Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:46 – НАҚДИ ТААССУБГАРОӢ ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРС - ТОҶИК 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 13:31 – ДАСТОВАРДҲО МОРО БА КОР ДИЛГАРМ МЕКУНАД 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 

Ваҳдат эҳсоси садои гарми Яздон аст

Ваҳдат эҳсоси садои гарми Яздон аст

Тоҷикистон! Мазҳари номусу виҷдонам,
Сарзамини бостонии бузургонам.
Ҷаннати обиву хуршедии Яздонам,
Ёдгори ҷовидони Оли Сомонам.
Ваҳдати ту эътибору шавкату шонам,
Ваҳдат оҳанги баќои Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон! Хоки покат хоки имдод аст,
Сарвари ҳаќбину ҳаќроҳат худодод аст.
Халќи меҳнатпарварат ободу озод аст,
Номаи бахти баландат хатти иршод аст,
Ваҳдати ту тозакорӣ асту бунёд аст,
Ваҳдат эҷоди ҳаёти нурборон аст.

Тоҷикистон! Эй таҷаллигоҳи зебоӣ,
Номи покат осмониву аҳуроӣ,
Саҷдагоҳи тоҷикони рӯи дунёӣ,
Ошёни сулҳу ишќу халќи доноӣ,
Офтобосо пур аз нурӣ, муҷаллоӣ,
Ваҳдат эҳсоси садои гарми Яздон аст.

Тоҷикистон! Ҳар гиёҳат доруи Сино,
Чашмаҳоят нушдоруҳои ҷонбахшо,
Тоҷикистонам-шукӯҳи ҳолию фардо,
«Маснавии маънавӣ»-и сунъи Мавлоно,
Ваҳдати ту дар тамоми даҳр беҳамто,
Ваҳдат анҷоми парешонии инсон аст.

Ваҳдат ин дасти дуои неки пирон аст,
Ваҳдат-инсофу адолат, нури имон аст,
Ваҳдат иќболи баланди Тоҷикистон аст.
Ваҳдат ифшои садои роздорон аст,
Ваҳдат оғози нумуви Тоҷикистон аст.
Ваҳдат овози суҷуди сабзи борон аст.
Ваҳдат эҳсоси вуҷуди поки Яздон аст.

Модар-Ватан оғозам, Модар-Ватан анҷомам

Эй кишари озодам, эй халќи худододам,
Эй мазҳари бунёдам, эй маскани ободам.
Дар роҳи сафои халќ, аз созу садои халќ,
Дар даст ливои халќ-оҳангу баќои халќ

Ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳар гуна, ки ман бошам,
Дар хизмати халќи худ содиќ ба Ватан бошам.

Номуси ватандорӣ оини ниёгонам,
Бо нангу ба виҷдонам, аз раҳмати раҳионам.
Ҳам ҳомии сулҳам ман, ҳам ҳомии истиќлол,
Эй миллати маҳбубам, иќболи манӣ, иќбол.

Ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳар гуна, ки ман бошам,
Дар хизмати халќи худ содиќ ба Ватан бошам.

Ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳар гуна, ки ман бошам,
Дар хизмати халќи худ содиќ ба Ватан бошам.

Эҳёгари суннатҳо, оғози зафарҳоям,
Бо дасту дили покам, бо лафзи гувороям.
Меболам аз ин бахтам, фарзанди накуномам,
Модар-Ватан оғозам, Модар-Ватан анҷомам.

Ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳар гуна, ки ман бошам,
Дар хизмати халќи худ содиќ ба Ватан бошам.
Шариф Раҳмон,
омӯзгори Донишкадаи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин