Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

Суғд: Машварати корӣ оид ба решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф

Дирӯз дар Раёсати маорифи вилояти Суғд бо иштироки намояндагони прокуратураи вилоят, кормандони масъули дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ машварати корӣ доир гардид.

Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз маркази иттилоотии раёсати маорифи вилоят хабар доданд, дар машварат панҷ масъала, аз ҷумла натиҷаи баррасии пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи маориф, сифати таълиму тарбия ва хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамъоварӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, таҳлили вазъи пешниҳоди маълумоту ҳисобот аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардиданд.

Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилоят вобаста ба баррасии пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда тадбирҳои интизомии нисбат ба нафарони дар фаъолияташон ба қонуншиканию амалҳои коррупсионӣ роҳдода андешидашударо нокифоя арзёбӣ кард.

©khovar.tj
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин