Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

МО ТОЗАБАҲОРИ ВАТАНЕМ

МО ТОЗАБАҲОРИ ВАТАНЕМ“Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан, мо ҷавонони замони истиқлол худро хушбахт меҳисобем, ки дар фазои сулҳу субот ва орому осудаи Ватан зиндагӣ мекунем. Шукргузор аз он ҳастем, ки Пешвои миллат ба ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Мо ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Ҷаноби Олӣ кўшиш мекунем, то фарҳангу суннатҳои аҷдодии хешро дубора эҳё намуда, аз тоҷику тоҷикзабон буданамон ифтихор намоем. Тамоми нерӯи зеҳнию ҷисмонии хешро барои Ватан дареғ надошта, баҳри ободиву гулгулшукуфии он аз як гиребон сар бароварда, чун ҷавшан бар тани Ватан бошем!
Тоҷикистони азизи мо низ, чун чавони 25 солае мебошад , ки 70%- и аҳолии онро аз 14 то 30 сола яъне ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин Пешвои миллат ҳануз аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба насли ҷавон ва татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон афзалият доданд. Қадамхои аввал дар роҳи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” 13 марти соли 1992 гузошта шуд.
Ҷавонони Тоҷикистон кўшиш мекнанд, то ки технологияҳои ҳозиразамон ва забонҳои хориҷиро аз худ карда, баҳри обод гардонидани гўшае аз Тоҷикистон саҳми хешро гузоранд.
Дар тўли 25 соли соҳибистиқлолии кишварамон Сарвари давлат чандин маротиба бо ҳаёти ҷавонон аз наздик шинос шуда, барои ҷой надоштани норасоиҳо тадбирҳои мушаххас андешиданд. Дар яке аз мулоқотхои худ таъкид намуданд: “Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз раванди солиму носолими сиёсати имрўза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву хозираи халки худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.”
Ин суханони Сарвари давлат ҷавононро водор месозад, то зиракии сиёсии худро аз даст надода ҳар лаҳзаи пурқиммати вақти хешро сарфакорона истифода намуда барои эҳёи суннатҳои аҷдодии хеш камари ҳиммат бандем.
Ҷиҳати таъминоти асосҳои иқтисодию иҷтимои ташаккули муассисаҳои иҷтимои ҷавонон, фондҳои мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва воҳидхои зерсохтории иҷтимоии ҷавононро муқарар намудааст, ки онҳо ҳамзамон механизми ташкили корро таъмин месозанд. Дар боби мазкур таваҷҷуҳи беш ба дастгирии иҷтимоии ҷавонон низ дода шудааст, ки дар самти татбиқи он андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастгирии ҷавонони маъюб, бепарастор, камбизоат ва оворагард муқарар гардидаанд.
Инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсат буда, фаъолиятеро инъикос менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуддат анҷом медиҳад ва ҷавобгӯи афзалиятҳои Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад.
Стратегия ба шаҳрвандони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 14 то 30 сола, аз ҷумла ҷавононе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд ва ба оилаҳои ҷавон нигаронида шудааст.
Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун воҳиди том бояд, ки ҳамқадами кишварҳои абарқудрати олам бошад, то соҳибмеросии миллати соҳибтамаддуни қадимаи тоҷикро, ки фарзандони он дар ҷаҳон бо хизматҳои ватандӯстонаи хеш шинохта шудаанд, собит созад.
Аз ҳамин сабаб аз соли 2002 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон амалӣ гардида истодааст. Мақсади асосии Барнома ин тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватанпарастӣ, мухаббат ба Ватан дар онҳо баҳри ҳифзи амният, таҳкими истиқлолият ва ободии Ватан аз таъсири таблиғоти ифродгароёна ва оштинопазирии миллию мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таасуби динӣ дар байни ҷавонон мебошад.
Имрӯҳхо дар саросари Ватани азизамон бисёр марказҳои маърифатию омӯзишӣ, ки мо ҷавонон ҳатто метавонем ба таври ройгон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ машғул шавем, истирохатию варзишӣ ва садҳо марказҳои дигари ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳони муосир таъсис дода шудаанду ҷавонон имконияти рушд додани қобилияти зеҳнию ҷисмонии хешро бештар пайдо мекунанд.
Чун як ҷавони хушбахти даврони соҳибистиклолии Ватани азизам миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон иброз менамоям, маҳз кӯшишу дастгириҳои ин фарзанди фарзонаи Ватан боис гаштааст, ки сафи ҷавонони соҳибилму маърифат дар муассисаҳои миёнаву олӣ ба маротиб афзуда ба ин қувваи созандаи ҷомеа диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Мо ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлатамон тамоми нерӯи хешро баҳри ободии гӯшае аз Тоҷикистон равона сохта, Ватани хешро ба биҳишти рӯйи олам табдил диҳем.
Сад мулки дигар агар маро ҳадя кунанд, ҳаргиз накунам қабул ба ҷои Тоҷикистон, чунки ман фарзанди ин Ватанаму ў маро да оғўши биҳиштосояш ба камол расондааст.

Фариза НИЁЗОВА,
донишҷўйи Донишкадаи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин