашанд. Ҳатто пас аз донакро шикастан, пўчоқи ҷўби донакро низ намепартоянд. Маълум мешавад, ки пўчоқи донаки зардолу барои косметика ва дорусозӣ лозим будааст. Аз ин рў, аз шумо хоҳиш мекунам, ки таҷрибаҳои минтақаҳои гуногуни кишавармонро омўхта, зудтар камари ҳиммат бандеду Ромитро обод кунед. Аз Паём медонед, ҳар касе, ки дар хонаи худ чизе истеҳсол карда, маҳсули ҳунари худро ба бозор мебарорад, аз андоз тамоман озод аст: «Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурўши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».
Дар вохўриҳо прокурори шаҳр Б.Ҳамид вобаста ба Паём осудагиву оромии мардум чунин гуфт:
– Дар Паём амнияти мардум таъкид шудааст. Мо бояд ба қонуншиканӣ роҳ надиҳам, ҳамеша зираку ҳушёр бошем, байни худ муноқишаву ҷанг накунем, ноболиғонро ба роҳи нек ҳидоят намоем. Ба гурўҳҳои ифротӣ пайвастанро ҷилавгирӣ намоем. Хушбахтона, муноқиша байни хонандагон хеле кам шудааст. Агар ҳар як шаҳрванди кишвар мувофиқи қонунҳои амалакунанда кор кунад, худи ин амал пайрави Паём будан, ба хонавода ва пешрафти кишвар ёрӣ расонидан аст. Яке аз балоҳои ногувор ин порадиҳӣ ва порагирӣ аст, ки дар асл ин ҳар ду амал ҷиноят аст.
Узви дигари гурўҳи таблиғотӣ сардори шўъбаи корҳои дохилии шаҳр А.Мирзозода низ аз Паём ва аз камбудиҳои шаҳр мисолҳо оварда ба мардум фаҳмонд, ки ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, шаҳрамонро обод намоем. Ёдовар шуд, ки аз амалҳои зишти заминро ғайриқонунӣ ғасб намудан, тартиботро вайрон кардан, кашмакашиҳои беҳуда кардан, даст кашем. Чунки ин амалҳои ғайриқонунӣ касро ба ҷиноят бурда мерасонад. Дар ҳамин ҷо ёдовар мешавам, ки мутассифона баъзе ҷавонони шаҳри мо ба гурўҳҳои террористии кишварҳои хориҷӣ пайваст гардиданд, баъзе кушта шуданд, баъзе сарсону саргардонанд. Ҳама бояд дар ин самт кор кунем. Мардуми шарифи шаҳри Ваҳдат бетараф набошед.
Мудири шўъбаи маорифи шаҳр Х.Тўразода ба он гуфтаҳои Пешвои миллат, ки оид ба маориф аст, такя намуда ба ёд овард: хонандагони мактабҳои мо ба олимпиадаҳо фаъолона ширкат менамоянд, ба кишварҳои хориҷӣ рафта бо медалҳо бармегарданд. Дар замони Шўравӣ кай як хонандани мактаб ба кишвари хориҷӣ рафта ба мусобиқаҳо иштирок менамуд. Ин хушбахтии мардуми мост. Бояд Паёмро сармашқи кори худ қарор дода, дар солҳои оянда барои рушди кишвари худ бештар заҳмат кашем.
Ҳангоми вохўриҳо дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Ваҳдат ҳатман чанд тан аз фаъолон низ дар бораи Паём андешаҳои худро мегуфтанд. Аз ҷумла Б.Лолаева ишорат бар тарбияи дурусти фарзандон намуда гуфт, ки падару модар кўшиш намоянд, то фарзандонашон саводи дунёвии хуб дошта бошанд, филмҳои ҷангии беҳуда набинанд.
Ҳангоми вохўрӣ мардуми ҷамоати Ромит ташаббус нишон дода гуфтанд, ки барои бозсозии қасри фарҳанг, баҳри ободии дараҳои зебоманзари Ромит барои сайёҳон, дастгирии маъюбон дар канори Раиси шаҳри Ваҳдат истода ҳар коре, ки аз дастамон меояд, ба анҷом мерасонем.
Дар раванди шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат бо ташаббуси Раиси шаҳри Ваҳдат 13-уми январ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Гурўҳи таблиғотӣ Ю.Юсуфзода (раҳбари гурўҳ) Ҷ.Мустафақулов, А.Сафарзода, Р.Раҳмонов ва аз шаҳри Ваҳдат Р.А.Амризода (раис) ва ҳамкоронашон бо ҳунармандон мулоқот намуда, ба онҳо оид ба моҳияти Паёми имсола ва равнақ додани сайҳию ҳунарҳои мардумӣ ба таври муфассл суҳбат карданд.
Дар ин намоиш ҳунармандони зардўз Б.Холова, табақтарошу гаҳворасоз А.Мирзоев, заргар З.Фақиров (бо фарзандони заргараш), қошуқтарошу табақтарош Р.Давлатов, зардўзу қуроқдўз Ҳ.Сафарова (24 бонуро касб меомўзад), навозандаи лабчангу шерозбоф Ҳ.Қурбонова, устои дуредгару гаҳворасоз Б.Фозилов, сабадбоф М.Асоева, табақтарош М.Файзиев, гулдўзу қуроқдўз Д.Шарифова, шерозбоф С.Сулаймонова ва дигарон аз ҷамоатҳои гуногун иштирок намуданд.
Ин намоиш аз чанд ҷиҳат ҷолиб буд. Аввал ин ки ҳунармандон ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд. Дигар ин, ки раиси шаҳр, аъзоёни гурўҳи корӣ бо ҳунармандон аз наздик мулоқот намуда, ба пешниҳодҳои онҳо гўш доданд. Сеюми ин, ки раиси шаҳр баробари дидани ҳунари онҳо пешниҳод менамуд, ки лоиҳае пешниҳод намоянд. Зимнан ба шахсони масъул супориш медод, ки дар роҳи самти Роғун ва дар роҳи самти Норак, ки дар оянда аз ин масир сайёҳон зиёд мегузаранд, барои сохтмони дўконҳои маҳсулоти ҳунармандӣ ҷудо кардани заминро мавриди омўзиш қарор бидиҳанд.
Дар вохўриҳо мардум ҳангоми гуфтугўҳо ва саволҷавобҳо мегуфтанд, ки дар партави Паёми Пешвои миллат гиёҳҳои нодири минтақа, обҳои шифобахши онро дар оянда самаранок истифода хоҳем бурд. Муовини ҷавони раиси ҳукумати шаҳр Ф.Хоҷазода, раиси ҷавонони шаҳр М.Азизода аз Паём ёдовар шуда, ташаббус нишон медоданд, ки дар оянда худи ҷавонон бояд ташаббускори амалҳои созанда бошад.
Ҳамчунин таҳти раҳбарии раиси шаҳри Ваҳдат Р.А.Амирзода, соҳибкорон ишорат бар он менамуданд, ки ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро, ки дар пойтахт дар зудтарин фурсат майдону марказҳои зиёди варзишӣ, гулгаштҳо, ҷойҳои машқу тамрин сохтааст, дар шаҳри Ваҳдат пайравӣ менамоянд.
Ҳамин тавр дар вохўриҳо, барои шарҳу эзоҳи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳам мубаллиғон ва ҳам мардуми шаҳри Ваҳдат фаъолона ширкат намуда, тасмим гирифтанд, ки дар оянда мувофиқи гуфтаҳои зерини Пешвои миллат, барои зиндагии шоиста, бештар ва хубтар фаъолият намоянд: «Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем».
Равшан Раҳмонӣ
профессори ДМТ