Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

Маълумоти муҳим дар бораи топинамбур

Маълумоти муҳим дар бораи топинамбур
Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қ. Партоев, Ш.М Ясинов, Н.Х. Сайдалиев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби навро дар мавзӯи «Аҳамияти топинамбур дар таъмини озуқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расонидаанд.

Муаллифони китоб оид ба растании нодиру серҳосил, ки нақши он дар таъмини озуқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар оянда ниҳоят калон аст - топинамбур (ноки заминӣ - Helianthus tuberosus l.) маълумоти заруриро ба хонандагон пешкаш менамоянд. Дар китоб роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланд, коркард ва истифодаи маҳсулот аз топинамбур, ҳамчун маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, хӯроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро ба деҳқонон ва дӯстдорони ин растании фоиданок пешкаш шудааст.

Махсусан, натиҷаҳои илмие, ки бо роҳи гузаронидани кишти омехтаи топинамбур, ҷуворимакка ва офтобпараст, ки боиси то ба 270 т/га расидани ҳосили баргу пояи сабзи зироатҳо, зиёд гаштани маҳсулнокии шири чорвои ширдеҳ аз истифодаи чунин хӯрока ва серҳосил будани навъи нави топинамбур - “Сарват”, инчунин дар кишварамон ҷамъоварӣ намудани бештар аз 20 навъи серҳосили топинамбур ва дигар натиҷаҳои илмие, ки дар китоб дарҷ гаштанд, барои кишоварзон хело муҳим хоҳанд буд.

Маъруфи БОБОРАҶАБ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин