Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Мақому манзалати об дар "Қуръони маҷид"

Дар дини мубини ислом, хусусан дар китоби муқаддаси он "Қуръон" ва ривоёту тамсилоти исломӣ дар баробари ҳамоҳангӣ ва идомати мавзуу ҳикоёти асотирӣ ва адёни пешина, ҷанбаи пандомўзӣ ва ибратгирӣ аз ҳадиси об ва ба ин васила пайгир шудан ба шариати Худовандӣ ва эътирофи сунъи Парвардигор мавқеи бештареро ишҒол кардааст. Ин шояд аз он сабаб бошад, ки дар хеле аз оятҳои "Қуръони маҷид" махсус таъкид шудааст, ки Худованд ҳаким аст ва Китоби Ў панду андарзест барои мардуми ҷаҳон (Юнус, 104; Анкабут, 51; Сод, 1, 49, 87; Қалам, 52; Танвир, 27; Аъроф, 2 ва Ғайра). Аз ҷумла: "Чун об туҒён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем, то мояи андарзатон гардонем" (Ҳоққа, 11-12).
Дар айни замон, ҳам тарзу тариқи маърифати ашё ва ҳаводис ва ҳам равиши баёни масоил дар "Қуръони маҷид" ба он шакл аст, ки қазияҳо чи ба таври куллӣ ва чи бо зикри ҷузъиёт, руҷўъ ва талмеҳоти мушаххаси таърихиву ривоӣ, асотириву тамсилӣ ва ҳаётиву таҷрибӣ фаро гирифта шудаанд ва аз ин ҷо бозгўкунандаи моҳияти онҳо мегарданд. Дар мавриди шарҳу тавсифи мақоми об низ аз рўи ҳамин дастур кор гирифтан лозим аст.
Дар "Қуръони маҷид" низ об дар сайри офариниш мартабаи муҳим дорад, балки об аз ҷониби Худованд пештар аз ҳамаи дигар аносири олам офарида шудааст. Дар сураи "Ҳуд" таъкид шудааст: "Ўст, ки осмонҳову заминро дар шаш рўз офарид ва арши Ў бар рўи об буд" (ояти 7).
Дар кутуби таъриху тафсир ва ривоёти исломӣ, аз ҷумла дар "Таърихи Табарӣ" - и Балъамӣ дар ин мавзўъ чунин омадааст:
"Пас Худои азза ва ҷалла... олам ҳама яксар аз об офарид". Ва дигар аҷсом ва аносири сохтори олам низ вобастаи об будаанд: "Он об ба ҳайбати Худои таоло барҷўшид ва дуде аз миёни об баромад. Ва аз он дуд осмонҳо биофарид..." ("Таърихи Табарӣ", с. 30; Сураи Фусилат, 11). Аҳли тафсир ин дудро гази имрўз, ки аҳли илми муосир осмонро аз он таркибёфта медонанд, ба шумор овардаанд.
Баъд аз он ки осмон аз об офарида шуд, "оби зери осмон аз ҳафт ҷой биҷўшид ва каф баровард... ва аз он кафи дарё заминро офарид" ("Таърихи Табарӣ", с. 30). Ва аз ин ба баъд кори замин ҳамеша пайваста ба об аст. Балъамӣ навиштааст: "Пас чун заминро ба ҳафт пора кард ва ба рўи об ниҳод ва аз ҳар замине чашмаҳои об баровард,... Ва ин заминҳо бар рўи об бар пушти моҳӣ биниҳод. Ва он моҳӣ бар об андар аст. Ва он об бар санге... ("Таърихи Табарӣ", с. 31).
Дар "Таърихи Табарӣ" ҳамчунин ҳадиси ҷолибе аз номи ҳазрати Муҳаммад (с) нақл шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки офтоб "аз Машриқ то ба МаҒриб ҳаррўз барояд ва фурў шавад ба чашмае. Ва саду ҳаштод об офарид". Ва ин миқдор обро офтоб ду маротиба сайр мекунад, ки баробари сасаду шаст аст, яъне тамоми сол. Зиёда аз он, дар зери осмон дар ҳаво дарёе баста мавҷуд аст, ки аз он оби истода ҳаргиз қатрае начакад, "ва гардун миёни об андар аст". Инро сабаб чанд будааст: аввалан, агар офтобу моҳ дар чашма нишаставу боз берун нашудӣ, пас ҳарорати офтоб баландтару бештар аз сабру тоқати ашёи олам будӣ ва моҳ он чунон некрўй гаштӣ, ки ҳама халқ бар вай саҷда овардӣ. Ҳамчунин офтобро сесаду шаст фаришта, ки ҳар яке як гўшаи гардунро гирифтааст, ба миёнаи оби истодаи гардун мекашанд ва офтоб миёни об ҳаракат кунад ("Таърихи Табарӣ", с. 34-35).
Чунин ба назар мерасад, ки дар ин мавридҳо унсури об барои тавзеҳи хасоиси моддии офтобу моҳ, он ҷиҳатҳое, ки дар зоҳир намоён ҳастанду мардум сабабашро донистан мехоҳанд, масалан, берун омадану фурў рафтан, дараҷаи равшании онҳо ва ҳамчунин таъкиди чигунагии ҳаракати ин ду ҷирм истифода шудааст ва худи об низ дар ин ҷараён як унсури муҳим ва фаъол мебошад.
Аз гузориши мазбур маълум аст, ки дар дини ислом унсури об дар оҒози офариниш, сохтори олам ва ибтидои ҳаёти инсонӣ мақоми бузурге доштааст. Ҳеҷ ҷузъе аз ин ҷараёни мураккаб ва дуру дароз нест, ки баста ба об набошад ва ё аз он берун монда бошад. Дар сураи "Анбиё" (ояти 30) омадааст: "Осмону заминҳо баста буданд, Мо онҳоро кушудем ва ҳар чизи дигарро аз об падид овардем".
Аз рўи мисолҳои мазкур ва ҳам намунаҳои минбаъд ба андеша кашида мешудагӣ маълум мешавад, ки он манзалати бузурге, ки дар "Қуръон" ва ривоёти исломӣ ба об лоиқ дониста шудааст, танҳо бо китоби "Авесто" муқоисашаванда асту бас.
Дар "Қуръон" об дар шаклу намуди гуногун намудор мешавад: об, оби борон, абри боронзой, чашма, рўду рудхона, дарё ва амсоли ин. Танҳо вожаи об дар ин китоби муқаддас бештар аз 70 маротиба мавриди истифода қарор гирифтааст. Тавсифҳое чун оби раҳмат, оби равон, абри гаронбору боронзой, ҷуйҳои равон, сероб, дарёи ширину гуворо ва дарёи шўробе сахт газанда, шўру талх, оби сард, оби пурбаракат, оби ҳамвора ҷорӣ, дарёи моломол... хеле фаровон ба истифода рафтаанд. Ҳамчунин дар тавсифи "Қуръон" об неъматест, ки аз осмон омадааст, то ки ба замини мурда ҷон бахшад ва қазияи мазкур чандин маротиба ба такрор дар оятҳои гуногун омадааст. Аз ҷумла дар сураи "Наҳл" мехонем: "Ва Худо аз осмон борон фиристод ва замини мурдаро ба он зинда кард" (ояти 65; инчунин, Аъроф-57, Анкабут - 63, Зухруф-11, Қоф - 11 ва Ғ.). Дар ин таъкидот, ки оби борони аз осмон омада замини мурдаро ҷон мебахшад, бояд ишорае бошад аз об ба сифати унсури муқаддас, ки Худованд ба замин фиристода аст. Дар ин маврид, ҳамоно гузориши асотирии масъала дар бораи чанд буъдагии борон ва пайвандгари замину осмон будани он, бухусус, самар оваранда будани вай ба хотир мерасад... Умуман, дар "Қуръон" ба қувваи ҳаётбахш будани об бисёр ишора шудааст. Мисли он ки "Худо ҳар ҷунбандаеро аз об биёфарид" (Нур-25). Ҳамчунин, пас аз он ки Одам офарида шуд, наслҳои вай минбаъд аз об шакл мегиранд...
Зиёда аз он, обе ки аз осмон меояд, нишонаи раҳмати Парвардигор аст, ки сабаби расидани рўзӣ ба бандагонаш мегардад. Аммо зимни ин нукта, хосияти самарадеҳу ҳосилхез будани об сарфи назар нашуда, балки таъкид мешавад. Яъне, ба ин маънӣ низ дар "Қуръон" аз вазоифи муқаррарӣ, ҳаётӣ, хосияти илмии об гирифта то тимсоли рамзиву асотирӣ ва сифати тақаддусии он Ғунҷоиш ёфтааст. Чунончӣ, дар сураи "Бақара" мефармояд:
"...аз осмон обе фиристод ва бад-он об барои рўзии шумо аз замин ҳар гуна самаре бирўёнид" (ояти 22).
Ё ки дар ҷои дигар:
"Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем,то бад-он донаву набот рўёнем, ва бўстонҳои анбўҳ" (Набаъ, 14-16).
Ҳамин тавр, ҳамагуна сабзиш, нумўъ, рушд ва умуман зиндагии заминиён аз бисёр ҷиҳат вобаста ба обу борон дониста шудааст, балки дар миёни дигар аносири моеъ вожаҳои чандомадашон аз ҳама бештар вожаи "обу борон" ба ҳисоб меравад.
Дар оятҳои "Қуръон" зарурати об дар зиндагии ҳаррўза махсусан таъкид мешавад, Китоби Илоҳӣ ба такрор зарурати обро ба сифати неъмати бебаҳои нўшиданӣ, воситаи таҳорату пок кардани ҷисми инсон (Моида-6, Анфол-11) ёдрас мешавад, обро чун подоши амали бандагонаш, ба сифати неъмати пурбаҳотарин тўҳфа менамояд. Об аввалин ва беҳтарин подоше буд, ки баъди сабру таҳаммул ва азхудгузаштагӣ ба ҳазрати Айюб насиб гардид, обе хунук ва дармонбахш, ки ўро сероб сохт ва маразҳояшро барҳам зад. Ҳатто дар ҷаннату дузах низ подоши некиву гуноҳҳо об аст. Оби поку равон ва рўдҳои моеъ - шаробу асалу шир бехтарин неъмати ҷаннатанд, вале бар ивази гунаҳҳо - обҳои гарму ҷўшону нопок ва кароҳатангез. Баробари ҷанбаи мазҳабӣ доштан, ин тарзи такдир кардану ҷазо додани инсон бесабаб вобастаи об дониста нашудааст, зеро ки тибқи одати маъмул низ, дар зиндагии инсон ва талаботи физиологии вай об унсури аз ҳама асоситарин ба шумор омадааст.
Худованд дар мавридҳои буҳрони маънавию ахлоқӣ дар ин ҷаҳон низ бандагонашро тавассути об ҷазо додааст ва одамонро ба ҳамин васила дар риояи ҳадд дар аъмолашон дар зиндагии ҳаррўза огоҳ менамояд:
"...тўфон (ишора ба тўфони Нуҳ аст - А. Н.) нишонаи ибрате ба ҷаҳониён гардид" (Анкабут - 15).
Дар "Қуръони маҷид" чанд маротиба ёдрас омадааст, ки обро аз осмон ба андозаи ниёз фиристодем (Мўъминун - 18), то ба ҳар рўдхона ба андозаи хеш ҷорӣ шавад (Раъд - 17), ба ҳар қавм (масалан, бани-Исроил) обишхўреро муайян намудем (Бақара - 60) ва дар истифодаи он тартибу низомро тақозо мекунем (Қамар - 28) ва, билохира, Худованд даъват менамояд, ки обро ба эътидол истифода намоем: "...бихўреду биёшомед, вале исроф макунед" (Аъроф - 31).
Дар тамоми ин таъкидот мақсади пандомўзе нуҳуфтааст, ки об фиристода аз Худост барои бандагонаш, то ки сероб шаванд, барои худ рўзӣ бирўёнанд, худро пок созанд ва дар ин амалҳо андоза, адлу инсофро нигоҳ доранд ва ба қадри чунин неъмати муқаддас ва зиндагибахш расида бошанд, вагарна дар назди Парвардигор гуноҳ содир кардаанд.
Дар охир як нуктаи бисёр муҳимро месазад ёдрас шуд, ки об дар "Қуръон" ҳамтавсифи Китоби муқаддаси Худованд аст. Мо болотар дар мавриди "Забур"-и Довуд қайд кардем, ки вай китоби муқаддас ва шариати Худовандиро мисли ҷўйборе ва инсони солеҳро ба сони дарахте сабзида дар бари ў ва аз ин ҷо ҳамеша борвару болида тавсиф карда буд. Аммо дар "Қуръон" ҳам оби аз осмон фиристодашуда ва "Қуръон"- и аз ҷониба Худованд аз осмон нозилгардида бо як тавсиф - "муборак" омадаанд, яъне: "Ин муборак Куръонест, ки нозил кардем" (Анбиё - 50) ва "...аз аз осмон обе пурбаракат фиристодем" (Қоф - 9). Носири Хусрав дар "Ҷомеъ-ул-ҳикматайн" ба ин умумияти тавсиф ишора кардааст: "Ва далел бар он ки "Қуръон"-и карим ба манзалати оби борон аст, қавли Худой аст, ки мар боронро "оби мунзили муборак" гуфтааст..." (Носири Хусрав,Куллиёт, с. 182).
Ва ин мисол беҳтарин намунаи бозгўкунанда аз манзалати баланди об дар китоби муқаддаси мусулмонон ва тамсилоту ривоёти исломӣ шуда метавонад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин