Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

САДОҚАТПЕША

САДОҚАТПЕША
Зиёда аз 40 сол аст, ки омўзгори асилу пуртаҷриба Султонхон Хоҷаев ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Аз он ифтихор дорад, ки дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат саҳм гузоштааст. Воқеан ҳам, зиндагии ў дарс аст. Дарси ибрат, дарси садоқат ва дарси одамият. Саодати зиндагии хеш медонад ҳамарўза ба мактаб рафтану бо омодагии хуб ба шогирдон дарс гуфтан ва бо ҳамкорон суҳбатҳои ширину хотирмон намуданро.

Султонхон Хоҷаев соли 1981 ба факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи Давлатии Омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси муаллими фанни физика ва математика бомуваффақият хатм намуд.
Муддате дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҳамадонӣ ба шогирдон аз фанни физика ва математика дарс гуфт. Таҷрибаи хуби омўзгорӣ омўхт. Машғулиятҳоро ҳамеша бо тайёрӣ, истифодаи аёният ва пурмазмун мегузаронид.
Ў аз зумраи он омўзгоронест, ки ҳам касбашро дўст медораду ҳам ба шогирдонаш меҳри беандоза дорад. Серталабу сахтгир, ташаббускор аст ва баробари дарсҳои пурмазмун пайваста корҳои беруназсинфӣ, аз ҷумла конфронсҳои илмӣ, шабнишинию ҳафтаҳои фанниро дар сатҳи баланд мегузаронад.
Лекин ба андешаи ў ҳамчун омўзгору мактабшинос таълиму тарбия ба воситаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Муҳимтарин воситаи таълиму тарбия дарс эътироф шудааст. Ҳар як омўзгор маҳз ба воситаи дарс дар самти таълиму тарбия муваффақ мегардад, - мегўяд Султонхон Хоҷаев.
Дониши баланди касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва навовариаш буд, ки ўро муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ таъин намуданд.
Устод Султонхон Хоҷаев баробари омўзгори фаъол будан, боз ҳунари хеле хуби рассомӣ, наққошӣ ва хаттотӣ низ дорад. Ҳамаи кабинету роҳравҳо ва ҳавлии муассисаро бо овезаю навиштаҷотҳо ва расму манзараҳои гуногун зебу зиннат дод, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамуд.
Устод С.Хоҷаев хотироташро дар бораи фаъолияти корӣ чунин баён кард: Оғози солҳои 80-уми асри гузашта буд. Гуруҳи кории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ҳамадонӣ бо сафари корӣ омаданд. Саҳар вазири вақти Маорифи кишвар Рауф Додобоев бо ду - се нафар ҳамроҳаш ба мактаби мо омаданд. Баъд аз санҷиши вазъи таълиму тарбия аз кабинету роҳравҳои мактаб дидан намуданд. Баъд вазир аз директори мактаб Саида Мирҳайдарова пурсид, ки муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ кист?
- Султонхон Хоҷаев, - гуфт директор.
Вазир ба ман нигариста гуфт:
Бегоҳӣ дар толори кумитаи ҳизбии ноҳия ҷаласаи сайёр баргузор мегардад. Иштироки Шумо ҳатмист.
Майлаш - гуфтему вазирро гусел намудем.
Дар ҷаласа вазир вазъи таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳлил намуда, ба фаъолияти муассисаи мо баҳои баланд дод. Директори мактабро бо нишони сарисинагии "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва маро бо Ифтихорномаи Вазорати Маориф қадрдонӣ намуданд.
Соли 1990 устод С.Хоҷаев бо аҳли оилааш аз рўи зарурияти зиндагӣ ба ноҳияи Вахш кўчид.
Ўро омўзгори фанни математикаю физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 таъин карданд.
Таҷрибаи бою баланди омўзгорӣ ва сифатҳои хосаи инсонӣ, ки дошт зуд дар байни хонандагон ва мардум соҳиби обрўю эҳтиром гардид. Дар ҷамоати "Машъал" се муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ - №74,75,50 фаъолият менамуд. Биноҳои ин мактабҳои куҳнаю фарсуда шуда, ба таъмири асосӣ ва ё бинои нави замонавӣ ниёз доштанд. Бо ташаббус ва қобилияти ташкилотчигии фавқулоддаи С.Хоҷаев ва дастгирию кўмаки мардум биноҳои муассисаҳои таълимии №74 ва №75 аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Лекин бинои муассисаи таълимии асосии №50-ро ба таври замонавӣ сохта ва ба муассисаи таълимии миёнаи умумӣ табдил додан лозим омад.
Устод ҳамчун директории муассиса бо мардуми деҳа маслиҳат намуда, илоҷи ҳалли ин мушкилотро ёфт. Бо маслиҳати ў аҳолии ҷамоати "Машъал" ба раиси Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) Шералӣ Зардов муроҷиат намуданд:
Машварат идроку хушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
Кор омад кард. Соли 2007 бо дастгирии БМИМТ ва мувофиқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати Маориф ва илми ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои Бонки Рушди Олмон (300 ҳазор доллари амрикоӣ) ва маблағи 15 фоизаи ҷамъовардаи фаъолони деҳа мактаби наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Муассиса барои 340 нафар хонанда пешбинӣ шуда, шогирдон дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Раванди таълиму тарбия акнун бо маром пеш мерафт. Лекин як мушкилоти дигар нигаронкунанда буд, нарасидани омўзгорони ихтисосманд.
Омўзгори асил С.Хоҷаев фарзандонашро, ки хонандагони синфҳои болоӣ буданд, гоҳ - гоҳе ба мактаб мебурд. Онҳо дар дохили синф нишаста, дарсҳои шавқовару пурмазмуни падарашонро бо диққати том гўш мекарданд. Дар сохтани асбобҳои аёнӣ ба вай кўмак мерасониданд. Лаҳзаҳое мешуд, ки духтари калонӣ - Дилафрўз ба ҷои падараш дарс мегузашт. Хушбахтона аз ўҳдаи ин касби пуршараф ба хубӣ мебромад. Падар дар хона машғулиятҳои гузаштаи фарзандонашро таҳлил менамуд.
Шояд бар асари меҳру муҳаббати касби падар буд, ки онҳо ин касби пуршарафро интихоб карда, ба арсаи педагогӣ қадами устувор ниҳоданд.
Оре, хушбахтона фарзандонаш Дилафрўз, Сафармоҳ, Дилором ва Наврўз, наберагонаш Таманно ва Фарида дар паҳлўи ў истода, ба фарзандони мардум аз фанҳои гуногун дарс мегўянд. Ба қавле "Асои пир ба ҷои пир" гуфта, касби пуршарафи устоди пуртаҷриба ва омўзгори асил Султонхон Хоҷаевро идома дода истодаанд.
Шогирдони муассисае, ки сарварии онро С.Хоҷаев ба уҳда дорад, бо шавқу рағбати том илму дониш омўхта, пайваста дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявию вилоятӣ фаъолона иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Омўзгор ва роҳбари кордону сахтгир бо ранҷу талошҳои зиёд муассисаи номбурдаро сохт ва онро мисли гавҳараки чашм нигоҳубин менамояд. Гирду атрофи он бо девор пурра маҳкам карда шудааст. Дарахтони мевадору сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ, ки дар ҳавлӣ ва атрофи он шинонида шудаанд, ба ҳусни муассиса ҳусни наву зебо зам намудааст.
Соли гузашта намояндагону коршиносони Бонки Рушди Олмон ба мактаб омада, аз ҳолати хеле хуби муассиса изҳори қаноатмандӣ карданд ва 100 мизу курсии нав тўҳфа намуданд.
Устод Султонхон Хоҷаев аз он ифтихорманд аст, ки аллакай садҳо нафар шогирдонаш мактабҳои олиро хатм карда, дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омўзгор фаъолият доранд. Шумораи зиёди шогирдонаш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият намуда, дар рушди бо суботи Тоҷикистони азиз саҳми хешро мегузоранд ва худро хушбахт меҳисобанд, ки дар таълиму тарбияи онҳо устод С.Хоҷаев саҳмгузор аст.
Ў барои хизматҳои шоёну арзанда дар рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бо нишони "Аълочии Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва чандин Ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Дар охир, ин мисраҳои шеъриро, ки устод воқеан ҳам арзанда аст, таманно мекунем.

Аё устод, нахли умрат бехазон бод!
Баҳори орзуят гулфишон бод!
Нагардӣ ҳеҷ гоҳ дар даҳр сархам
Сари ту ҳамрадифи Каҳкашон бод!

Аъзам БОБОЕВ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин