Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:45 – Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста» 
  • 09:13 – ХУРОФОТ аз чаҳолат сарчашма мегирад 
  • 16:55 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд 
  • 14:58 – Ҳаким Абўҳафси Суғдӣ – шоири ҳамаҳди Рўдакӣ 

КИТОБ РОҲБАРУ РАҲНАМОСТ

КИТОБ  РОҲБАРУ РАҲНАМОСТ

«Муносибати хонандагонро ба хонадани китоб ва ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат намуда, барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангў шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои судмандро ба роҳ монед».
Эмомалӣ Раҳмон
Хушбахтона, боиси таҳсин аст, ки ҳамасола дар кишвари азизамон, бахусус дар пойтахти зебои он – Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» баргузор мегардад. Бешубҳа, он ҳодисаи шоёни фарҳангист. Зеро китоб ҳикмати зиндагӣ ва омўзгор аст. Шоир дар ин боб хуб гуфта:
Доноӣ аз дониш аст,
Дониш асли хониш аст.
Дониш ҷой андар китоб,
Рўй биовар, бар китоб.
Агар аз подшоҳони пешин қасру иморатҳои олӣ боқӣ монда бошад, аз ниёгони барўманди форсу тоҷик ҷилд-ҷилд китобу осори бою ғанӣ ба ёдгор мондаанд, ки инсониятро ба ростӣ ва росткорӣ, ахлоқи неку ва худшиносоӣ даъват менамоянд. Тамоми мероси бойи гузаштагони ном-вари халқи тоҷик саршор аз панду ахлоқ ва тарбияти инсони некўст. Мисоли зерин мақоми доштани доштани китобро нишон медиҳад: марди сарватманд ва оқиле буд. Ҳамсару фарзандон, боғу роғ, чорво ва дороии зиёд дошт, аммо рўзе расид, ки ин ҳамаро тарк намуданаш пеш омад.
Пеш аз фавт ба ҳамсараш гуфт:
-Умре бо ту зистам ва аз баҳри ту ранҷи зиёд кашидам. Ман меравам, ту чӣ хоҳӣ кард?
Зан ҷавоб дод:
-То зинда бошӣ, хидмат кунам. Чун рафтӣ, гиряву нола кунам, бо ту то лаби гўр равам, чун пинҳон шавӣ, бинолам ва пас аз муддате марди дигарро ихтиёр намоям.
Мард ноумед шуд ва ба боғ рўй овард:
-Эй боғ, ниҳолони туро об додам, тарбият кардам, сабзу муаттар гаштӣ. Имрўз, ки вақти ман расидааст, меравам. Бо ман чӣ хоҳӣ кард?
Боғ ҷавоб дод, ки ман пой надорам, ки туро ҳамроҳӣ намоям. Чун ту рафтӣ, шахси дигар биёяд. Маро соҳибӣ кунад, ман ўро хидмат кунам, яъне ҳосил диҳам.
Марди сарватман ва оқил ба китобҳо, ки ҳамеша аниси лаҳзаҳои танҳоияш буданд, муроҷиат намуд:
Китоб хазинаи илм,
Китоб сафинаи илм.
Китоб оинаи илм,
Китоб ганҷинаи илм.
-Эй мусҳаф (саҳифа, китоб), ман хоҳам рафт, ту чӣ хоҳӣ кард?
Китоб дўсти бовафои инсон ҷавоби арзанда дод:
-Ман аз ту ҷудо намешавам, ҳамеша бо туам, ҳама ҷо дастгири туам, чун дар гўр равӣ, мўниси ту хоҳам шуд, чун қиёмат шуд, дастгиру пуштибонат манам. Ҳатто пас аз фавт номатро асарҳо зинда нигоҳ дорам.
Мо-омўзгорон ба ақидае розием, ки пайваста дар матбуот зикр мешавад ва солу асрҳо мегузаранд, вале китоб ҷовид боқӣ хоҳад монд. Чунки он сарчашмаи одобу маърифати инсонист. Ба сухан пухта шавад хоми ҳама, гуфтааст бузургворе. Аз ин лиҳоз, осору асарҳои бузургони илму фарҳанги форсу тоҷик умри безавол доранд.
Аҳли зиё ва илм ба хулосаи дурусту муътамад расидаанд: «Як силсила насиҳатномаю пандномаҳо, «Бўстон», «Гулистон», «Хористон» ва «Баҳористон»-ҳо… дар маҷмуъ фонди тиллоии таърихи педагогии сарзамини Аҷамро таҷассум мекунанд. Аврупоиён ин таълимотро «тарбияи шарқӣ» ном мебаранд ва нисбати он ҳусни таваҷҷуҳи беандоза доранд. Аз ин рў, яке аз мунақидони фарҳангу адаби порсӣ,-файласуфи номдори Ғарб Френсис Бэкон навишта буд: «Китоб киштии фикр аст, ки дар рўйи мавҷҳои замин ҳаракат карда, бори қиматбаҳояшро аз насле ба насле мебарад». Дар баробари ин, аз бесаводӣ умуман парҳез бояд намуд. Ба хотир бояд дошт, ки мутолиаи китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, омўзиши илм барои ҳар як фарди рўйи замин чун обу ҳаво зарур аст, беҳуда нагуфтааст Фирдавсии бузург «Чунин гуфт паёмбари ростгўй, зи гавҳора то гўр дониш биҷўй». Маҳз бо андўхтани илму дониши кофӣ инсон роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб мекунад.
Китоб роҳ сўи дилҳо,
Китоб роҳбар, раҳнамо.
Китоб хонаи ҳикмат,
Китоб нуре ба зулмат.
Насиба ШАРИПОВА,
омўзгори забон ва адабиёти тоҷики
литсейи №3-и ноҳияи И. Сомонӣ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин