Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Дар шаҳри Ваҳдат 105 нафар корманди тиббӣ соҳиби дипломҳои «табиби оилавӣ» ва ҳамшираи оилавӣ» гаштаанд

Дар шаҳри Ваҳдат 105 нафар корманди тиббӣ соҳиби дипломҳои «табиби оилавӣ» ва ҳамшираи оилавӣ» гаштаанд
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат 6 маркази саломатии деҳот ва 14 бунгоҳи саломатӣ сохта ва навсозӣ гардида, бо дастгоҳҳои замонавӣ, маводи зарурии тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд. Мутахассисони соҳа баҳри расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ фаъолияти босамар доранд.

Инчунин дар заминаи Маркази саломатии шаҳр соли 2010 шуъбаи таълимии клиникии тибби оилавӣ дар назди Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ таъсис дода шуд, ки то ин давра 105 нафар кормандони соҳа омӯзонида шуда, соҳиби дипломҳои «табиби оилавӣ» ва «ҳамшираи оилавӣ» гаштанд.

Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ 55 ҳуҷраи табибони оилавӣ пурра бо таҷҳизоти замонавӣ ва борхалтаҳои табиби оилавӣ ҷиҳозонида шуданд. Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати тандурустӣ «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» ва шарикони рушд барои ба кор шурӯъ кардани шуъбаи таълимӣ дар шаҳри Ваҳдат бо мизу курсиҳои нишаст, катҳо, тахтаи синфӣ, ҷевон, китобҳо, компютерҳо, принтер, ноутбук, проэктор ва 59 нафар табибе, ки тӯли солҳои 2011-2015 бозомўзиро дар «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и шаҳри Ваҳдат гузаштаанд, бо борхалтаҳои табиби оилавӣ таъмин карда шуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин