Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:41 – Ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид 
  • 09:46 – ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 

ЗИНДАГӢ БЕ ОРЗУ ШИРИН НАБУД…

ЗИНДАГӢ БЕ ОРЗУ ШИРИН НАБУД…

Орзуҳо ҳар гуна мешаванд. Ва дар ҳар синну сол тағир меёбанд. Новобаста ба гардиши чаҳор фасли сол ва тағирёбии обу ҳаво, ранги табиат ва хислату мафкураи одамон ашхоси хушгумон аз ҷодаи орзую армонҳои накў сар наметобанд. Хуршед дар оғўши деҳаи зебоманзару хушобуҳавои Ҳушёрӣ ба дунё омаду то имрўз дар он ҷо умр ба сар мебарад.

Айёми кўдакӣ ва даврони мактабхонияш бинобар сабаби зард будани мўи сараш ҳама ўро дўстдорона Зардакшо мегуфтанд. Чун замони таҳсил дар мактаб фаро расид боре омўзгори мактаб, роҳбари синфашон шодравон Иброҳим Гулов ба вай суол дод, ки Зардакшоҳ, дар оянда ту кадом касбро пеша кардани ҳасти?
Бе дудилагиву таҳаммул гуфт:
- Ман духтур мешавам.
- Офарин, писарам пас ту бояд бештар хонию бештар донӣ, зеро касби табибӣ аз кас заҳмат, талош, кўшиш ва донишу таҷрибаи зиёдро талаб мекунад.Илова бар ин хоксорию хушмуомилагӣ ва каломи гуворою хушгумонӣ хоси хислати табибон буда, ин сифатҳои хуби инсониро омўхта, аз худ дур насоз.
Солҳо сипари гардидаю тағйиротҳо дар ҳаёти одамон ва ҷомеъа ба вуқўъ мепайвастанд. Соли 1984 дар қатори дигар мактаббачагон Хуршед низ мактаби миёнаи №79-и собиқ ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе воқеъ дар деҳаи Ҳушёрӣ ҳоло ноҳияи Варзоб Ҷамоати деҳоти Вароб-Қалъаро хатм кард. Баҳри амалӣ гардидани орзуи деринааш, ҳуҷҷат-ҳояшро ба омўзишгоҳи тиббии (ҳоло Коллеҷи тиббӣ)-и шаҳри Душанбе супорид. Баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ муддати 3 сол бо баҳои хубу аъло ва ахлоқу рафтори хуб таҳсилро идома дода, бо гирифтани диплом барои кор ба беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб роҳхат гирифт.
Акнун давраи дуюми донишу таҷрибаомўзӣ оғоз шуд. Дар баробари корҳои амалӣ ва таҷрибаомўзиҳои ҳаррўза баъд аз анҷоми рўзи корӣ ба мутолиаи адабиёти зарурӣ машғул мегардид. То фарорасии айёми ҳуҷҷатсупорӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино тайёрии хуб дида, барои донишҷўи ин даргоҳи муқаддас шудан камари ҳиммат баст. Вале афсўс. Натиҷаи амали қонунҳои нонавиштаи зиндагӣ буд, ки дар соли аввал донишҷў шудан барояш муяссар нагардид. Дар он солҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи мамлакат бе додани пора дохил шудан ғайриимкон буд. Решаҳои тақаллуб ва макру фасод то андозае рушд карда буд, ки дараҷаи донишу маҳорат ва таҷрибаю чашми кордонии дохилшавандагонро нодида мегирифтанд. Хуршед ба ясъу ноумедӣ тан надода, корро бе ягон хастагию дудилагӣ давом медоду ҳамчунин, аз омўзиши донишу таҷрибаҳои иловагӣ даст намекашид. Солҳо пайи ҳам дар гузар буданд. Пастию баландӣ, гармию сардӣ ва барору нобарориҳои ҳаррўзаи зиндагӣ ҳамқадами ҳаёти ҳаррўзаи ҷомеа буд. Нокомиҳои пайвастаи ҷараёни зиндагӣ бисёре аз одамонро хастаю дилсард намуда, аз орзую армонҳои пешакардаашон даст кашида самти роҳи тақдиру қисмати худро тағйир дода, ба сони баргҳои хушку ҳазон гардидаи дарахтон, ки боди сарди тирамоҳон ба хар тараф парешонашон мекунад, пош мехурданд. Вале Хуршеди некпиндору нексиришт ва накугуфтору дурандеш дар маснади андеша ва нияти худ устувор буд. Панду андарзи волидайн, дарсу ҳикматхои омузондаи устодони мактаб ва насиҳату роҳнамоиҳои дустону хешу таборонашро фаромуш накарда, амал менамуд. Мутолиаи мустақилонаи китобу маҷаллаҳо, рўзномаю маколаҳо ва адабиёти вобаста ба таъриҳи бемориҳоро омўхта, тачриба ва малакаи табибии худро сайкал медод. Тўли 12 сол лашкари ноумедию парешонсозандаи ақлу хирад, азму ирода ва кўшишу ғайрат бо нияту армонҳои Хуршед Гулов дар набард буд.
Муборизаи беш аз 12 солаи ин ҷавони қавиирода дар соли 1999, дар охири қарни ХХ - соли фаромўшнашаванда барои миллату давлати тозаистиқлоли мо, соли ҷашни 1100 солагии таъсисёбии давлати Сомониён бо сарварии Исмоили Сомонӣ бо ғалаба анчом ёфт. Дар ин соли пурфайзу бобаракат ва таърихию фаромўшнашаванда ў донишҷўи соли аввали ДДТТ ба номи А. Сино гардид. Баъди хатми бомуваффақияти донишгоҳи мазкур то ҳол дар беморҳонаи марказии ноҳияи Варзоб ба ҳайси табиби оилави фаъолият менамояд. Дар идомаи фаъолияти кори худ Хуршед Мардонович ҳамеша бо муомилаи хушу гуворо сазовори эҳтироми ҳамкорону маъмурияти беморхона гардида, бо сифати хуби кору муносибати ҳалимонааш сазовори эҳтироми умум гардидааст. Номбурда дар риштаи оиладорӣ низ ҳамчун сарвари ғамхори оила ба таълиму тарбия ва ахлоқу одоби фарзандонаш аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамин хислати наҷиби Хуршед Гулов барои ҷавонони имрўзаи мо дарси ибрат аст, ки дар роҳи ба мақсади худ расидан барои халқу Ватани худ хизмат намуданро пеша намуда, ба сели васвасаю тарғиботҳои ғаразнок ҳамроҳ нашуданро вазифа ва шиори аввалиндараҷаи худ қарор диҳанд.
Имомалӣ ТАБАРӢ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин