Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бинои 7-ошёнаи маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд соли 2018 оғоз гардида, бо сифати баланд ва риояи талаботи шаҳрсозию меъморӣ анҷом дода шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намудандДар бинои асосии Прокуратураи вилояти Суғд 111 хуҷраи корӣ, осорхона, китобхона, толори варзишӣ ва утоқҳои техникӣ мавҷуд аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам мебошад.

Бинои дигари иншооти мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона барои 90 ҷои нишаст ва дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ б0 300 ҷои нишаст ҷойгир аст.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Прокуратураи вилояти Суғд барои таъмини волояти қонун дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таҳкими назорати прокурорӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар саҳн ва атрофи он бо анҷоми тадбирҳои ободонӣ гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шудаанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин