Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

Ваҳдати миллӣ ҳамрадифи истиқлолияти давлатист

Ваҳдати миллӣ ҳамрадифи истиқлолияти давлатист
- Ҷашни Ваҳдати Миллӣ бо Эъломияи Истиқлолияти кишвар дар як радиф қарор дорад ва муҳимияти он аз ба даст овардан ва дубора эҳё гаштани давлатдории миллӣ кам нест, - гуфта шуд, дар конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Омилҳои асосии таҳкими ваҳдати миллӣ дар шароити муосир-вазъ ва дурнамо», ки 14 июни соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, иштирокдорони раванди музокироти сулҳи тоҷикон, олимон, коршиносон, васоити ахбори омма ва намояндагони сафоратҳои муқими пойтахт ширкат варзиданд.

Гуфта шуд, ки тӯли инак 25 соли истиқлолияти давлатӣ ва 19 солгарди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва фанӣ даст пайдо кардааст, ки бунёди тамоми ин комёбиҳо суботи кишвар ва сиёсати дурандешонаву дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пайи омӯзиши амиқ қарор гирифтааст. Тайи 19 соле, ки мамлакат дар суботу оромӣ ба сар мебарад, дар Тоҷикистон ҷомеаи комилан нав рӯйи кор омад ва пешрафти соҳаҳои гуногун вусъати тоза касб кардааст. Умуман, нақш ва таъсири Ваҳдати Миллӣ барои тоҷикону тоҷикистониён беандоза бузург аст, ки давлатдории миллии моро ба сатҳи сифатан нави рушд баровард.

Конфронс иборат дар се бахш: Масъалаҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир, омилҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир ва Дурнамои таҳким ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ дар замони муосир тақсимбандӣ шуд. Кароматулло Олимзода, ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-таҷрибаи нодири ҷаҳонии тоҷикон», профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯи «Роҳҳои тақвияти ваҳдати миллӣ дар замони муосир», Муҳаммадӣ Сафолзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рӯзи Ваҳдати миллӣ-асоси ояндаи суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Лутфулло Саидов, Директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Зерсохтори иқтисодии таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он» ва дигарон баромад намуданд. Ҳамчунин доир ба мавзӯъ Худойбердӣ Холиқназар, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ғайбулло Афзалов, Раиси Шӯрои Кӯҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва дигарон баромад карданд.
Азамат Дӯстов
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин