Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Чаҳор гуфтор дар бораи омўзгор

Чаҳор гуфтор дар бораи омўзгор

ОҒОЗ
Ислоҳоти мактаб ба давраи наве дар ҳаёти мактабу маорифи мамлакат ибтидо гузошт ва аз ҳар муаллим тақозо кард, ки як бори дигар ба рўзгори худ назари тааммуқ андозад, онро ба таҳлил гирад ва аз худ бипурсад, ки оё фаъолияташ ба талаботи рўзафзуни замон ҷавоб дода метавонад. То чӣ дараҷа дар бораи табиат ва моҳияти пешаи худ тасаввур дорад ва аз худ, аз ҳампешагони худ чӣ дархост мехоҳад. Махсусан, дар рўзҳои мо, ки талаб аз муаллим, аз дарс ва шахсияти ў хеле афзудааст, чӣ кор кунад ва чӣ хел рафтор намояд, ки ба сухани хуш ва ташаккури мардум сазовор шавад?
Дар ин мақола кўшиш шудааст, ки роҷеъ ба рисолати муаллим дар ҷомеаи муосир ва шахсияти ў чанд андешае иброз гардад.
ГУФТОРИ ЯКУМ:
Муаллим чӣ гуна бояд бошад?
Муаллимӣ ҳунарест оливу наҷиб. Вале на он кас муаллим аст, ки тарбия ва маълумоти муаллимӣ мегирад, балки он кас аст, ки ботинан эътиқод дорад, ки муаллим ҳаст, бояд бошад ва дигар хел буда наметавонад. Ин эътиқод аҳёнан вомехўрад ва фақат бо қурбониҳое исбот мешавад, ки кас ба ҳунари худ мекунад.
Лев Толстой
Руҷўи лирикӣ.
Аз навиштаи як омўзгор.
Муаллими ҳақиқӣ кист? Чун сари ин муаммо ба андеша равам, даставвал андоми нуронии шахсе пеши назарам ҷилвагар мешавад.
Соли 1957 ман баъди хатми синфи ҳафтум ба Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакент дохил шудам ва дар онҷо чаҳор сол аз ақл ва ҳиммати наҷибмарде баҳра бардоштам, ки зуд ва ҳамешагӣ дар дилу дидаи ман маъво гирифт. Ин шахс муаллими адабиёт Абдуҷаббор Шарифзода буд. Шарифзода ошиқи китоб буд, дар хонааш чандин ҷевон китоб дошт, пулашро сарфи китоб мекард ва аз бозорҳо аз дасти китобфурўшон девонҳои шуарои қадим,фарҳангҳо, тазкираҳо, таърихномаҳо, баёзҳои фузуне гирд оварда буд, онҳоро барои худнамоӣ нагирифта буд, мехонду аз худ мекард ва ба дигарон мебахшид. Фарҳангро дўст медошт, аз илмҳои гуногун воқиф буд ва ин шеърро вирди забон дошт:
Илмро ҳаргиз наёбӣ, то набошад шаш хисол,
Ҳирси вофир, фаҳми комил, ҷамъи хотир, кулли ҳол.
Ҳам дигар устоди мушфиқ, саъй ҳам бояд мудом,
Лафзро таҳқиқ кардан, то расад ҳадди камол.
Ин устоди мушфиқи мо худ соҳиби ин шаш хислат буд ва мекўшид, ки шогирдонаш низ соҳиб бошанд.
Шарифзода ошиқи сухан буд, сухани зеборо дўст медошт ва моро сухансанҷию суханшиносӣ меомўхт, бо амри ў ҳар кадом луғатнома тартиб дода будем, ки дар он аз рўи алифбо калимаҳои номафҳумро бо шарҳу эзоҳашон менавиштем ва сипас аз худ мекардем. Шарифзода аз қабили муаллимоне набуд, ки луғаташон аз ҳадди 800-1000 калима нагузарад, ў фарҳангеро мемонд аз чиҳил-панҷоҳ ҳазор калимаву ибора; хонандагоне буданд, ки барои фаҳмидани забондонии муаллим маънии луғатҳои нодирро аз ў мепурсиданд, ў дафъатан шарҳу тавзеҳ медод, гоҳе бо байте далелашро асос мебахшид.
Шарифзода ошиқи адабиёт буд, билхоса адабиёти классикӣ, як девон шеърро аз ёд медонист ва ҳар гоҳ ки шеъри шевое мехонд, ба изтироб меомад, ба шўр меафтод, ноором мешу два чашмонаш барқ мепошиданд, ончунон барқе пуртавон, ки дар чашмони мо низ менишаст ва хунамонро ба ҷўш меовард. Шарифзодаи ошиқ моро ошиқи адабиёт, ошиқи шеър, ошиқи Рўдакию Фирдавсӣ карда буд.
Ў ба сабабе ошиқи сухан ва адабиёт буд, ки ошиқи зиндагӣ ва зиндагон буд, шогирдони худро дўст медошт ва ҷаҳд мекард, ки аз гили эшон пайкараи зебое битарошад, зеро нағз медонист, ки аз ин гил пайкараи зишт тарошидан саҳл аст; ҷаҳд мекард шогирдонро суханпарасту шеърпараст ба камол бирасонад, зеро нағз медонист, ки аз онҳо душмани шеъру сухан сохтан саҳл аст. Роҳи душвор, вале наҷибе пеш гирифта буд ва то вопасин нафас сарафроз дар ин роҳ қадам мезад ва иқрор шудан бояд, ки аксаран тираш ба ҳадаф мерасид. Солҳост, ки устод Шарифзода падруди ҷаҳон кардааст, аммо ў ҳанўз бо ман (ва садҳои дигар) падруд нагуфтааст. Инак, мебинем, ки ў вориди синфхона мешавад, ҳама ба эҳтиром аз ҷой бармехезанд, "Салом!" мегўяд, муаллим низ "Салом!" мегўянд дар ҷавоб ба шогирдон ва дарси зебоиву нафосат оғоз меёбад. Муаллими меҳрубон моро ба уштурони хаёл савор карда, ба сайру саёҳати асри даҳ - "асри тиллоии маданияти тоҷик" мебарад, мо аз дарвозаи Самарқанд ба Бухорои биҳиштмаъво по мегузорем, аз кўчаву хиёбонҳои сабзу хуррами он гузар мекунем, дар бозорҳо гўш ба мубоҳисаву мунозираи аҳли китобу маърифат медиҳем, аз ҳашамат ва ҷозибаи кохҳову кўшкҳо, меҳмонсаройҳову китобхонаҳо, боғҳову бўстонҳо ба ҳайрат меоем, тоқиҳомон аз дидани арки Бухоро, ки Сиёвуши некмазҳар бино кардааст, рўи хок меафтад, аз Рўдизар оби ҳаёт менўшем, аз бўи Ҷўи Мўлиён маст мешавем, пеши мақбараи Исмоили Бузург сари таъзим фуруд меорем, инак, дар дарбор ҷашни ҷамшедие оростаанд, амир Наср бини Аҳмад, вазир Балъамӣ, сафирон, саркардагон, дарбориён, созандагон, сарояндагон ҳузур доранд ва Рўдакии азимушшаън бадоҳатан қасидае мехонад (ки сонӣ бо номи "Модари май" шуҳрат меёбад) ва ҳама ба ваҷд меоянд… муаллими мо низ ба ваҷд меояд, мо низ ба ваҷд меоем!
Муаллим моро ҳолати ваҷд ва ҳайрат аз шеър, сухан, маданият, Ватан ва забони модарӣ меомўхт, бузургдошти ҳама чизи муқаддас ва азиздошти ҳама парастаҳоро меомўхт, моро пос доштани гузаштаи пуршараф таълим медод, то ба қадри имрўзи қаҳрамонӣ бирасем, моро эҳтироми Рўдакию Айнӣ ёд медод, то бузургони халқҳои дигарро эҳтиром бикунем, моро азиз доштани забони модарӣ сабақ медод, то забонҳои дигарро низ азиз дорем, зеро нағз медонист, ки мафҳумоти муқаддаси "Ватан", "ормон", "фарҳанг", "адабиёт", "шеър" ва ғайра маҳз тавассути забони модарӣ, ҳамон забоне, ки нахустин бор бо аллаи модар ва навозиши падар, бо лабханди бобою бибӣ, бо меҳрубонии хешовандону ҳамдеҳон дар гўшу дили мо акси садо дод, устувор ва подор хоҳад шуд.
Сабақеро, ки аз мактаби Шарифзода гирифтем, метавон мухтасар бо як ибора ифода кард: парастиши муқаддасот. Ҳатмӣ нест, ки муаллими адабиёт аз шогирдони худ шоир созад, аммо ҳатмист, ки дар ниҳоди шогирдони худ парастиши шеъру сухан, Рўдакию Айнӣ, забони модарию Ватанро пайрезӣ бикунад ва ғараз аз парастиши муқаддасоти инсон сохтани ҳар кадоме аз шогирдон буд, зеро диле, ки дар он муқаддасоти халқ ҷой нагирифтааст, холӣ, торик ва беҳаёт аст. Бале, устод Абдуҷаббор Шарифзода кўшо буд, ки аз ҳар кадоми мо инсон созад, худ, ки инсон буд, ҷаҳд мекард, то дигарон низ инсон бишаванд!
Пас муаллими ҳақиқӣ онест, ки мекўшад шогирдони худро инсон созад. Зимнан вазифаи тарбияро бузургон ҳамеша аз он иборат донистаанд, ки инсонро инсон созад. Аз ҷарроҳи накўноми рус Н. И. Пирогов пурсидаанд: "Шумо аз фарзандони худ чӣ сохтан мехоҳед?" "Мехоҳам инсон созам", - гуфтааст ў дар ҷавоб.
Инсон сохтан маънии аз шогирдони шаҳрвандони замон ба камол расониданро дорад. Шаҳрвандони шоиста касе мешавад, ки ин маънии зиндагии худро дар хизмати халқу Ватан дарёбад, Ватанро бештар аз худ дўст дорад ва лаҳзаи зарур барои ҳифзи он ҷон супорад.
Аммо муаллим баҳри он ки шаҳрвандони шоиста тарбия бикунад, худ бояд, ки шаҳрванди шоиста бошад, дар фаъолияти иҷтимоии худ маънии муҳим бубинад, дар роҳи таълими насли наврас ҷон нисор кунад, ба ҳаққонияти кори худ эътимод дошта бошад, дар мактаб ва дар байни мардум ҳамчун ташвиқгари оташқалби ҳақиқати зиндагӣ, ҳамчун муборизи матинирода баҳри тантанаи ормонҳои наҷиби башарӣ арзи ҳастӣ бинамояд. Бидуни шубҳа, ин гуна муаллим дар ҷомеаи мо обрў меёбад ва сазовори бовару ҳурмати халқу Ватан мешавад. Муаллим Абдуҷаббор Шарифзода низ аз ин қабил буд, сазовори эҳтироми халқ ва шарафёби номи мондагор гардид. Ин гуна муаллимони огаҳдил, худгудоз ва ҷонсупор дар диёри мо кам нестанд. Чун бо эшон рў ба рў шавем, бо эҳтиром салом медиҳем ва аз оташи дил арзи ташаккур мекунем.
Ононе, ки шогирдони худро ҳамчун шаҳрвандони шоистаи Ватан ба камол мерасонанд, муаллимони ҳақиқиянд.
ГУФТОРИ ДУЮМ:
Хонанда-оинаи муаллим

Талаба зарфе нест, ки пур бояд бикунӣ, балки машъалест, ки бояд биафрўзӣ.
Константин Ушинский

Руҷўи лирикӣ.
Аз иншои як хонанда.
Муаллими химияи мо ҳам моро дўст медорад ва ҳам фанашро. Дарси ўро ҳамеша интизорем ва мехоҳем дарсаш тамом нашавад.
Муаллими физикаи мо на моро дўст медорад, на фанашро. Аз дарси ў гурезонем ва мехоҳем дарсаш зудтар тамом шавад.
Шоир дар шеър ифода мешавад, сароянда дар суруд. Ҳунари муаллимро дарс ифода мекунад. Маҳз дарс намоёнгари истеъдод ва қудрати муаллим аст.
Дарси муаллими ҳақиқӣ нотакрор аст, ҳар дарс ба рўи бача олами тозае мекушояд, ҳар дарс ба чароғи ақли бача равғани тозае мерезад. Дарси нав барои муаллим ҳамон хел қадру қимат дорад, ки барои шоир шеъри нагуфтааш ва барои сароянда суруди носурудааш. Танҳо бо ҳамин гуна муносибат муаллим метавонад ба муроди дил бирасад.
Ҳангоме ки муаллим ба синф медарояд, чашмони ошнои шогирдон ба сўяш кунҷковона менигаранд ва гўё ки мепурсанд: "Ку, бубинем, имрўз муаллим чӣ ҳарфи тозае ба мо гуфтанист?" Муаллим ҳақ надорад, ки чашмони баумедро фиреб диҳад ва соатро коре карда "кўр" кунад.
Ў бояд ҳангоми тадрис дониши худро дониши хонандагон гардонад. Хонанда оинаи муаллим аст. Аз хонандаи синфи ҳашт хоҳиш кунед, ки дар бораи Рўдакӣ нақл кунад. Агар ғайри чор-панҷ ҷумлаи умумӣ чизе гуфта натавонад, хулоса кунед, ки муаллими вай дар бораи Рўдакӣ ҳамин чор-панҷ ҷумларо медонаду бас.
Муаллим дар мактаб симои асосист, ўст, ки бачаҳои ҳарфношиносу худношиносро ба шинохтани ҷаҳон ва худ роҳ менамояд, ўст, ки чашми бачаро ба ростиву зебоӣ боз мекунад.
Ҷиҳати он ки мақоми муаллимро дар ҷараёни таълим равшан кунем, мисоле аз ҳаёти як мактаби кўҳистон меорем. Дар давоми солҳои зиёд шогирдони ин мактаб аз фанни химия дониши казоӣ ва ба ин фан рағбат надоштанд, чунки дониши муаллимони химияи таълимгоҳ дар ин муддат хеле сатҳӣ буд ва ин гуна дониш хонандаро доно карда наметавонист. Хушбахтона, ҷавоне баъди хатми донишгоҳ ба ин мактаб муаллим шуда омад. Ин ҷавон он қадар дилдодаи таълиму тадрис буд, ки тавонист дар муддати кўтоҳ дар дили шогирдон оташи муҳаббат ба фанни химияро фурўзон кунад. Баъди се сол ду шогирди ў паи ҳам ду сол дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз химия медали тилло гирифтанд. Ҳаққо, ки ин ҷавон муаллими ҳақиқист, зеро тавонист дониши худро дониши хонандагон бикунад…
Ҳар як дарси нави муаллими ҳақиқӣ аз дарси гузаштааш фарқ дорад. Чилу панҷ дақиқаи дарсро чунон мегузаронад, ки хонандагон онро бо шавқу ҳавас гўш мекунанд, дониш мегиранд ва ба чилу панҷ дақиқаи оянда ҳам шавқу ҳавасашон зиёд аст. Муаллими хеле пурдон ҳам якрангу якнавохт дарс гузарад, гумон аст, ки шавқу ҳаваси хонандаро бедор кунад.
Вазифаи муаллим майнаи хонандаро аз дониш пур кардан нест, балки ба хонанда ончунон дониш додан аст, ки вай тавонад онро дар ҳаёт истифода барад. Донишро ба хонандагон бо кадом воситаву усул дода тавонистан дар ҷараёни таълим аҳамияти калон дорад.
Муаллиме дар Ҳиндустон дар боғи шукуфон оид ба муаммои вуҷуд сухан мегузорид. Иттифоқан гулбонги булбуле баланд шуд. Муаллим лаб аз сухан фурў баст ва шогирдон ҳайрон шуданд. Чун булбул чаҳчаҳашро анҷом дод, муаллим гуфт: "Ба хонаи худ равед, дарс тамом шуд!"
Тавре ки мебинем, муаллим ба ҷои дарси худ сабақи булбулро дар идроки асрори вуҷуд авло донистааст.
Аз рўзгори физики маъруфи франсуз Ланжевен мисоли ибратбахше меорем:
"Моҳи маи соли 1942 профессор Ланжевен лексияи навбатии худро хонда натавонист: як рўз пеш ба профессор коғазчае доданд, ки дар он духтараш навишта буд, ки ўро а лагери марги Освенсим мебаранд ва шавҳарашро, ки шогирди дўстдоштаи профессор буд, фашистон паронданд. Дар аудитория сукунат ҳукмфармо буд.
-Хоҳиш мекунам, пластинкаи патефонро монед.
-Кадом қартаро?
-Симфонияи нуҳуми Бетховенро.
Ў чашмашро пўшида, дасташро ба пешонияш гузошта, мусиқиро гўш кард. Мусиқӣ ба поён расид. Профессор аз ҷо бархост. Чашмаш пури ашк буд.
-Дигар имрўз ман ба шумо чизе гуфта наметавонам.
Бо ҳамин Ланжевен хайрухуш карда рафт".
Педагоги бузург В. А. Сухомлинский ҳам дар дарс ва ҳам дар корҳои берун аз он усулҳои гуногуни таълимро кор мефармуд. Ў баҳри он ки ба шогирдонаш зебоӣ, розҳо ва муъҷизаҳои ҷаҳонро ошкор бикунад ва дар ниҳодашон эҳсоси ватанпарастӣ ва бузургдошти муқаддасотро устувор бисосад, эшонро ба оғўши табиат мебурд ва онро мактаби зери осмони кабуд меномид.
Мо ин мисолҳоро ба сабабе овардем, ки таъкид кунем: усули тадрис беохир аст ва мо бояд дар ҳар дарс методҳои гуногунро истифода барем, то хонандагон аз дарси мо розӣ бошанд ва нерўву қобилияти эҷодиашон нашъунамо ёбад.
Муаллиме, ки монда нашуда роҳҳои нав ба нави таълиму тарбияро меҷўяд ва ба шогирдон дониши кофӣ медиҳад, ҳамоно соҳиби обрўю эҳтиром мешавад. Ва боз муаллим ҳангоме ба эҳтироми шогирдон сазовор мегардад, ки соҳиби маданияти баланд бошад.
(Бо ихтисор чоп шуд)
Фотеҳ АБДУЛЛОҲ
рўзноманигор ва муҳаққиқ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин